Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ МАҶЛИСГОҲИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ МАҶЛИСГОҲИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ




Имрӯз, 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб аз маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки баъди анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ омода гардидааст, боздид намуд.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки дар маҷлисгоҳ корҳои таъмирӣ бо риояи стандартҳои муосир иҷро шуда, шароити зарурӣ барои баргузории чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ ва минтақавӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъмиру азнавсозии бинои маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳ монитори замонавӣ насб карда шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Раиси вилоят ба корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки барои истифодаи самараноки ин иншооти муҳим ва ташкили чорабиниҳои бошукӯҳ тамоми шароитро таъмин намоянд.

Дар идома Давлаталӣ Саид бо аҳли зиё, кормандони сохторҳои давлатӣ ва фаъолони шаҳр мулоқоти самимӣ орост. Раиси вилоят изҳор дошт, ки таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят ва махсусан шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи баланд идома доранд ва ҳар як чунин иқдом дар рушду пешрафти инфрасохтор ва ҳаёти иҷтимоии сокинон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамзамон аз ҷониби чанд нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, барои ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ҷиҳати беҳтарсозии шароити иҷтимоӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои нав изҳори сипос намуданд.

Алишери Абдулмаҷид,
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода