Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...

Дар солҳои 90-уми асри XX зиндагӣ ба сари ашхоси нодор рӯзҳои сахтро овард. Онҳо аз ноилоҷӣ барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба мардикорӣ оварданд. Ҳарчанд медонистанд, ки мардикорӣ рӯзҳои сангин дорад, машаққату таъқибҳо мебинанду таҳқирҳо мешунаванд, бар ивази меҳнати миёншикани шабонарӯзӣ ҳаққи ночизе мегиранд, боз мерафтанд ба мардикории мулки бегона. Мера-ванд ба мусофират, то ки ризқу рӯзӣ ёбанд.
Кӣ мехоҳад ҷойи гарму нармаш, зану фарзандон ва волидо-ни хешро монда, ба мулке равад, ки дар он ҷо нафаре интизораш нест, на ҷойи хоб дораду на ҷойи кор, на ёру на диёр? Онҳо дар “гирдоб”-и мардикорӣ месӯзанду баъзан ба ҷойи фоида зарар мебинанд. Дар бисёр мавридҳо бо дасти холӣ, тани дардманд ва аламҳои зиёд дар дил бармегарданд.
Дар ин қисса аз мусибатҳои мардикорӣ, аламҳои қалб, азобҳои дар ғурбат дидаю таҳқирҳои шунидаи мардикори тоҷик дар солҳои 90-ум сухан меравад. Ба хотири аламҳои онҳоро дубора бедор накардан, номҳои қаҳрамонони қиссаро иваз намудем.
... Инсон умри ночизе мебинад. Он мисли дурахши барқ кӯтоҳ аст. Вале ҳар кас мехоҳад умри худро хуш гузаронад. Хонаи обод, ризқи фаровон, бахту тахт, фарзандони накӯ, тани бедард, қалби беғам дошта бошад. Меҳрӣ низ дар ҷавонӣ дар дил ҳавасҳои зиёде дошт. Орзу мекард, ки шавҳари хубу меҳрубон насибаш гардад, модар шаваду ҳавасҳо бинад. Аз кулбааш хандаи тифлакон барояд. Ва ӯ манзили ҳавасҳояшро дарёфт. Ба Азизулло ном ҷавони ҳамдеҳааш ба шавҳар баромада, бахт дид.
Азизулло аз кӯдакӣ ба сахтиҳои зиндагӣ дучор гардид. Дусола буд, ки аз падару модар сағира монд. Сағирагӣ бо-шад, рӯзи сахт асту некӣ надорад. Баъди марги падару модари ҷавонаш ӯро партофта, дубора ба шавҳар баромад. Ятимбача овораи ҳар дар шуд. Оқибат ба тарбияи гағояш Мирзо монд. Тағо ҷиянашро меҳри падарӣ дода, аз пайи саводомӯзии ӯ шуд. Азизуллоро ба мактаб- парваришгоҳ (интернат) гузошта, тез-тез аз ҳолаш хабардор мешуд. Азизулло баъди хатми мактаб хизмати аскариро ихтиёр кард.
Ба унвони Мирзо аз қисми ҳарбӣ борҳо номаҳои миннатдорӣ омад. Дар онҳо гуфта мешуд, ки аскарбачаи тоҷик феълу ахлоқи хуб дораду хизматро софдилона ба ҷо меорад. Ин ифтихори тағо буд.
Меҳрӣ, ки оилаи онҳо дар ҳамсоягӣ бо оилаи Мирзо мезист, Азизуллои чорпаҳлую хушқад ва бо либоси низомӣ боз зеботаршударо баъди адои хизматаш дар деҳа дида, қалбаш талабгори ҷавон шуд. Ӯ тақдири духтараки пурорзую ошиқ будааст. Бо розигии волидону майлу хоҳиши тарафайн онҳо издивоҷ намуданд.
Бахт ба сари ҷавонон хушиҳои зиёде овард. Азизулло марде буд хушмуомила, ширинсухан, дардошною дӯсти ҳақиқии умри ҳамсараш. Худованд ба онҳо 7 фарзанд ато кард. Онҳо зиндагии волидонро боз хуштар гар-дониданд. Зану шавҳар барои кӯдаконашон мезистанд. Фарзандон дунёи афсонавии зиндагиа-шон гаштанд.
Азизулло аз аскарӣ бо касби ошпазӣ баргашта, пайи он ризқу рӯзӣ меёфт. Баъдтар фаъолияти кориро дар хоҷагии ҷангал идома дод. Ҳар ҷо, ки кор мекард, обрӯ дошт, дасту дилаш пок буд. Вақтҳои охир бошад, ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ пардохт. Ҳама ҷо, дар ҳавлию канори роҳу кӯчаҳо пайваста ниҳолеро шинонда месабзонд. -Сабзонидани ниҳол кори савоб аст, он Худовандро низ хуш ояд. Ниҳоли дарахт низ фарзандро мемонад, бигзор сафи онҳо бештар бошад,- мегуфт ҳар замон.
... Ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии мардуми осударо талх гардонд. Ба сари инсони созандаву меҳнатӣ мушкилиҳо овард. Оилаи онҳо низ аз ин азобҳо истисно набуд. “Рӯзғор ғор”, гуфтаанд. Ҳарчанд давлату дунё дошта бошӣ ҳам, агар он аз ҷое зарра-зарра нарезад, рӯзе хушк мешавад. Буҷаи оилавии онҳо холӣ мешуд, зиндагӣ вазнинтар гашт. Ин ҳолро ҳама ба сар дошт ва мардуми сахтрӯзро ба кӯи мардикорӣ бурд.
Бузургписари оила Шодмон майли ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро намуд. Падару модар писарро бо дили садпораю ашки шашқатор ба мардикорӣ гусел намуданд. Баъди рафтани як пораи қалбашон во-лидон хурду хоби осударо гум кар-данд. Ҳушу ёдашон кашоли писар буд. Андешаҳои“Писарашон дар мулки бегона чӣ ҳолу чӣ рӯз дорад?” онҳоро азоб медод. Бештар падар месӯхт. Сӯхтани мард осон набудааст. Вай пеши чашмони завҷааш хазон мегашт. Ҳар замон писарро ёд мекард, кунҷи хонаю рӯйи ҳавлӣ ва сари кӯча Шодмонро ҷӯё мешуд. Ҳар саҳару шом “Писарам омад ё не?” гӯён занро суолборон менамуд. Медонист, ӯро чанде пештарак гуселонидааст, боз тоқаташ намонда, писарро меҷуст.
Шодмон баъди як соли мардикорӣ ба хона баргашт. Ӯ шиканҷаҳои зиёдеро паси сар намуда буд. Рӯзу шаб кори сиёҳро иҷро намуда, ҳаққи ночизе ба даст овард. Сари ҳар қадам аз худию бегонагон таҳқир шунид.
Кормандони пулис зуд-зуд ба ҷойи хобаш омада “чойпулӣ” талаб мекарданду тоҷикбачаҳои қаллобу роҳзан фиребаш медоданд. Баҳонаи кумак намудан пулҳояшро мегирифтанду ғайб мезаданд. Бо ҳамин азобҳо ба хона расид.
Зиндагӣ беҳбудӣ наёфт. Оиларо хӯрондану пӯшондан лозим буд. Писари калонӣ боз маҷбур шуд, ки рӯ ба мардикорӣ ниҳад. Ҳамин тавр Шодмон рахти сафар баст. Ин дафъа падар ӯро ҳамроҳӣ карданӣ шуд.
-Падарҷон, ман меравам, кифоя аст, Шумо назди модару додару хоҳаронам монед,- хоҳиш кард писар аз падар.
-Не, дигар тоқати раҳпоии туро надорам. Ба ҷудоӣ одат накардаам, он маро мекушад,- қарори худро чунин маънидод намуд Азизулло.
Онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Акнун сӯхтану раҳпоӣ ба сари зан афтод. Падару писар қариб ду сол интизораш карданд. Зан ҳаминашро медонист, ки онҳо дар шаҳри Толятии вилояти Самара кор мекарданд. Оқибат мард назди зану фарзандон баргашт. Кораш барор нагирифту дасти холӣ омад.
- Корфармо фиребамон дод. Ваъда ба имрӯзу пагоҳ монда, пардох-ти ҳаққи меҳнатамонро кашол дод. Шодмона мондам, ки якбора пули корамонро гирифта биёяд,- бо дарду алам фаҳмонд шавҳар.
Зан ҳар гоҳ аз шавҳар азобу таҳқир ва таҳдидҳои медидаи мардикоронро шунида, аламаш зиёдтар мешуд ва дар оташ месӯхт. Шавҳар низ дар дил аламҳои бештаре дошт. Зеро ӯ худ бо чашмони хеш ин ҳама азобҳои мусофиратро дидааст.
Бо гузашти чанд моҳ Шодмон низ ба хона баргашт. Ӯро бо кисаҳои холию сару рӯйи вараму каб-кабуд ва тани нимурён дида, модар аз ҳуш рафт. Писар аз дасти роҳзанҳои худию бегона ба чунин ҳол зада буд ва чанд муддате бистарӣ шуд. Азизулло нобаробариҳоро ба дил наздик қабул менамуд.
Ҳар гоҳ бо қарздоронаш вохӯрда монад, аз дасткӯтаҳӣ рӯяш дуд мекард. Асабоният марди бечораро аз по зад. Қоматшикастаю ба дарди асаб мубтало шуд. Шабу рӯз дар фикри баргардонидани қарз буд, раҳм ба ҷони хеш накард. Оқибат ба беморхона афтод.
...Ҳамон шоми наҳсу сиёҳ хабари марги Азизуллоро оварданду заминзери пойи завҷаи афгоргаштааш ларзид ва осмон ба сараш фурӯ рафт. Аҷали бераҳм дунёю ҷаннаташро рабуд ва ӯро дар нимароҳи зиндагӣ ба дасти танҳоӣ дод, ғамзада гардонд. Мардикорӣ бошад, азодораш кард, дар қалбаш аламҳои зиёде гузошт...
Аз муаллиф: Қиссаи пурдарди ин оила касеро бетараф намемонад. Муҳоҷирати меҳнатӣ боз қалберо аламдор кард, дар дил доғе гузошт. Он боз чӣ қадар мусибату шиканҷаҳои дигар меоварда бошад?
Қиссаи зани аламзадаро рӯи коғаз оварда, тасаллияш бахшиданӣ мешавем. Оё, ӯ бо ин таскин меёбад? На, на! Зеро бо сухане ҳаёти рафтаро бозпас гардонида намеша-вад. Афсӯс!...
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
