Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Соли созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар


Соли созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар


Басо фараҳбахш аст, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли таърихии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардида, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт таъмин карда шуд.

Сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои сокинони сарбаланди вилоят рӯҳиясоз буда, боиси вусъати чашмраси корҳои ободониву созандагӣ, меҳнати зарбдор ва дастаҷамъонаи аҳли заҳмат гардид. Сокинони вилоят аз Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳо, татбиқи самарабахши барномаҳои давлатӣ ва дастгирии иҷтимоӣ шукргузоранд.

Новобаста аз буҳрони молиявӣ, паҳн гардидани бемории COVID-19 дар аксар давлатҳои ҷаҳон, нақша, дурнамо ва барномаҳои дар асоси 4 ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияю тасдиқшуда соли 2021 дар вилояти Хатлон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст шуда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоятпешравиҳои муайян таъмин гардиданд.

Дар ин давра мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва заҳматкашони вилоят оид ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида сидқан меҳнат намуда, дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

ИҚТИСОД

Аз ҷумла, дар соҳаи иқтисодиёти вилоят нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, афзоиши рушди воқеии иқтисодиёт ба 109,1 фоиз баробар шуда, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 27 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс бо соли 2020ум 4,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳо ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас буда, 27,3 фоизи ҳаҷми маҷмӯи дохила, 26,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, аз ҷумла, 65,1 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезӣ, 48,7 фоизи мева, 40,5 фоизи ангур, 69,4 фоизи пахта, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир, 41,3 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майда, 24 фоизи ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, 20,6 фоизи гардиши моли чакана, 14,6 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 32 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 15,8 фоизи мусофиркашониро ташкил медиҳад.

Бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо амалӣ карда шуда, нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет наздики 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 109,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят 23-тои онҳо дар иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, нақшаи қисми даромади буҷетро саривақт таъмин намуданд.

Дар вилоят бақияпулиҳои андоз ба 1 декабри соли 2021-ум 178,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали соли 2021-ум 11,9 миллион сомонӣ кам шудааст. Дар ин давра, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2,2 миллиард сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуда, аз ин 1,9 миллиард сомонӣ ё 87,5 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рост меояд. Дар баробари ин, қисми хароҷоти буҷет на дар ҳамаи соҳаҳо ба пуррагӣ иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷет дар шаҳри Норак 93 фоиз, ноҳияҳои А.Ҷомӣ 94 фоиз, Данғара 94 фоиз, Панҷ 96 фоиз, Балҷувон 96 фоиз, Вахш, Хуросон, Қубодиён ва Шаҳритус 97 фоизро ташкил додааст.

Дар самти ҳифзи иҷтимоии сокинон, дар вилоят шумораи нафақагирон 264,7 ҳазор нафар, аз ҷумла, нафақагирони маъюб 56,3 ҳазор нафар, маъюби то 18-сола 12,4 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақапулии онҳо мутаносибан 314,8, 322,5 ва 306,4 сомониро ташкил дод. 

Ба суратҳисоби Фонди суғуртаи иҷтимоӣ барои пардохти маблағи нафақапулиҳо зиёда аз 1 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ба 100 фоизи талабот баробар мебошад.

Вобаста ба омода намудани лоиҳаҳои асоснок ва воқеии сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ соли гузашта 42 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 20 лоиҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва 16 лоиҳа ба КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, 3 лоиҳа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 лоиҳа ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид.

Бо мақсади бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар вилоят се Минтақаи озоди иқтисодӣ - «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» фаъолият доранд. Айни замон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» 43 субъекти саноатӣ фаъолият дошта, дар соли 2021 ба маблағи 78,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Теъдоди кормандони дар минтақаҳо фаъолиятдошта 461 нафарро ташкил медиҳанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 25 декабри соли 2020, №110 барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардида, 364 лоиҳаро ба маблағи умумии 8,5 миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда дар давраи сипаригардида 45 лоиҳа ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ пурра иҷро гардида, дар 68 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1 январи соли 2022 ба 562,1 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 253,6 миллион доллар ё 82,2 фоиз зиёд гардид. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот 31,3 фоиз ва воридот 68,9 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2021, ба хориҷи кишвар асосан нахи пахта (114 фоиз нисбати соли пешин), калобаи ресандагӣ (143 фоиз), маҳсулоти кишоварзӣ (139 фоиз) ва қувваи барқ (150 фоиз) содирот гардида, қисми зиёди содироти молу маҳсулоти вилоят ба минтақаҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва Покистон рост меояд.

Аз ҷумла, давоми соли сипаригашта аз ҳудуди вилоят зиёда аз 117,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати дурнамо 123,5% ва нисбати соли 2020-ум 10,8 ҳазор тонна зиёд аст. Дар соли 2021 бонкҳои вилоят ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 666,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 684,7 миллион сомонӣ (30 фоиз), саноат, сохтмон ва нақлиёт 674,4 миллион сомонӣ  (29,6 фоиз), савдои яклухт ва чакана 403,3 миллион сомонӣ (17,7 фоиз), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 26,2 миллион сомонӣ (1,2 фоиз) ва дигар соҳаҳо 491,6 миллион сомонӣ (21,5 фоиз) равона карда шудааст. Дар соли 2021 гардиши моли чакана ба 8,3 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбати дурнамои тасдиқшуда мутаносибан 119 ва 105 фоизро ташкил дод. Ин нишондод нисбати соли 2020-ум 1,3 миллиард ва 103 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Масъалаи пардохти музди меҳнати кормандон таҳти таваҷҷуҳ ва назорати бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, нишондиҳандаи қарздорӣ нисбати аввали соли 2021-ум 5,6 миллиард сомонӣ кам гардид. Баробари ин, қарзи боқимонда ба ҳолати 1 январи соли 2022-юм 6,6 миллион сомониро ташкил дода, бештари он аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ, сохторҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилии коммуналии шаҳрҳои Левакант, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик мебошад.

КИШОВАРЗӢ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа дар соли 2021 ба 20,7 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 106,1 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, нисбати соли 2020 маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 105,4 фоиз ва чорводорӣ 108,2 фоиз таъмин карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки пахтакорони вилоят соли 2021 дар майдони 121236 гектар кишти пахта гузарониданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли равон 270 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки иҷрои дурнамои пешбинигардида 96,6 фоизро ташкил мекунад.

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар вилоят 244286 гектар шудгори тирамоҳӣ гузарониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 846 гектар зиёд мебошад. Аз майдони шудгоргардида дар майдони 108454,4 гектар кишти ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хӯроки сабз гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1421,8 гектар зиёд мебошад.

Ҳамчунин, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 10886 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст.

Бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз як замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мувофиқи маълумоти оморӣ соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 83,9 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 1791 тонна сабзавот, аз ҷумла, 880,9 тонна помидор, 468 тонна бодиринг ва 442,0 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ карда, ба миқдори 469,6 ҳазор дона кӯчати сабзавотҳо омода гардиданд.

Илова бар ин, аз рӯи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 752,4 гектар гармхонаҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 335,7 гектар, аз он 133,7 гектар помидор, 118,2 гектар бодиринг ва 83,7 гектар дигар сабзавот ва дар бахши аҳолӣ 416,8 гектар, аз он ҷумла 149,6 гектар помидор, 143,6 гектар бодиринг ва 134,6 гектар дигар сабзавот кишт карда шуда, аз ин ҳисоб 15803,5 тонна, аз он ҷумла, помидор 4578 тонна, бодиринг 5525 тонна ва дигар сабзавот 5600 тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят зиёда аз 1 миллион сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 506,9 ҳазор сар модагов, наздики 2,5 миллион сар гӯсфанду буз, 60,1 ҳазор сар асп, 2,2 миллион сар паранда, 48,8 ҳазор сар харгӯш ва 64,1 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 1,2 то 25,9 фоизро ташкил мекунад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар вилоят иҷрои дурнамои саршумори чорвои калони шохдор 100,3 фоиз таъмин гардид.

Соҳаи моҳипарварӣ сол то сол рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 271 адад расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 адад зиёд мебошад. Ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2255,7 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шуда, соли 2021 дар вилоят 3302,5 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 751,5 тонна зиёд мебошад.

САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Дар вилоят бобати иҷрои ҳадафи чоруми Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рушди босуръати саноати кишвар” тадбирҳои мушаххас андешида шуда, рушди соҳаи саноат аз рӯи дурнамои тасдиқгардида таъмин ва соли сипаригардида ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 2020 ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ зиёд гардида, ҳиссаи саноати коркард 51,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 4 фоиз, истеҳсоли неруи барқ  ва газ 43,9 фоиз, тақсимоти неруи барқ ва хизматрасонии об 0,5 фоизро ташкил дод.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи “Нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2021” баистифодадиҳии 60 корхона ва коргоҳҳо бо таъсиси 1687 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шуда, 86 адад (145 фоиз), бо 1146 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар давоми сол аз ҳисоби корхонаҳои коркарди Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ҶДММ “Фотимаи Иброҳим” ва “Грин Голд” дар ҳаҷми 438,8 тонна мағзмева, аз он ҷумла 417,2 тонна писта ва 21,8 тонна фундуқ содирот шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020-ум 387 тонна ва ё 8,5 баробар зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои дастрасшуда, дар давоми соли 2021 ба обанбори неругоҳи барқи обии “Норак” дар ҳаҷми 19,3 миллиард метри мукааб об ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2020 ба миқдори 2,1 миллиард метри кубӣ зиёд мебошад.

Воридоти оби барзиёдӣ ба обанбори НБО “Норак”, чорабиниҳои андешидашуда ва истифодаи мақсадноки об тавассути турбинаҳо шароит фароҳам овард, ки истеҳсоли неруи барқ дар қиёс ба соли 2020 ба миқдори 654,5 миллион кВт/соат ва ё дар сатҳи 4,1 фоиз афзоиш ёбад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 3,1 миллиард кВт/соат неруи барқи фоиданок, ба маблағи умумии 679,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 275,1 миллион сомонӣ дастрас шуда, ҷамъоварии он дар сатҳи мутаносибан 89,1 ва 92,7 фоиз таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар умум 3,7 ва 5,1 фоиз зиёд бошад ҳам, талафоти неруи барқ дар ин давра ба андозаи 0,5 фоиз афзудааст.

НАҚЛИЁТ ВА РОҲ

Дар самти нақлиёт ва роҳдорӣ соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ ба 25 миллион тонна, мусофиркашонӣ ба 113,6 миллион нафар расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбати соли 2020 мутаносибан 107,2 ва 112,1 фоизро ташкил дод.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 3 миллиарду 78,5 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо ба анҷом расонида шуда, 394 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 4987 километр таъмири ҷорӣ, 386 километр сангфарш ва 135 адад пулу қубурҳо сохтаю барқарор карда шуданд, ки дар қиёс бо соли 2020-ум 2 миллиарду 879,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давраи ҳисоботӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят як қатор роҳҳои автомобилгард мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, марҳилаҳои 1 ва 2 бо дарозии 73 километр ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ (204 миллион доллари ИМА), роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Муъминобод ва Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, ки дар умум 67 километрро дар бар гирифта, маблағи умумии роҳ 544 миллиону 132 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба иҷро расонида шуд.

Инчунин, дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷумҳурии Халқии Хитой татбиқи лоиҳаи “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи 3)” ба анҷом расонида шуд, ки дар доираи он лоиҳаи “Таъмиру барқароркунии кӯча ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар” ба масофаи 34,1 километр, ба маблағи умумии 99,5 миллион сомонӣ амалӣ гардид.

Роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор масофаи умумии 34 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ аз тарафи ширкати сохтмонии “Сохтмонроҳ-2017” ва ҶДММ “Паймонкори роҳ-2017” идома дорад.

Дар баробари ин, таъмиру азнавсозии лоиҳаҳои роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар марҳилаи якум 21 октябр ва роҳи автомобилгарди Қизилқалъа-Бохтар 29 октябри соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуда, таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт идома дорад.

СОХТМОН

Дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 3,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шуда, ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2021 дар вилоят 2336 адад бинову иншоотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 869,5 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, бо 5 адад муассисаи томактабӣ, 112 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 12 иншооти фарҳангӣ, 80 иншооти варзишию сайёҳӣ, 4 сардхона, 4 фермаи парандапарварӣ, 4 фермаи чорводорӣ, 9 гармхона ва 2040 манзили истиқоматии шахсӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 7667 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар 8256 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аз шумораи умумӣ 107,7 фоиз мебошад. Бо ин мақсад соли 2021-ум 2445 биною иншоот ба истифода дода шуда, ки 120,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. 

МАОРИФ

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди кори соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар вилоят 1362 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, шумораи хонандагон 817 ҳазору 27 нафар, аз он ҷумла 393 ҳазору 935 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2020 – 2021-ум 37 ҳазору 411 нафар хонанда зиёд аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 159 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 41767 кӯдак фаъолият доранд. Инчунин, 850 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 24388 кӯдак фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ якчанд муассисаи хусусии томактабӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Восеъ ва 24 Маркази рушди кӯдак зиёд шуда, фарогирии кӯдакон 2925 нафар зиёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак ба 10,2% расидааст.

Хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои анъанавӣ, номӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани 606 ҷойи ифтихорӣ ноил гардиданд, ки аз ин теъдод 106 медали тилло, 138 медали нуқра, 362 медали биринҷӣ мебошад.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 702 нафар иштирок карда, ба даври вилоятӣ 472 нафар роҳхат гирифта, дар даври ҷумҳуриявӣ 80 нафар иштирок карданд. Дар ҷамъбасти озмун 14 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври аввали озмун зиёда аз 25 ҳазор нафар, дар даври шаҳрию ноҳиявӣ 6814 нафар, дар даври вилоятӣ 1014 нафар ва аз ин шумора 121 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 10 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар даври аввал 8851 нафар, дар даври вилоятӣ 726 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ аз вилояти Хатлон 78 нафар иштирок намуда, соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Соли 2021 ғолибони даври вилоятии озмунҳои болозикр ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҳавсаманд карда шудаанд.

Иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм - фурӯғи маърифат”, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, иловатан ба ҳар кадом ба маблағи аз 5 ҳазор то 7 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 111000 сомонӣ барои 30 нафар ҷудо карда, қадршиносӣ шуданд.

Соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилоят 75 иншооти соҳаи маориф бо 622 синфхона барои 29586 нафар дар ду баст мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҷиҳати коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст ва аз себаста баровардани муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар соли таҳсили 2021 - 2022 муассисаҳои таълимии вилоят бо 25750 компютер, 4220 принтер таъминанд.

ТАНДУРУСТӢ

Дар заминаи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ соли равон 89 иншооти соҳа, ки дар ифтитоҳи аксарияти онҳо Пешвои муаззами миллат иштирок намудаанд, бо таъмини тамоми таҷҳизоти лозимаи хизматрасонии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои табобати беморон шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Маҷмааи тандурустии дӯстии халқҳои Тоҷикистон - Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, сохтмони шуъбаҳои қабули беморон, дил ва шикастабандӣ дар ноҳияи Ёвон, Беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Беморхонаи минтақавии №5 дорои 20 кат дар ноҳияи Фархор, Маркази бисёрсоҳавии перинаталӣ дар Беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, Маркази стоматологии вилояти Хатлон дорои 10 кат, Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат, таваллудхона дорои 6 кат аз ҷониби соҳибкор Темуров дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Беморхонаи минтақавии дорои 22 кат дар ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти «Сангтӯда», Беморхонаи хусусӣ ва осоишгоҳи барқарорсозии беморон,ташхисгоҳ ва таваллудхонаи хусусии «Фазила» дорои 20 кат дар ноҳияи Восеъ, 76 марказу бунгоҳҳои тиббӣ ва ворид намудани 21 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз зумраи иқдомҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки танҳо соли 2021 мавриди истифода қарор гирифта, вазъи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтару хубтар намудааст.

Соли сипаригардида танҳо ба муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 65 дастгоҳи тиббӣ ба маблағи 25 миллиону 664 ҳазору 278 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин имкон медиҳад, ки ташхису табобат сари вақт гузаронида шавад.

Дар вилоят айни ҳол 1703 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 3886 нафар табибон, аз ин шумора 1275 нафар бо категорияи олӣ ва 18912 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб гардиданд.

Нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 12,1 ва бо кормандони миёна ба 58,8 баробар аст. Соли гузашта 3855 табиб ва 18869 корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат расонданд, ки нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 12,1 ва бо кормандони миёна ба 56,2 баробар аст.

Фаъолияти самарабахш ва саривақт гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сирояти нави коронавирус дар вилоят буд, ки то кунун дар муассисаҳои тиббӣ ва муҳити хона ягон нафар бемор бо ташхиси коронавирус бистарӣ карда нашудааст.

Дар вилоят 4 маркази вирусологӣ фаъолият менамоянд, ки дар давоми соли равон 96177 намунаи маводҳои биологӣ барои дарёфти барангезандаи бемории COVID-19 мавриди озмоиш қарор дода, 1589 нафар бо илтиҳоби шуш, 415 нафар бо ташхиси мусбати COVID-19 дарёфт ва 396 нафар солим гардонида шуд.

Аз аввали соли 2021 ба вилоят 28170 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ворид шудаанд, зери назорати карантинӣ давоми 14 рӯз қарор доштанд. Аз ин шумора 27492 нафар аз назорат бароварда шуда, боқимонда сокинон таҳти назорати табибон қарор доранд.

Дар ин давра ба вилоят ваксинаҳои воридгардида 3 910 837 вояро ташкил менамояд, ки тибқи маълумотҳо ба ҳолати 20 январи соли 2022, ваксинагузаронӣ бо вояи якум 78,8 фоиз ва бо вояи дуюм 61,9 фоизро ташкил менамояд.

ФАРҲАНГ

Дар 890 адад муассисаҳои фарҳангии вилоят 3551 нафар кормандон, аз ҷумла бо маълумоти олии соҳавӣ 579 нафар, олии умумӣ 454 нафар, миёнаи махсуси соҳавӣ 782 нафар, миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ 239 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 407 нафар ва 1090 нафар кормандони техникӣ фаъолият намуда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи умумии кормандон нисбати ҳамин давраи қаблӣ 139 нафар кам гардида, мушкилоти кадрӣ дар соҳа ба мушоҳида мерасад.

Дар вилоят 4 ёдгории нодири таърихӣ ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз қабили Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус ва Дайри Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш ворид карда шуд.

ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
 
Шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1026145 нафар буда, аз ин шумора 516151 нафарашон писарон ва 509994 нафарошон духтарон мебошанд.

Соли 2021 маркази фарҳангии ҷавонон дар ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор дода, дар ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар муассисаҳои варзишии вилоят аз рӯи 34 намуди варзиш 16324 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2232 нафар бонувон дар 1309 гурӯҳи машқӣ ҳамарӯза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудааст.


Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 3150 адад, толорҳои варзишӣ 564, ҳавзҳои шиноварӣ 35, маҷмааи варзишӣ 9 ва дигар намуди иншооти махсуси варзишӣ 226 ададро ташкил медиҳанд.

Давоми соли 2021 беш аз 16 ҳазор чорабинӣ гузаронида шуд, ки баҳри тарғибу ташвиқи варзиш ва оммавӣ гардидани он нақши муносиб дорад.

Барои татбиқи “Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021” дар 12 моҳи соли сипаригардида аз буҷаи вилоят 1182915 сомонӣ ва аз буҷаи шаҳру ноҳияҳо 1454593 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. 

Дар баробари ин, барои татбиқи барнома аз буҷаи маҳал дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Н. Хусрав дар давоми 12 моҳи соли 2021 ягон маблағ ҷудо нагардидааст.

Барои татбиқи “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2021” дар соли 2021 аз буҷети вилоят 120000 сомонӣ ва аз буҷети шаҳру ноҳияҳо 357450 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

КОР БО ЗАНОН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар вилоят пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Алҳол дар вазифаҳои роҳбарикунанда 9833 нафар занону бонувон фаъолият доранд, 203 нафар ё худ 21 фоиз хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Аз 587 нафар олимони дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят фаъолиятдошта 187 нафарашонро (31,8%) занон ташкил медиҳад.

РУШДИ САЙЁҲӢ

Бо мақсади таъмини талаботҳо вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021-ум “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои муайне ба анҷом расонида шуда, дар давоми соли 2021 ба вилоят 442,9 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла 2676 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардида, аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуданд.

Дар вилоят барои бештар муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ 17 ширкати сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Бохтар, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Ховалинг фаъолият намуда, барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ феҳристи ёдгориҳои фарҳангӣ, бостонӣ, монументалӣ, роликҳои сайёҳӣ таҳия гардида, дар соли сипаригардида чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла омӯзишҳои забонҳои хориҷӣ, роҳбаладӣ ва хизматрасонӣ гузаронида шуданд.

ДИН ВА ТАНЗИМ

Бобати пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тадбирҳои муайяне амалӣ гардида, соли 2021-ум 53155 ҷашну маросим доир ва хароҷоти умумӣ 174,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ба як чорабинӣ 3600 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра, аз тарафи шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ 616 хатнасур ва 64 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ гузаронида шудааст.

Мутаассифона, дар соли 2021-ум 211 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Умуман, таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2021 нишон медиҳанд, ки аксарияти нишондиҳандаҳо мусбат ва дастовардҳо назаррасанд. Баробари ин маврид ба зикр аст, ки на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо имконияту шароитҳои мавҷудаи рушд пурра истифода бурда шудаанд.

Боварӣ дорем, ки ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз ин захираю имкониятҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар соли 2022 саривақту босифат иҷро ва ҷашнҳои дар пешистода, аз ҷумла 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор истиқбол  менамоянд ва барои таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода