Ниҳоде, ки илми тоҷикро муаррифӣ менамояд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 3
![]()
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меваи даврони Истиқлол буда, 12 августи соли 2014 бевосита бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.
То ин дам олимони тоҷик барои ҳимоя ва тасдиқи корҳои илмии хеш ба дигар давлатҳо рафта, бо забони ғайридавлатӣ ҳимоя мекарданд. Албатта, ин ба илми тоҷик, бахусус, забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонд. Баъд аз таъсиси Комиссия забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм эътироф гардид ва олимону пажӯҳишгарон илми тоҷикро ба қуллаҳои баланд мерасонанд. Имрӯз Комиссия ҳамчун ниҳоди марказии давлатӣ, ки ба танзим ва назорати низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул аст, дар рушди илм ва таъмини сатҳи баланди таҳқиқотҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассиру бориз дорад.
Муассиса дар доираи имкон то ба имрӯз корҳои муайянро дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ба роҳ монда, айни замон аз рӯйи зиёда аз 210 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм диссертатсияҳо қабул ва баррасӣ менамояд. Агар дар солҳои аввали фаъолияти Комиссия ҳамагӣ 11 шурои диссертатсионӣ амал мекарду дар давоми сол то 50 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо ворид мегардид, ҳоло бошад, шумораи шуроҳои диссертатсионӣ ба 84 адад расида, дар давоми сол беш аз 600 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия барои баррасӣ ба Комиссия ворид мегарданд.
Комиссияи олии аттестатсионӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи илм, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия, Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ, Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид.
Бо мақсади мутобиқ гардонидани шакл ва мазмуни диплому шаҳодатномаҳо ба талаботи муосир, беҳтар кардани низоми ҳимоявии онҳо ва ворид намудани рамзи QR дар онҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2025, №263 ва аз 1 майи соли 2025, №264 қабул гардиданд. Додани намунаҳои нави дипломҳо ва шаҳодатномаҳо ба довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ аз моҳи июни соли 2025 оғоз гардид.
Инчунин, бо ворид намудани тағйирот ба фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои кории дастгоҳи Комиссия 20 адад зиёд гардида, теъдоди умумӣ ба 50 воҳиди корӣ расид.
Кормандони комиссия ба гурӯҳи корие, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм созмон дода шудааст, ворид гардида, якҷо бо вазорату идораҳо дар таҳияи лоиҳаи нави Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» саҳми худро гузоштанд.
Дар ин давра вобаста ба тағйири сохтори муассиса ва таъсиси шуъбаю бахшҳои нав як қатор санадҳои ҳуқуқии дохилӣ, аз ҷумла Низомномаи шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ, Низомномаи шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ, Низомномаи шуъбаи коргузорӣ ва назорат, Низомномаи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Низомномаи шуъбаи молия ва муҳосибот ва Низомнома дар бораи шаҳодатномаи корманди Комиссия таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Қобили қайд аст, ки дар ин давра фаъолияти шуроҳои экспертӣ беҳтар гардида, ба ҳайати шуроҳои самти илмҳои тиб, тандурустӣ ва фарматсевтӣ, химия, технологияи химиявӣ ва металлургия, заминшиносӣ, фалсафа, сотсиология ва сиёсатшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ, тарҷумонӣ, иқтисодиёт ва соҳибкорӣ олимону коршиносони варзида ва ши-нохтаи кишвар ворид карда шуданд.
Айни замон дар назди Комиссия 13 шурои экспертӣ, аз ҷумла дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ-4, дар самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ-3, дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-3 ва дар самти илмҳои гуманитарӣ-3 шуро фаъолият менамояд.
Айни замон, дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар84 шурои диссертатсионӣ фаъолият дорад, ки аз он ба шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ 23, ба шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ 23, ба шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ20 ва ба шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ 18 шуро рост меояд. Дар шуроҳои диссертатсионии амалкунанда аз рӯйи 210 ихтисоси анъанавӣ ва 210 ихтисоси доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторони илм баррасӣ карда мешаванд.
Комиссия тибқи дастури Пешвои муаззами миллат ва супоришҳои дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баёндошта ҷиҳати таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ҷалби олимони хориҷӣ ба ҳайси муқарризони расмӣ ва эксперти холис ҷиҳати баҳодиҳӣ ба диссертатсия ва нашри мутақобилаи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамтро бо Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳои корӣ ба роҳ мондааст.
Дар ин давра бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №503 оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҷиҳати пешгирии такроршавии мавзуъҳо махзани ягонаи Комиссия таъсис дода шуд, ки айни замон дар он 3447 мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанӣ ворид гардида, аз онҳо607 диссертатсияро самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ, 569 диссертатсияро самти тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, 1010 диссертатсияро самти илмҳои гуманитарӣ, 1261 диссертатсияро самти илмҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд.
Инчунин, дар ин давра Китобхонаи электронии Комиссия таъсис дода шуд, ки дар махзани он зиёда аз 3000 диссертатсия ва автореферат нигоҳ дошта мешавад. Мақсади асосии ташкили китобхонаи электронӣ аз он иборат аст, ки барои нигоҳдорӣ, дастрасӣ ва истифодаи самараноки захираҳои илмӣ, хусусан диссертатсияҳо ва авторефератҳо, як низоми муназзами рақамӣ таъсис дода шавад. Китобхонаи мазкур аз моҳи августи соли2025 мавриди истифода қарор дода шуд, ки муҳаққиқону корбарон метавонанд, аз он озодона истифода намоянд.
Ҳамзамон, Комиссия дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои илмии вазорату идораҳо таҳияи феҳристи мавзуъҳои таҳқиқотии самту равияҳои авлавиятдошта ва ба иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидаткунандаро ба нақша гирифтааст, ки ин ба пешгирии такроршавии мавзуъҳои таҳқиқотӣ мусоидат карда, амалишавии натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар истеҳсолотро таъмин менамояд.
Ҷиҳати пешгирии ҳимояи диссертатсияҳо тибқи сенарияи пешакӣ ва сохтакориҳо дар раванди ҳимоя аз ҷониби масъулини комиссия бо истифода аз воситаҳои техникии муосир назорати маҷозии ҷараёни ҳимояи диссертатсияҳо ба роҳ монда шудааст, ки то имрӯз тамоми шуроҳои диссертатсионӣ ҳимояи худро тариқи маҷозӣ баргузор менамоянд. Комиссия ҷиҳати ташкили ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар соли равон аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба комиссия ҷиҳати ташкили ҳимояи якдафъаина35 дархост ворид шудааст, ки 33-тои он тасдиқ ва 2-тои он ба коркарди иловагӣ баргардонида шуд. Аз онҳо 14 (4) дархост ба самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ, 6-то(3) ба самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ ва 15-то ба самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рост меояд.
Вобаста ба пешгирӣ намудани радшавии диссертатсияҳо дар комиссия санҷиши асола-ти матни диссертатсия ва автореферат пеш аз ҳимоя тариқи маҷозӣ ва ташхиси техникаи мукам-мали автореферат ва диссертатсияҳо, инчунин, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии онҳо, ки бозхонд ва радша-вии дархостро коҳиш додааст, ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2025 ҳамагӣ 3375 диссертатсия ва автореферат дар барномаи компютерии«Антиплагиат» пеш аз ҳимоя тариқи маҷозӣ санҷида шудаанд, ки ба 540 (16%) онҳо бо сабаби аз меъёр паст будани асолат тавсияҳои методӣ дода шуд.
Имрӯз бо дарназардошти 535 ихтисоси илмии Таснифоти самт ва ихтисосҳои доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 564 ихтисоси илмии Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(дар маҷмуъ, 1099 ихтисоси илмӣ) барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи тақрибан 377 (66,8%) ихтисос ва барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи тақрибан 350 ихтисос бо назардошти ҳимояҳои якдафъаина кормандони илмӣ омода карда шудаанд.
Бояд иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ тахминан 6630 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ синну соли миёнаи доктори илм ба 64, номзади илм ба50 ва доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос 31 рост меояд. Аз 6404 корманди илмӣ 15,2%-ро доктори илм, 81,2%-ро номзади илм ва 3,6%-ро докторPhD ташкил менамояд. Дар давраи фаъолияти Комиссия шумораи кормандони илмӣ нисбат ба соли 2017 бамаротиб афзуда, алҳол ба сари 1000 нафар аҳолӣ 0,65 корманди илмӣ рост меояд.
Айни ҳол барои муайян намудани омори дақиқи неруи илмии кишвар экспертони холис, таъйини муқарризони расмӣ ба диссертатсияҳо, раддабандии фаъолияти олимон, пайвастанамоии махзан ба шохиси иқтибосоварии илмӣ махзани маълумоти кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ дар ҷумҳурӣ таҳия шуда истодааст.
Дар ин давра 82 шиносномаи ихтисосҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ва 82 шиносномаи ихтисосҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм таҳия ва тасдиқ гардиданд. Таҳияи дигар шиносномаи ихтисосҳо низ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба роҳ монда шудааст.
Қобили қайд аст, ки вобаста ба ҳимояи диссертатсияҳо тариқи маҷозӣ тадбирҳо андешида шуда, имрӯз дар тамоми шуроҳои диссертатсионии амалкунанда баргузории маҷозии ҳимояи диссертатсияҳо ба роҳ монда шудааст. Ин имкон дод, ки амалҳои нодуруст ва таъсиррасон минбаъд пешгирӣ карда шаванд. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, комиссия баргузор кардани силсилаи ҷаласаҳои кориро бо масъулини соҳаи илми муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ, шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони шуроҳои олимони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ анҷом дод.
Дар ин робита, дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии дар шаҳри Душанбе қарордошта семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси комиссия ва мудирони шуъбаҳои аттестатсионӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамин гуна чорабинӣ дар Донишгоҳи давла-тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо раисон, котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар масъулини соҳаи илм баргузор гардид, ки дар кори он саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаҳои аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикию техникӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин дигар кормандони масъули муассиса иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур вобаста ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа изҳори андеша баён гардида, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо, интихоби дурусти мавзуъҳо ва мубрам будани мавзуъҳои баррасишаванда, мавҷуд будани арзиши илмӣ, интихоби дурусти муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тибқи талабот мувофиқ гардонидани интишороти илмии онҳо, татбиқи корҳои илмӣ дар истеҳсолот, фаъолияти заифи аъзои шуроҳои диссертатсионӣ, ташкили ғайрисамараноки ҳимояҳо тариқи маҷозӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманду забондон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тавсияҳои судманд ироа гардид.
Тибқи маълумотҳо, айни ҳол дар муассисаҳо шумораи зиёди мутахассисоне фаъолият доранд, ки дипломи дараҷаҳои илмӣ ва шаҳодатномаи унвонҳои илмиро дар давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда, бе гузаштани расмиёти муқарраршудаи баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд ва аз имтиёзҳои давлат барои олимони дараҷа ва унвони илмидор муқарраргардида истифода менамоянд. Ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддии масъулинро тақозо мекунад. Ҳамчунин, дар ин раванд мушкилоти такроршавии мавзуъҳо, аслияти аз меъёр паст ва арзиши ночизи диссертатсияҳои дар давлатҳои хориҷӣ ҳимояшуда ба назар мерасад. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳия ва мониторинги маҷаллаҳо(нашрияҳо)-и илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин ҷода низ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Бо мақсади санҷиши мутобиқати маҷаллаҳои илмӣ ба талаботи Қоидаҳои таҳияи Феҳристи маҷаллаҳо(нашрияҳо)-и илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам аз ҷониби шуъбаҳои аттестатсионӣ дар якҷоягӣ бо шуроҳои экспертӣ мониторинги муҳтавои маҷаллаҳои илмӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати муайянсозии рейтинги маҷаллаҳои илмӣ таҳияи барномаи компютерӣ корбарӣ шуда истодааст. Комиссия бо мақсади ба талаботи муқарраршуда мутобиқ сохтан раванди азнавбақайдгириро роҳандозӣ карда, ҳамаи маҷаллаҳои дар Феҳрист қарордоштаро бознигарӣ намуданд.
Айни ҳол 65 маҷаллаи илмӣ аз 44 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 4 муас-сисаи илмии хориҷӣ ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти худро ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар ва муассиртар гардидани натиҷаи фаъолияти худ азму талош дорад, то дар рушди минбаъдаи низоми илми миллӣ саҳми назаррас гузорад.
Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...