Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 2 292
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар иҷлосия нахуст ахбори Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ёвон №33 шунида шуда, ваколати вакили нави Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қоризода Мухторхуҷа Ихтиёрхуҷа тасдиқ гардид. Вакилони маҷлис ҳамчунин гузориши масъулонро оид ба иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2020 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2022 шунида, нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2022 тасдиқ намуданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 маърӯза карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштанд, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуд. Ба таваҷҷуҳи хонандаи арҷманд ҳисоботи муфассали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 манзур мегардад.
Муҳтарам вакилони халқ, ҳозирини гиромӣ! Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки меҳнаткашони вилоят таҳти таассурот аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат қарор доранд. Дар Паёми худ Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ба маротиб зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёд, сохтмон ва ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, идомаи татбиқи 176 барномаи давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ёдовар шуда, вазифаҳои навбатиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд. Аз ҷумла Пешвои миллат солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки ба амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар 11 моҳи соли 2021 кулли фаъолон ва сокинони заҳматқарини вилоят дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои 4 ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати софдилона намуда, ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд. Танҳо ҳаминро зикр кардан басанда аст, ки дар давоми ду моҳ (сентябр – октябри соли 2021) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 шаҳру ноҳияи вилоят бо сафари корӣ ташриф оварда, бо иштироки бевоситаи он кас зиёда аз 60 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, давоми соли ҷорӣ 169 иншоот бо иштироки Пешвои миллат ва зиёда аз 120 адад дар доираи сафар бо иштироки ҳайати ҳамроҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки онҳо аз як тараф ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда, аз тарафи дигар, ба ҳусни шаҳру ноҳияҳо зебоии хоса зам намуданд. БУҶЕТ Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 107,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 395,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 93,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 262,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 1 млрд. 965,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 млрд. 923,4 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,0 фоизи нақша мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 562,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисобот вуҷуд надорад. Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 9,9 миллион сомонӣ кам гардида, ба санаи 1 декабри соли 2021 ба 180 млн. сомонӣ баробар мебошад. Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, соли 2022 болоравии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо аз 20 то 25% пешбинӣ гардидааст. Бинобар ин, масъулони соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки нисбат ба ташаккули буҷети маҳаллӣ, иҷроиши нақшаи андозҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои муассири иловагӣ андешанд. САВДОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ Дар давраи ҳисоботӣ барои беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, тибқи ҳисоботҳои оморӣ, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 7,4 млрд. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 1,9 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 20,8 ва 5,6 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар 11 моҳи соли равон ба 513,2 млн. доллари ИМА расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 185,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла ҳаҷми содирот 161 миллион доллар ва воридот 352,2 млн. долларро ташкил дода, афзоиши нишондиҳандаҳо нисбати 11 моҳи соли гузашта мутаносибан 124,9 фоиз ва 2,4 баробар зиёд мебошад. Ҷиҳати тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шуда, дар ин давра 116,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки дар қиёс нисбати дурнамои пешбинишуда 122,2 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро дарбар мегирад. Дар маҷмӯъ, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбати дурнамо 21,1 ҳазор тонна ва нисбати соли гузашта 9,5 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти пиёз давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 89,7 ҳазор тоннаро ташкил дода, аз ҳаҷми умумии содирот 77,3% мебошад.
ТАЪМИНИ БЕҲБУДИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ, БАХШИ ХУСУСӢ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 1 декабри соли 2021 тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ 107,4 ҳазор нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2200 нафар ё ин ки 2,1 фоиз зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, 26513 нафар ва шумораи субъектҳои бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 6926 ададро ташкил дода, дар маҷмӯъ, аз ҳисоби соҳибкорони болозикр ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 94,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷет 5,5 фоизро ташкил медиҳад. Давоми давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 18,5 млн. доллар сармояи хориҷӣ, аз ҷумла, 6,0 млн. доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 12,6 млн. доллар дигар сармоягузориҳо ҷалб карда шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми сармояи хориҷии ба иқтисодиёти вилоят ҷалбшуда 1,6 млрд. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 млрд. доллар сармояи мустақим мебошад. Дар вилоят 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 560 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ин давра дар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ корҳо оғоз гардида, дар лоиҳаҳои дигар ба маблағи 52,6 миллион доллар корҳо ба анҷом расидааст. Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори инноватсионӣсаноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа, аз тарафи соҳибкорони бурунмарзӣ дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1617 адад биною иншоот, аз ҷумла корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолиро ба маблағи 615,0 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки аз ин ҳисоб 2523 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам бори дигар ба ҳамаи соҳибкорони баору номуси вилоятамон, ки бо бунёди иншооти таъйиноташон гуногун ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми мондагор гузоштанд, миннатдории самимӣ баён мекунам. Боварии комил дорам, ки ҳамаи хатлониён, махсусан соҳибкорони қавирӯҳи вилоят, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми дучанд талош меварзанд. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ, бонкҳои вилоят наздик ба 2,0 млрд. сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо намуданд, ки аз он ба соҳаҳои кишоварзӣ 598,5 млн. сомонӣ (29,9%-и ҳаҷми умумӣ), саноат, сохтмон ва нақлиёт 580,1 млн. сомонӣ (29%), савдо ва хизматрасонӣ 362,5 млн сомонӣ (18,1%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 23,8 млн. сомонӣ (1,2%) ва дигар соҳаҳо 434,7 млн. сомониро (21,8%) ташкил дода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 578,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 25 декабри соли 2020, №110 тасдиқ гардида, 364 лоиҳаро ба маблағи умумии наздик 8,5 млрд. сомонӣ дар бар мегирад. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз нишондиҳандаҳои барнома 30 лоиҳа ба маблағи 424,0 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар 56 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. ВУСЪАТИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар вилоят 1148,65 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 110,5 фоизро ташкил дода, ба андозаи 120,21 сомонӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак 1957,43 сомонӣ, Данғара 1670,72 сомонӣ, Ховалинг 1473,02 сомонӣ, Бохтар 1457,45 сомонӣ, Ёвон 1413,58 сомонӣ ва Темурмалик 1142,64 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шуда, тибқи хулосаи мутахассисон омили асосии таъсиррасон ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат маҳсуб меёбад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 ба хориҷи кишвар аз вилояти Хатлон 169,3 ҳазор нафар, аз ҷумла 149,4 ҳазор мард ва 19,9 ҳазор нафар занон бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,9 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 338 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 3181 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 3916 нафар корҷӯён бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2043 нафар ба касбомӯзӣ ва 288 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Масъалаи ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони аз 18-сола боло дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардид. Бо назардошти ин, масъулони соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани нишондоди шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани сокинони маҳаллӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд. ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон ба ҳисоб меравад. Дар вилоят 3 муассисаи давлатии будубоши доимӣ, 2 муассисаи давлатии мавсимӣ, 2 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва 16 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона фаъолият дошта, 955 нафар кормандон ба 2423 бошанда хизмат расонида, ҳамаи онҳо аз нафақа, кумакпулиҳои яквақтаина, дастгириҳои моддию пулӣ саривақт бархӯрдор мебошанд. Бахшида ба ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои бесаробон дастархони идона ороста, туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои моддию молиявӣ аз номи Пешвои муаззами миллат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсони саховатманд ба маблағи зиёда аз 49,8 миллион сомонӣ дастрас карда шуд. Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ шумораи умумии нафақагирон дар вилоят 263,2 ҳазор нафарро ташкил дода, дар ин давра талаботи маблағи нафақа, ки 374,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, пурра пардохт карда шудааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давра ба 313,9 сомонӣ баробар мебошад. КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ОН Дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии вилоят ба ғизои хушсифат фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси вазифаҳое, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят қайд намуданд, инчунин стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда шуда, дар самти истифодаи самарабахши замин, истифода аз тухмиҳои серҳосил, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёди боғу токзор, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва бо ин васила зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 19,4 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,3 фоизро ташкил дода, ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ ба 105,6 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 108,7 фоиз баробар мебошад. Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар соҳаи растанипарварӣ 1 млн. тонна ғалладонагиҳо, 268,9 ҳазор тонна пахта, 213,8 ҳазор тонна картошка, 1,5 млн. тонна сабзавот, 628,9 ҳазор тонна полезӣ, 211,6 хазор тонна меваҷот, 107,4 ҳазор тонна ангур ва ба ҳисоби воҳиди хӯрока 676 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба истиснои пахта, афзоиши нишондиҳандаҳо аз 101 то 129 фоиз таъмин гардид. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 992,2 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 508,9 ҳазор сар модагов, 2,5 млн. сар моли майда, 2,5 млн. сар паранда, 60,3 ҳазор сар асп, 62,5 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 45,4 ҳазор сар харгӯш парвариш карда мешавад, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,1 то 8 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар соҳаи чорвопарварии вилоят давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 148,7 ҳазор тонна гӯшт, 444,5 ҳазор тонна шир, 95,9 млн. дона тухм, наздик 5 ҳазор тонна пашм, 1,1 ҳазор тонна асал ва 2,1 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,5 то 8,0 фоизро дарбар мегирад. Маврид ба қайд аст, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими соҳаи комплекси агросаноатии вилоят маҳсуб ёфта, дар мавсими соли ҷорӣ зиёда аз 269,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Давоми давраи ҳисоботӣ дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ, наздиҳавлигӣ, инчунин заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва назди идораю ташкилотҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ сафарбар гардида, оид ба васеъ намудани масоҳати кишти зироатҳои такрорӣ, махсусан бештар кишт намудани ғалладонагию лубиёгиҳо, картошка, сабзавот ва полизиҳо корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда барои рӯёнидани ҳосили соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят майдони кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ зиёда аз 430,5 ҳазор гектарро ташкил дод, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 4,2 ҳазор гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, масоҳати кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ 347,04 ҳазор гектарро ташкил дода, афзоиш нисбати соли гузашта 5,8 ҳазор гектар мебошад. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, давоми солҳои 1991-2020 майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 2,3 маротиба, лубиёгиҳо 2,4 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,6 маротиба, картошка 2,9 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, истеҳсоли ғалладона 7,5 маротиба, сабзавот 22 маротиба, полезӣ 1,7 маротиба, мева 24,7 маротиба, ангур 2,7 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 2 то 5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру супориш ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон ва таъмини онҳо бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ дар вилоят зиёда аз 30,5 ҳазор гектар қитъаҳои замин барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардида, наздик ба 290 ҳазор нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, ки зиёда аз 40 ҳазор нафари онҳоро мутахассисон ва оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва рӯёнидани 3-4 ҳосил, дар мавсими соли ҷорӣ нисбати кишти такрории зироатҳо диққати махсус зоҳир карда шуда, дар мавсими соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 131,8 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбати дурнамои пешбинишуда 101 фоиз ва нисбати соли пешин 1,2 ҳазор гектар зиёд аст. Аз ҷумла масоҳати кишти такрорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 66535 гектарро дарбар гирифта, нисбати дурнамо 118 фоиз таъмин карда шуд.
Кишоварзони вилоят ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ сол аз сол диққати бештар зоҳир намуда, масоҳати онро аз 50 ҳазор гектари солҳои қаблӣ то ба 130,6 ҳазор гектар расонида, аз ин ҳисоб маҳсулоти иловагӣ ба даст оварданда истодаанд, ки ба
афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа мусоидат менамояд.
Дар вилоят барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои тирамоҳӣ-
зимистона ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо,
тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо тадбирҳои зарурӣ андешида
шуда истодааст.
Ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар ин давра ба
28,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 68,4 фоизи маблағи оби
додашударо ташкил дода, бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ
ба 87,9 миллион сомонӣ расида, нисбат ба аввали сол 12,8 милли-
он сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Вобаста ба масъалаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ бо амри
раиси вилоят аз 23 ноябри соли 2021, №20, Ситоди вилоятӣ оид
ба ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии ҳифзи муҳити
зист барои солҳои 2021-2022 таъсис дода шуд.
Аз рӯйи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, ба
ҳолати 22 декабри соли ҷорӣ 164,8 ҳазор бех ниҳолҳо, аз ҷумла
94,1 ҳазор бех сояафкан, 46 ҳазор бех ҳамешасабз, 24,6 ҳазор
бех ороишӣ шинонида, зиёда аз 1,22 млн. дона гулу гулбуттаҳо, аз
он ҷумла 83,2 ҳазор бех лола, 218,7 ҳазор бех садбарг, 925 ҳазор
бех гулҳои мавсимӣ, 56,6 ҳазор метри мураббаъ кишти алафҳои
ҳамешасабз гузаронида, дар ин давра зиёда аз 1,34 млн. дона
қаламчаи гули садбарг шинонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 332 гектар боғу токзори нав бунёд ва
388,4 гектар майдони боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуда,
дар маҷмӯъ, масоҳати боғҳои интенсивӣ 371 гектарро ташкил ме-
кунад.
Иҷроиши Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои соли
2021, ба ғайр аз шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Кӯлоб, Темурмалик, Хо-
валинг ва Балҷувон, дар дигар шаҳру ноҳияҳо таъмин нагардид.
Ҳамчунин, маврид ба қайд аст, ки бунёди тутмайдонҳо ва шино-
нидани ниҳоли тут таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор дошта, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон
махсусан нисбати ин масъала таъкид намуданд.
Айни ҳол дар вилоят 1377 гектар тутмайдонҳо мавҷуд буда,
барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ заминаи мусоид фароҳам мео-
варад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани масоҳати
тутмайдонҳо ва дар ин замина амалигардонии рушди соҳаи
кирмакпарварӣ ва саноати абрешим чораҳои иловагӣ андешида
шавад.
Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани
маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ви-
лоят мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии ви-
лоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 адад анборҳо бо иқтидори
13650 тонна ва 66 адад сардхона бо иқтидори нигоҳдории 24025
тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи аввалияи ғизоӣ
мавҷуд буда, айни ҳол 5654 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла
1309 тонна пиёз, 1128 тонна сабзӣ, 1217 тонна картошка, 158 тон-
на себ, 33 тонна нок, 67 анор, 17 тонна ангур, 1629 тонна дигар
намуди маҳсулот захира мавҷуд мебошад. Ғайр аз ин, дар ноҳияи
Ҷайҳун дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зиёда аз 4000 тонна
лимон захира карда шудааст.
Омили дигаре, ки фаровонии бозорҳои истеъмолиро таъмин менамояд, истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ мебошад. Майдони гармхонаҳо тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сол то сол афзоиш ёфта, соли ҷорӣ масоҳати умумии гармхонаҳои доимию мавсимӣ ба 836,3 гектар расонида шуд. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар ин давра дар гармхонаҳо зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардид, ки аз он помидор 7,1 ҳазор тонна, бодиринг 8,3 ҳазор тонна ва дигар маҳсулоти гармхонагӣ 8,7 ҳазор тоннаро дарбар мегирад.
САНОАТ
Дар соҳаи саноат ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва содиротӣ дар вилоят тадбирҳои муайян амалӣ гардида истодаанд.
Давоми 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 9,4 млрд. сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш нисбати 11 моҳи соли гузашта 18,2 фоиз, бо назардошти нархҳои қиёсӣ бошад, дар сатҳи 13,6 фоиз таъмин карда шуд.
Зиёдшавии саноати истихроҷи маъдан (109,2%), аз ҷумла истихроҷи нафти хом ва дигар маводҳои энергетикӣ (115,8%), истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ (108,7%), истихроҷи филизӣ (108,8%), истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок (105,8%); саноати коркард (127,9%), аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрока (109,5%), нӯшокиҳо (206,8%), нассоҷӣ (142,8%), дӯзандагӣ
(317,2%), чармӣ ва пойафзол (204,3%), коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин (106,5%), истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ (100,3%), кимиёвӣ (161,3%), фармасевтӣ (147,3%), маснуоти резинӣ ва пластмасӣ (123,8%), маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ (124%), маҳсулоти тайёри филизӣ ва таҷҳизот (114,4%), таҷҳизоти барқӣ (103,3%), дигар маҳсулоти нақлиётӣ (241,5%), маҳсулоти мебелӣ (142,3%), таъмир ва насби мошинҳо ва дигар намуди таҷҳизот (134,6%), истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ (108,9%) дар рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин давра истеҳсоли 7 номгӯ, аз қабили полиэтилен (плёнка), ротбан, кӯрпаи саноатӣ, дастпӯшаки корӣ, банду басти равғани зағир, банду басти асал ва мағзмеваи фундук ба роҳ монда шуд. Чораандешиҳои иловагӣ замина фароҳам овард, ки истеҳсоли баъзе номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда, аз ҷумла кислотаи сулфат 14,5 баробар, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ 12 баробар, хишти сабуки сохтмонӣ 9,5 маротиба, матои абрешими надофӣ 9 маротиба, коркарди мағзмева 8 баробар, хокаи ҷомашӯӣ 8 маротиба, қутии картонӣ 5,1 маротиба, маҳсулоти дӯзандагӣ 2 маротиба, аз ҷумла либоси мактабӣ 4,2 маротиба, ранги сохтмонӣ 4,5 баробар, амстронг 3,6 маротиба, қубурҳои пластикӣ 3 баробар, рехтаҳои пӯлодӣ 2,3 маротиба, чӯбчаҳои нафиси пахтагин 2,2 маротиба, тахтаҳои асбестӣ 2,2 маротиба, конструксияҳои филизӣ 2,1 маротиба, дучарха 2 баробар, гаҷкартон наздики 2 маротиба афзоиш дода шавад.
Мувофиқи нақшаи 30-солагӣ соли равон дар шаҳру ноҳияҳои
вилоят баистифодадиҳии 60 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1687
ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, тӯли ин муддат 76 корхона ва коргоҳҳои
саноатӣ (126,6 фоизи нақшаи солона) бо таъсиси 830 ҷойи корӣ,
аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон-11 адад, Данғара 8, Фархор - 6, Бохтар, Кӯлоб ва Хуросон 5-ададӣ, Норак, Дӯстӣ 4-ададӣ, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ 3-ададӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик 2-ададӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Вахш, Балҷувон ва Носири Хусрав 1-ададӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва сохтмонӣ, аз қабили ордбарорӣ, равғанбарорӣ, маҳсулоти гӯштӣ, банду басти мағзмева, коркарди шир, нону маҳсулоти нонӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, маҳсулоти мебелӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббарорӣ, хиштҳои сементӣ, газӣ ва гилхокӣ, дару тирезаҳои ҳуҷравӣ ва миёнаҳуҷравӣ, истихроҷи канданиҳои маъмул ва нафтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мувофиқи маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар заминаи Нақшаи чорабинии 30-солагӣ айни замон сохтмон ва васлу насби таҷҳизотҳо дар 16 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ, дар маҷмӯъ, бо назардошти таъсиси 741 ҷойи корӣ идома дорад.
Дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои коркарди Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ҶДММ “Фотимаи Иброҳим” ва “Грин Голд” дар ҳаҷми 438,8 тонна мағзмева, аз қабили писта 417 тонна ва фундук 21,8 тонна бастабандӣ шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 387 тонна ва ё 8,5 баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 52,9 фоиз, истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ 43,1 фоиз, саноати истихроҷ 3,5 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,5 фоизро ташкил намуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи хӯрокворӣ ба маблағи 919 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз зиёд бошад ҳам, афзоиш ёфтани маҳсулоти истеҳсолӣ, аз қабили равғани растанӣ, маҳсулоти макарон, гӯшт, қаннодӣ ва консерваи меваю сабзавот дар сатҳи нокифоя арзёбӣ мегардад, ки аз фаъолияти номуносиби Идораи “Хӯрокворӣ” дар вилоят ва масъулини шаҳру ноҳияҳо дарак медиҳад.
Сабабҳои асосии афзоиш наёфтани ҳаҷми ин номгӯи маҳсулот асосан нокифоягии маблағҳои гардишӣ, ба иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳо, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани технологияи истеҳсолӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани бандубасти маҳсулоти тайёр, хизматрасониҳои логистикӣ ва корҳои таҳлилӣ дар бозори истеъмолӣ арзёбӣ мегардад.
Корхонаҳои истеҳсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ яке аз зерсоҳаҳои афзалиятноки соҳаи коркард ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, пайваста дастгирӣ карда мешавад. Ҳ а ҷ м и истеҳсоли маҳсулоти ин зерсоҳа ба 2,1 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 644,6 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 44,1 фоиз зиёд шудааст.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, фаъолияти доимии корхона ва коргоҳҳои истеҳсолиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар муҳлати кӯтоҳтарин вобаста ба ворид намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо ба ҳисоботи оморӣ, инчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав, воридоти технологияҳои муосир, гузариш ба технологияи инноватсионӣ, хусусан таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир, ҳавасмандсозии бахши хусусӣ ба рушди соҳа чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
ЭНЕРГЕТИКА
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ яке аз ҳадафҳои стра-
тегии мамлакат маҳсуб мегардад. Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати
татбиқи амалии ин ҳадаф корҳои муайян анҷом дода шуд. Вобаста
ба иҷрои супориши Президенти кишвар доир ба таҷдиди нерӯгоҳи
барқи обии «Сарбанд» ва зиёд намудани иқтидори он, корҳо дар
самтҳои барқарорсозии таҷҳизотҳои истеҳсоли нерӯи барқ (аз
ҷумла иваз намудани агрегатҳои рақами 3 ва 6), зеристгоҳи 220
кв/110/35/6кВ, иншооти Сарбанд 110кВ ва сохтмони зеристгоҳи
нави Рӯдакӣ 110 кВ дар ноҳияи Восеъ дар арафаи анҷомёбӣ қарор
доранд.
Вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
6 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи сари вақт омода намуда-
ни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти
мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои
2021 - 2022” аз ҷониби масъулини соҳа тадбирҳои зарурӣ андеши-
да шудаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсати назорати дав-
латии энергетикии минтақаи Бохтар, ҷараёни иҷрои нақшаи
чорабиниҳо дар неругоҳҳои барқии вилоят, аз ҷумла НБО “Но-
рак” 6 банд, НБО “Бойғозӣ” 7 банд ва Силсиланерӯгоҳи Вахш”-9
банд таъмин гардида, аксари чорабиниҳои пешбинишуда ҳаллу
фасл гардида, роҳбарияти неругоҳҳои барқии вилоят барои
зимистонгузаронӣ омодагӣ гирифтаанд.
Дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 бошад, бо шарикии ширкатҳои
хориҷӣ корҳои сохтмонию таҳвилкунандаи молу таҷҳизоти зарурӣ
идома ёфта истодааст.
Дар 11 моҳи соли 2021 истеҳсоли неруи барқ (бо НБО-и
хурд) 15,2 млрд. кВт соатро ташкил дода, ба вилоят дар ҳаҷми
2 млрд. 350 млн. кВт соат ё худ ба маблағи 609,0 млн. сомонӣ
интиқол дода шуд.
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста
ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон қарорҳои Раиси вилоят аз 21-уми феврали соли
2018, №51 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 12 феврали соли 2019, №41 “Дар бо-
раи озмуни вилоятии “Ободгари Ватан”” ба тасвиб расида, баҳри
бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ
нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, мавриди иҷро қарор доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру
тармими 7667 иншоот, аз ҷумла 369 муассисаи таҳсилоти миё-
наи умумӣ, 98 муассисаи томактабӣ, 30 қасри фарҳанг, 37 боғи
фарҳангию фароғатӣ, 59 гулгашт, 98 китобхона, 62 беморхона, 287
бунгоҳи тиббӣ, 95 маркази саломатӣ, 40 таваллудхона, 1520 нуқтаи
хатнаи кӯдакон, 273 дорухона, 300 сартарошхона, 136 ҳаммом, 153
кошонаи ҳусн, 1136 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 131 толор
ва 356 майдончаи варзишӣ, 59 майдончаи бозии кӯдакон, 564 кор-
хонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва 1235 адад дигар иншоотҳо пешбинӣ
гардидаанд.
Дар ин давра дар 8224 иншоот корҳои сохтмонӣ ва таъмиру
тармим ба анҷом расонида шуд, ки 107,3 фоизи нақшаи пешбини-
шударо ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: дар соли 2018 - 1061 адад,
соли 2019 - 2474 адад, дар соли 2020 - 2276 адад ва соли 2021
- 2413 адад иншоот ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин зами-
на 10630 ҷойи кори доимӣ ва 27362 ҷойи кории мавсимӣ ташкил
шудааст.
Дар соҳаи маориф 759 адад, соҳаи тандурустӣ 912 адад,
фарҳанг 230 адад, варзиш 507 адад, корхона ва коргоҳҳои
истеҳсолӣ 555 адад, иншоотҳои соҳаи кишоварзӣ 358 адад, сайёҳӣ
ва ҳунармандӣ 136 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шу-
данд.
Ҳамчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагӣ дар ви-
лоят 124 адад ҳаммом, 323 адад сартарошхона, 155 адад кошонаи
ҳусн, 1253 адад марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва 1199 адад
дигар бинову иншоотҳо ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардони соҳибкорон бо ташаббуси бе-
воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят озмуни
«Ободгари Ватан» гузаронида шуда, аз соли 2018 то ин ҷониб ба
210 нафар соҳибкорон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раи-
си вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва
истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар
давраи ҳисоботӣ ба маблағи 918,3 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба
истифода дода шуда, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ
дар ҳаҷми 3,4 млрд. сомонӣ корҳо иҷро гардид.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 2,3 млрд. сомонӣ иҷро
гардида, ба маблағи 695,3 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ ба ит-
мом расонида шуданд (нисбати ҳамин давраи соли гузашта му-
таносибан корҳои сохтмону васлкунӣ 160,9 % 868,0 млн. сомонӣ
зиёд ва иҷрои корҳои пудратӣ 117,2 %, 101,9 млн. сомонӣ зиёд).
Дар ин муддат бо қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо
2317 адад бинову иншоотҳо ба маблағи 750,1 млн. сомонӣ ба
ҳисоботҳои оморӣ ворид гардид. Инчунин, 1862 адад хонаҳои
шахсӣ дар масоҳати 307,7 ҳазор метри мураббаъ мавриди ис-
тифода қарор дода шуд, ки суръати афзоиши бунёди манзили
истиқоматӣ 15,9 фоизро дар бар мегирад.
Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар 48 мак-
таб 438 синфхона барои 12819 ҷойи хониш, 4 муассисаи томактабӣ
барои 637 ҷой, муассисаҳои амбулаторӣ 62 адад барои 626 нафар
қабули беморон дар як баст, дорухона 42 адад ва кашидани хати
оби нӯшокӣ 202,7 километр, инчунин 1805 адад марказҳои савдо,
хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳо ба истифода дода шуда, корҳои
ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром
идома доранд.
НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ
Имсол дар натиҷаи истифодаи самараноки захираву
имкониятҳои мавҷуда ба кормандони соҳаи нақлиёту роҳнигоҳдорӣ
муяссар гардид, ки рушди бонизоми соҳаи нақлиёт ва коммуникат-
сия таъмин карда шавад.
Дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт 22,6 млн. тонна
борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 103,1 млн. нафар мусофир кашо-
нида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020
мутаносибан 106,7 ва 111,4 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 22,2 млн. тонна
бор ва 103,1 млн. нафар мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар
маҷмӯи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 107,9 ва
111,4 фоиз расонида шуда, тавассути роҳи оҳан 375,2 ҳазор тонна
бор интиқол ва ба 25,6 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд.
Вобаста ба дастури Пешвои миллат ва бо назардошти
имтиёзҳои муқаррарнамуда, интиқоли бор тавассути роҳи оҳани
вилоят, бахусус ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба
хориҷи кишвар тариқи масири Амузанг дар давраи ҳисоботӣ нис-
бати соли гузашта 5,4 ҳазор тонна ё худ 76 вагони бордор камтар
маҳсулот содирот гардида, воридот тавассути ин роҳи оҳан 38,4
ҳазор тонна ё худ 430 қатораи бордор зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои
маблағгузорӣ 5542 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки
аз он 386 километр таъмири асосӣ, 4775 километр таъмири ҷорӣ
ва 381 километр сангфаршро ташкил медиҳад. Барои корҳои
иҷрошуда ҳамагӣ 3,7 млрд. сомонӣ маблағ, аз ҷумла аз ҳисоби
буҷети маҳаллӣ 5,4 млн. сомонӣ ва соҳибкорон 98,1 млн. сомонӣ
ва аз ҳисоби лоиҳаҳо бошад, 2,9 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ гар-
дида, роҳҳо таъмири асосӣ, ҷорӣ ва сангфарш карда шудааст.
Дар доираи таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ
мумфаршкунии роҳҳо 1746 км, аз ҷумла 740 км таъмири асосӣ ва
1006 км таъмири ҷорӣ, инчунин сангфаршкунии роҳҳо 1630 км ба
анҷом расонида шуда, сохтмону азнавсозии 179 адад пулҳо амалӣ
гардидаанд.
ИТТИЛООТ
Дар қаламрави вилоят 2 шабакаи телевизиони вилоятӣ, 2
телевизиони хусусии маҳаллӣ, 2 радиои вилоятӣ фаъолият дош-
та, пахши барномаҳои телевизиони вилоят 24 соат ва радио 24
соат ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар марказҳои ҷамоату
шаҳракҳо ва ҷойҳои серодам 211 радиоузел насб гардидааст.
Ҳамзамон, 50 нашрияҳои расмӣ, аз ҷумла 45 рӯзнома ва 5
маҷалла дар вилоят ба нашр мерасанд, ки аз ҷумлаи он 1 рӯзнома
хусусӣ мебошанд.
Фарогирии пахши аналогии барномаҳои телевизиони
“Тоҷикистон” 99,6%, “Сафина” 96,0, “Баҳористон” 96,1, “Ҷаҳоннамо”
70,0, “ТВ Хатлон” 60,0 фоизро дар бар мегиранд.
ИЛМ ВА МАОРИФ
Маориф соҳаи калидӣ ва самти муҳиму афзалиятноки сиёсати
Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба таъкиди Сарвари давлат,
“бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад”. Ба ин самт ҳамчун за-
хираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими
давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят зиёда аз 817 ҳазор нафар
хонандагон, аз ҷумла 393,9 ҳазор нафар духтарон ба таълиму тар-
бия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021
37,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021, мувофиқи маълумотҳои
оморӣ, дар вилоят 998 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва марка-
зи инкишофи кӯдак, аз ҷумла 158 муассисаи таҳсилоти томактабӣ,
840 маркази инкишофи кӯдак фаъолият намуда, 39445 нафар
кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта
шумораи муассисаи томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар
шаҳру ноҳияҳои вилоят 16 адад афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ, шумораи омӯзгорони маълумоти оли-
дошта зиёд гардида, 69,8 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро
ташкил менамоянд.
Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 1436 нафар омӯзгорони
ҷавон ба вилоят фиристода шуда, аз онҳо 820 (58%) нафар ба
ҷойи кор ҳозир гардиданд. Ҳамзамон, дар ин муддат 1137 нафар
бе роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ ворид гардид, ки дар маҷмӯъ
1957 нафар ба ҷойи кор таъмин гардид.
Айни ҳол, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таъли-
мии вилоят дар соли хониши 2021-2022-ум 310 нафар муайян кар-
да шуда, дархост барои тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои
таҳсилоти олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ирсол гардид.
Муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро соли таҳсили 2020-
2021-ум 44765 нафар хонанда хатм намуда, тариқи Маркази мил-
лии тестӣ 83,4 фоиз ба мактабҳои олию миёнаи касбӣ дохил шу-
данд. Аз ин ба муассисаҳои олии дохили кишвар 57,0 фоиз, ба
хориҷи кишвар 479 нафар ва тибқи квота 534 нафар ба таҳсил
фаро гирифта шудаанд.
Дар ин давра 5 нафар хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар,
Вахш, Ёвон ва Восеъ мактаби миёнаро бо аттестати аъло ва меда-
ли тилло хатм намуданд.
Дар даври ҳисоботӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ви-
лоят дар олимпиадаҳои анъанавӣ, номӣ ва байналмилалӣ шир-
кат варзида, ба гирифтани 606 ҷойи ифтихорӣ ноил гардиданд, ки
аз ин теъдод 106 медали тилло, 138 медали нуқра, 362 медали
биринҷӣ ба даст оварда шуд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои
таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара соҳиби 123 ҷойи ифтихорӣ,
Кӯлоб 92, Бохтар 81, Восеъ 49, Левакант 37, Ҷалолиддини Балхӣ,
Кӯшониён ва Қубодиён 24 ададӣ, Норак, Дӯстӣ 22 ва Ёвон 20 ҷойи
ифтихорӣ гардиданд, ки нисбати соли гузашта 505 ҷойи ифтихорӣ
зиёд мебошад.
Соли равон дар доираи истиқбол аз ҷашни 30-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, 75 муассисаи нави таълимӣ
бо 626 адад синфхонаҳо барои 29586 ҷойи нишаст дар ду баст ба
истифода дода шуд.
Бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст соли равон 2 муассисаи
таълимии хусусӣ ва 3 муассисаи томактабии хусусӣ сохта ба ис-
тифода дода шудааст.
Дастгирии омӯзгорони ҷавон яке аз самтҳои афзалиятноки си-
ёсати Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра 68 нафар омӯзгорон соҳиби имтиёз гардиданд, аз
ҷумла 36 нафар соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 1 нафар соҳиби за-
мини полезӣ ва 31 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд.
Бобати иҷрои ташаббуси “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои
табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои
2020-2040” тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар вилоят озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб
аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” дар
сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ба давраи ҷумҳуриявии озмунҳо
279 нафар роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа дар даври ниҳоии оз-
муни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 14 нафар до-
вталабони вилояти Хатлон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (Ҷойи якум
2 нафар, ҷойи дуюм 5 нафар ва ҷойи сеюм 7 нафар, 1 нафар бо
маблағи 3500 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардида, 65 нафари дигар
барои иштироки фаъолона соҳиби диплом шудаанд.) ва дар оз-
муни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 6 нафар сазовори
ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд (Ҷойи якум 1 нафар; ҷойи дуюм 2 на-
фар, ҷойи сеюм 3 нафар). Натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии
озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нишон дод, ки иштирокчиё-
ни озмун аз вилояти Хатлон соҳиби 10 ҷой гардиданд (5 ҷойи дуюм
ва 5 ҷойи сеюм). Ҳамчунин, 14 нафар, аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ дунафарӣ, аз Абдураҳмони Ҷомӣ, Во-
сеъ, Ховалинг, Балҷувон якнафарӣ мақоми ифти-
хориро соҳиб шудаанд.
СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Ҳифзи сиҳатии омма ва мунтазам беҳтар на-
мудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз
масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи
хосаи давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар
ин самти фаъолият як қатор тадбирҳои судманд
амалӣ гардидааст.
Соли ҷорӣ кормандони соҳаи тиб фаъолияти
пурмаҳсули худро баҳри пешгирии бемории си-
роятии нави коронавирус COVID-19 идома дода,
ба барқарории саломатии аксари гирифторон ва
пешгирӣ аз хуруҷи ин беморӣ дар миёни аҳолӣ
муваффақ гардиданд. Хушбахтона, имрӯз дар
беморхонаҳои вилоят ягон нафар бо ташхиси
COVID-19 бистарӣ нест.
Ҳамзамон, дар ин росто кормандони соҳа ба
маъракаи иммунизатсия ҷараён бахшида, гурӯҳҳои
мақсаднок аҳолии аз 18-сола болоро бо вояи якум
ва дуюм фаро гирифта истодаанд, ки ин масъала
баҳри пешгирии бемории сироятии нави коронави-
рус ва солимии ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.
Бо вуҷуди анҷоми корҳои пешгирикунанда
ҳанӯз ҳам хатари ин беморӣ дар кишварҳои ҷаҳон
кам нашуда, мавҷи чоруми он ва штамми нави ин
беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо дарназардош-
ти ин, дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои
вилояти Хатлон ба миқдори зарурӣ маводҳои
доруворӣ ва беҳдоштӣ захира гардидааст.
Кормандони соҳа ва тамоми шаҳрвандонро
лозим аст, ки дар пешгирии ин беморӣ бо риояи
талаботи зиддиэпидемикӣ корҳои тарғиботию
ташвиқотиро вусъат бахшанд.
Дар вилоят 1703 адад муассисаи тандурустии
давлатӣ, аз ҷумла 1596 адад муассисаҳои буҷетӣ
фаъолият мекунанд. Шумораи муассисаҳои сох-
тори госпиталӣ 155 адад, 726 муассисаи сохтори
КАТС ва 107 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият
доранд.
Соли 2021 дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба
истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 87 муассисаи
тиббӣ, аз ҷумла 73 муассисаи буҷавӣ, 14 адад
муассисаҳо хусусӣ мебошанд. Аз теъдоди боло-
зикр 11 адад беморхона, 1 маркази саломатии
ноҳиявӣ, 6 маркази саломатии деҳотӣ, 57 бунгоҳи
саломатӣ, 1 коллеҷи давлатӣ ва 4 адад коллеҷи
хусусӣ, 5 адад маркази ташхисию табобатӣ ва 2
адад дармонгоҳи тиббии хусусӣ ба маблағи зиёда
аз 229,7 млн. сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Ифтитоҳи беморхонаи вилоятии сироятӣ дар
ноҳияи Данғара бо 200 кати бистарӣ, Маҷмааи
дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ноҳияи
Қубодиён, беморхонаи минтақавии №5 дар ноҳияи
Фархор, беморхонаи минтақавӣ дар Ҷамоати
Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, таваллудхона бо 6 кати
бистарӣ дар Ҷамоати “20-солагии Истиқлолият” дар
ноҳияи Дӯстӣ, Маркази стоматологии вилоятӣ дар
шаҳри Бохтар, Маркази перинаталӣ дар беморхо-
наи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар
шаҳри Бохтар, ташхисгоҳ ва таваллудхонаи хусусӣ
дар ноҳияи Восеъ, таъмиру азнавсозии шуъбаҳои
қабули беморон, дил ва шикастабандӣ дар ноҳияи
Ёвон аз зумраи чунин иқдомҳои созанда дар соли
ҷорӣ мебошад.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки
соли ҷорӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу
сифати хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои
сироятӣ, аз ҷумла коронавирус таъмиру азнавсо-
зии шуъбаҳои сироятӣ, бо мусоидати Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва
буҷаи маҳал дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Бемор-
хонаи сироятӣ дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаи сироя-
тии Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бурӣ
Воҳидов, шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои Но-
рак, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ (кӯдакона),
Дӯстӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муъминобод,
Фархор ва Темурмалик ба итмом расонида шуда-
аст.
Масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо
мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи
тиббӣ афзалияти асосӣ маҳсуб ёфта, айни замон
дар вилоят 4147 нафар табибон, 20136 нафар кор-
мандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
СОҲАИ ФАРҲАНГ
Боиси фарҳамандист, ки 15 декабри соли ҷорӣ
Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО номинаи “Фалак”-ро
бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи
мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман
ворид намуд, ки жанри мусиқии суннатии мо “Фа-
лак” мисли ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳониро касб
кард.
Муждаи дигари фарҳангӣ барои на танҳо мар-
думи Хатлонзамин, балки тамоми тоҷикистониён
ин аст, ки солҳои 2022-2023 бо қарори ЮНЕСКО
2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин”
ва 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ
Абӯрайҳони Берунӣ дар сатҳи байналмилалӣ
таҷлил мегардад.
Соли 2021 барои аҳли ҳунари вилоят соли
хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд, зеро
ҳунармандони вилоят дар чорабиниҳои сатҳи
вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок
намуда, саҳми муносиби худро дар таҷлили ҷашни
Истиқлолияти давлатӣ гузоштанд.
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил-
лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ноҳияҳои Темур-
малик, Балҷувон, Муъминобод, Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ, Фархор, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ
ва Ховалинг муассисаҳои фарҳангӣ мавриди ис-
тифода қарор дода шуда, вазъи хизматрасонӣ дар
ноҳияҳои болозикр рӯ ба беҳбудӣ овард.
Дар 11 моҳи соли равон ба муассисаҳои ки-
тобии вилоят 12357 нусха адабиёт аз ҳисоби
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти
Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони
эҳсонкор харидорӣ гардидааст.
Давоми соли ҷорӣ
дар Ҷамоати деҳоти
“Кангурт”-и ноҳияи
Темурмалик дар до-
хили Қасри фарҳанг
китобхона бо теъдоди
10 ҳазор нусха китоб,
дар Ҷамоати деҳоти
“Танобчӣ” бо теъдоди 5
ҳазор адабиёт, дар наз-
ди коллеҷҳои оташни-
шонии ноҳияи Данғара,
тиббии иҷтимоӣ ва
формасевтии шаҳру
ноҳияҳои Бохтар,
Данғара, Восеъ ва Те-
мурмалик китобхонаҳои
дохилӣ бо теъдоди аз
3 то 5 ҳазор адабиёти
тозанашр ва бо зиё-
да аз 15 ҳазор китоби
электронӣ таъмин карда
шудаанд, ки барои истифодаи донишҷӯён ва кор-
мандон мусоидат менамояд.
Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Дӯстӣ,
Темурмалик, Ҷ.Балхӣ, Панҷ, Кӯшониён, Ҳамадонӣ,
Восеъ, Муъминобод, Ҷайҳун, Ёвон, Балҷувон,
Ховалинг 13 адад китобхона - филиалҳои деҳотӣ
таъмиру азнавсозӣ гардида, 3 китобхонаи марказӣ,
аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг, Панҷ ва Дӯстӣ
китобхонаҳои марказӣ ва бачагона бо мусоидати
соҳибкорон пурра азнавсозӣ ва мавриди истифода
қарор гирифтанд.
КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати дав-
латии ҷавонон” ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру
супоришҳои Пешвои миллат оид ба амалигардо-
нии рушди соҳаи ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ
таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб
барои ҷавонон, соли равон дар ноҳияи Хуросон
бинои нави Маркази ҷавонон ба истифода дода
шуда, дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод корҳои
сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ ва дар ноҳияи Ш.
Шоҳин бошад, идома дорад.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру
ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими
иншоотҳои варзишӣ ба анҷом расонида шуд, ки
баҳри рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии
ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Айни ҳол дар миқёси вилоят 4015 иншооти
варзишӣ, аз ҷумла 39 варзишгоҳ, 3135 майдон-
чаи варзишӣ, 571 толор, 35 ҳавзи шиноварӣ ва 9
маҷмааи варзишӣ, 226 иншооти махсуси варзишӣ,
аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ
фаъолият доранд.
Дар миқёси вилоят баҳри ҷалби ҷавонон ба
тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи вилоят
16527 мусобиқаи гуногун ташкилу баргузор карда
шуда, дар он 823110 нафар наврасону ҷавонон ва
дигар табақаи ҷомеа фаро гирифта шуд.
Варзишгарони вилоят соли равон дар беш аз
78 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат
варзида соҳиби 1652 медал, аз ҷумла 591 медали
тилло, 415 медали нуқра ва 646 медали биринҷӣ
гардиданд.
Инчунин варзишгарони вилоят дар 11
мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазо-
вори 41 медал, аз ҷумла 6 медали тилло, 7 медали
нуқра ва 28 медали биринҷӣ шуданд.
Дар умум варзишгарони вилоят соҳиби 597
медали тилло, 422 медали нуқра ва 674 медали
биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1693 медал ба даст овар-
данд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригарди-
да 529 медал зиёд мебошад.
СОҲАИ САЙЁҲӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вило-
ят барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби
таваҷҷуҳи ҷомеа ба имконият ва захираҳои сайёҳии
вилоят, ҳавасманд гардонидани субъектҳои
хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мута-
хассисони соҳа як силсила тадбирҳои судмандро
роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи
Пешвои миллат то ин давра 17 ширкати нави
сайёҳӣ таъсис ёфта, харитаи сайёҳии вилоят бо
забони англисӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Боиси қайд аст, ки ёдгориҳои таърихию
фарҳангии вилоят аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и
ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и
ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи
Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи
Қубодиён ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии
ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон
аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии ви-
лоят дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар ва дар
гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”-и ноҳияи
Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои
байналмилалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва дар
қисман шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум
27 марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис
ёфта, фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин давра, аз мавзеъҳои сайёҳии
шаҳру ноҳияҳои вилоят 408 ҳазору 689 нафар
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2601 нафар
меҳмонони хориҷӣ дидан намуда, аз инфрасохто-
ри хизматрасонии онҳо истифода бурданд.
СОҲАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА
Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани мақом
ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои
давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Бо
мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти
ҷамъиятӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъол-
гардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2021-2030» ба омӯзиши касбу ҳунар
ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон
корҳои муайян ба иҷро расиданд.
Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият на-
муда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию
иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи зиё-
да аз 1 миллиону 702 ҳазору 49 нафар занону дух-
тарони вилоят 9833 нафарашон занони роҳбар ва
470 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд.
Дар вилоят 587 нафар олимон аз ин 187 нафар
занон ё худ 31,8 фоизро ташкил дода, аз ҷумла, 3
нафар доктори илм, профессор, 126 нафар номза-
ди илм, аз ин 58 нафар дотсент мебошанд.
Дар самти тиҷорат шумораи занони соҳибкори
инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти
андоз 17541 нафарро ташкил дода, аз ин 12425
нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент
фаъолият менамоянд.
Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти
дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти
ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола барои
таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии
ҷумҳурӣ квота ҷудо карда мешавад. Дар соли хони-
ши 2021-2022 барои вилояти Хатлон 534 квота ҷудо
шудааст, ки аз он 272 квота барои духтарон мебо-
шад. Дар маҷмӯъ, 1347 нафар донишҷӯдухтарони
вилоят тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.
Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди
ҳунарҳои миллӣ дар соли 2021-ум 27 нафар зано-
ну духтарони соҳибкасбии вилоят ба маблағи 670
ҳазор сомонӣ сазовори Гранти Президентӣ шуданд.
Новобаста аз дастгирии давлатии занону дух-
тарон, қабул гардидани силсилаи барномаҳои
давлатӣ дар ин самт ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун
дар ҷодаи таҳкими институти оиладорӣ то ҳол
масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар сатҳи ни-
гаронкунанда қарор дорад. Дар 11 моҳи соли 2021
шумораи ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 22980
адад ва қайди бекоршавии ақди никоҳ 2950 ададро
ташкил намудааст.
ТАНЗИМ ВА ДИН
Дар 11 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои ви-
лоят ҳамагӣ 47259 маъракаю маросим, аз ҷумла
42940 тӯйи домодию арӯсӣ, 2214 маъракаи “чил” ва
2105 маъракаи “сол” баргузор гардиданд, ки нисбат
ба ҳамин даври соли гузашта миқдори тӯйи домо-
дию арӯсӣ 9416 адад, маросими “чил” 511 адад ва
“сол” 861 адад зиёд мебошад.
Маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин
чорабиниҳо 154,1 миллион сомониро ташкил дода,
нисбат ба соли қаблӣ 28,8 миллион сомонӣ зиёд
шудааст.
Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз
ҷониби комиссияҳои муштарак давоми ёздаҳ
моҳи соли ҷорӣ 8339 рейд гузаронида шуда, 151
ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзим ош-
кор ва нисбати шахсони қонунвайроннамуда ҷазои
маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Айни ҳол дар қаламрави вилоят дар асоси та-
лаботи қонунгузории соҳа 1781 иттиҳодияи динӣ
фаъолият доранд. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои
ҷомеи марказӣ 19, масҷиди ҷомеъ 119, панҷвақта
1638 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 14 адад-
ро ташкил медиҳад.
МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Муроҷиати шаҳрвандон дар 11 моҳи соли 2021
ба унвони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилоят дар маҷмӯъ 3029 адад ворид гардид, ки
нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (соли гузашта
2758 адад буд) 271 адад зиёд мебошад. Аз теъдо-
ди умумии муроҷиатҳои воридгардида 2094 хаттӣ,
935 шифоҳӣ, ки 34 адади он муроҷиати такрории
шаҳрвандон мебошад.
Муайян карда шуд, ки бештари муроҷиатҳои
воридгардида аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 327,
Кӯшониён 226, Бохтар 183, Ёвон 137, Восеъ 164 ва
Вахш 136 адад мебошанд.
КАДРҲО
Масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти
кадрҳо ва таъмини иҷрои самараноки фаъолияти
мақомоти давлатӣ дар самти идоракунӣ ва хизма-
ти давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим
арзёбӣ шуда, дар паёмҳои ҳарсола мунтазам таъ-
кид мегарданд.
Дар ин давра дараҷаи маълумотнокии кадрҳо
баланд бардошта шуда, дар партави татбиқи дас-
тури супоришҳои иловагии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, айни ҳол занон дар хизмати давлатӣ
15,8 фоиз ва аз ҳисоби ҷавонон 34,7 фоиз фаъо-
лият доранд.
ҲИФЗИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят миқдори уму-
мии ҷиноятҳои содиршуда 6531 ҳолатро ташкил
намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78
ҳолат ё 1,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар аксари шаҳру ноҳияҳо миқдори ҷиноятҳо
кам гардида бошад ҳам, дар шаҳру ноҳияҳои Бох-
тар 81 ҳолат, Ёвон 67, Кӯшониён 55, Хуросон 35
Кӯлоб 27, Ҷайҳун 22, Норак 21, Ховалинг 11, Вахш
9, Данғара 6 ва А. Ҷомӣ 1 ҷиноят нисбати ҳамин
давраи соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шуда-
аст.
Зарур аст, ки нисбати ҳама гуна зуҳуроту
падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ густариш ёбад.
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даври ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Чи тавре ки маълумотҳои таҳлилӣ нишон
медиҳанд, дар давраи ҳисоботӣ рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят таъмин гардида бошад ҳам, вале дар аксар шаҳру ноҳияҳо имконият ва захираҳои истифоданашуда хеле зиёд боқӣ монда, мову шуморо зарур аст, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ аз онҳо самаранок истифода намоем.