Фахриддин Давлатов: “Ҳунари падар роҳнамои ман аст”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 821
Шиносоӣ: Фахриддин Давлатов 17-уми январи соли 1988 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Зода ва истиқоматкундаи деҳаи “Роҳи сотсиализм”-и Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳия буда, пасон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Осимӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардааст. Аз 20 июни соли 2017 дар вазифаи мудири Бахши фарҳанги ноҳия фаъолият дорад. Ғолиби ҷойи якум аз рӯйи номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ) жанри эстрада дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар соли 2021 мебошад.
Ба ин муносибат суҳбате доштем бо Фахриддин Давлатов ва фишурдаи онро пешниҳоди хонанда мегардонем.
- Пеш аз ҳама мегуфтед, ки кӣ бароятон роҳкушо ба шоҳроҳи санъат гашт?
- Ман худро хушбахттарин фард меҳисобам, ки дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадаам. Аз хурдӣ дар қалбам меҳри санъат пайдо шуд. Албатта, ҳунари асили падарам (рӯҳаш шод бод) маро роҳнамост. Баъдан нозукиҳои санъатро аз устодон Ғайбулло Мерганов, Ғаюби Амон, Шокир Зокиров ва Маҳмадшариф Ҳалимов омӯхтам.
- Ба назари Шумо суруд ва оҳанг бояд чӣ гуна бошад?
- Барои он ки суруд ё оҳанге тавлид шавад, аввал бояд ба матн эътибори ҷиддӣ диҳед. Ҳар як матне, ки мо дастрас мекунем, оҳанги худро дорад ва онро бояд ёфт. Муҳим он аст, ки суруд ва оҳанг дар сатҳи баланду касбӣ бошад.
- Суруди аввалинатон чӣ ном дошт?
- Шеър «Сипари Ватан» ном дошта, ба қалами шоир Низом Қосим тааллуқ дорад. Бо андак танзиму бе ягон дигаргунӣ ба суруди «Сипари Ватан» оҳанг дароварда, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун сароидам. Он мухлисони зиёд пайдо кард.
-«Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем!», ки яке аз сурудҳои дилписанд аст, чӣ гуна тавлид шуд?
- Дар қисми низомии 051- 054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамудам. Муовини бахши сиёсӣ ҳунари сарояндагии маро дида, ба ман гуфт: “Давлатов, барои иштирок кардан дар озмуни “Суруди сарбоз” омодагӣ бинед”. Дар Гвардияи миллӣ як китобчаи кисагӣ барои сарбозон омода шуда буд, ки дар он шеърҳои зиёд дар васфи Ватан, сулҳ, дӯстӣ гирд оварда шуда буд. Аз ҳамон китобча шеъри Мирзо Файзалиро интихоб намуда, онро ба оҳанг даровардам. Онро ҳамроҳи ҳамхизматон дар озмун сароидем.
- Дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ширкат варзида, ғолиб омадед. Инро шарҳ медодед.
- Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфтааст. Як рӯз дӯст ва бародари мо Отахон Саидзода, директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ин бора маслиҳат кардем. Гуфт, ки як матни хуб аз эҷоди Офоқ Ҷумъахонзода ҳаст, агар писанд шавад, метавонӣ ба он оҳанг бандӣ. Ба матн шинос шудам, маъқул афтод. Илҳоми эҷодӣ ҳамин гуна аст, ки нохост меояд. Ин дафъа ҳам оғози оҳанги матн ба зудӣ пайдо шуд. Вале қариб як сол барои озмун тайёрӣ дидем. Ҳамин тавр, бо омодагии комил онро ба озмун пешниҳод намудам. Боиси қайд аст, ки дар ин ғолибият нақши оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хорсароёни Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зиёд аст. Миннатдорам, ки ин ҳунармандони асил оҳанги эҷодкардаи маро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. -
Соли 2022-ро бо чӣ ниятҳо оғоз намудед?
- Аз ибтидои сол шогирдамон Исроил Исмоиловро барои ширкат дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” омода кардем. Хушбахтона, Исроил Исмоилов дар даври вилоятии озмун бо оҳанги эҷодкардаи худ ғолиби ҷойи аввал гардид.
Суҳбаторо Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”