Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ ОШХОНА ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “САЙВАЛӢ”


КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ ОШХОНА ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “САЙВАЛӢ”




25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ошхона ва маркази хизматрасонии “Сайвалӣ”-ро ба истифода супорид.

Ин иншооти нав бо ҳадафи рушди инфрасохтори хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2025 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расидаанд. Ошхона ва маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкор Бурҳонов Сайвалӣ бо ҷалби беш аз 10 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Бо ба истифода додани иншоот, 18 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд, ки ин барои беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум ва рушди иқтисодии минтақа саҳми муҳим мегузорад. Лоиҳакаши иншоот КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб мебошад.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро барои таъмини сокинон ба ҷойи кор шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки барои ҷалби сайёҳон хизматрасонии босифат анҷом дода шавад.

Зимни ифтитоҳи иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд, оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон хони идона ороста шуд. Дар ин замина ба онҳо аз номи раиси вилоят туҳфаҳои арзишманд тақдим гардида, таъкид шуд, ки дастгирии қишри ниёзманд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, ҳаргиз аз мадди назар дур намемонад.

Алишери Абдулмаҷид,
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода