7 шабонарӯз ҳабс барои “дрифт” дар роҳи мошингард ва ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки ронандаи автомошинаи "Жигулӣ-Ваз 2107" дар роҳи мошингарди шаҳри Бохтар ҳаракати бонизоми дигар автомашинаҳоро халалдор ва 5-7 дақиқа манъ намуда, автомашинаашро дар ҷои ист ба ҳаракат дароварда, ба қавле “дрифт” ва “кокс” медиҳад. Корбарон бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷа кормандони милитсияи Хатлон дар доираи таҳқиқи ин ҳолат ронандаи дар навор инъикосёфтаро муайян ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастрас намуданд. Ин нафар Маҳмадраҳимов Меҳроҷиддин Саифуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини Ҷамоати деҳоти "Гулистон", деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи"Жигулӣ-Ваз 2107" , рақамҳои қайди давлатиаш 0102R001 мебошад.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 24 ноябри соли ҷорӣ шабона, соатҳои 21:00 дар роҳи мошингарди шаҳри Бохтар нақлиёти худро бо садои баланду гӯшхарош идора намуда, дар баробари ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва вайрон намудани ҳаракати бонизоми дигар воситаҳои нақлиёт, ба таври худнамоӣ ба “дрифт” машғул шуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва оромии шаҳрвандонро дар вақти шабона халадор намудааст.
Бо назардошти ин ҳолат нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид.
Дар асоси қарори суд нисбати шаҳрванд Маҳмадраҳимов М.С ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00