ҲОРӢ- БЕМОРИИ МАРГОВАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Яке аз хатарноктарин беморӣ ин бемории ҳорӣ(девонагӣ) мебошад, ки боиси нигаронии ҳамагон гаштааст. Он ҳангоми газидани ҳайвонот, ба мисоли саг, гурба, муш, хар ва дигар намуди ҳайвоноти даранда сар мезанад. Ин беморӣ сироятӣ буда, дар бемор осебёбии системаи асаби марказӣ ба амал меояд. Ба бемории ҳорӣ ҳама намуди ҳайвоноти ширхӯр, паранда, инчунин одамон низ гирифтор мешаванд. Ин беморӣ одатан, бо марг анҷом меёбад. Хатари ин беморӣ ба одамон аксар дар фасли сармо ба назар мерасад, чунки дар ин фаслҳо ҳайвоноти гурусна ба одамон дарафтода инсонҳоро сироят мекунанд.
Масъулони муассисаи назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Бохтар, ки шахсони осебдидаро ба қайд мегирад, иттилоъ доданд, ки нишондоди бемориҳои сироятӣ дар давоми даҳ моҳи соли2024-ум 88 нафар ва дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 82 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта6 нафар кам мебошад. Маълум карда шуд, ки ин82 нафар ба бемории ҳорӣ гирифтор нестанд.
Сагҳои дайду дар гирду атрофи шаҳри Бохтар ба назар мерасанд. Бинобар ин, аз Корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар дар ин самт кадом амалҳоро анҷом медиҳанд, пурсон шудем. Тибқи маълумотҳои ин корхона дар моҳи сентябри соли2025 аз кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар ва корхонаю беморхонаҳо 15, аз тарафи ин корхона45, дар якҷоягӣ бо шуъбаи корҳои дохилӣ дар умум, ба миқдори 259 адад сагҳои дайду ва беморро маҳв намудаанд. Қисми зиёди сагҳои дайду дар назди нуқтаҳои партовҷамъкунӣ безарар гардонида шуда, ин масъала таҳти назорати доимии корхона қарор дорад.
Тавре ки Ҳасанов Маъруфҷон, сардори шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ вазифадор карда шудаанд, ки минбаъд хизматрасонии муздноки 8 номгӯйи бемориҳои ҳайвонот, яъне ва-бои сумдарди чорво, сӯхтанӣ, брутселёз, сил, тауни чорвои калони шохдор ва чорвои майда, гули гӯсфандон ва бузҳо, тауни паранда, аз ҷумла ҳориро дар самти ташхис ва пешгирӣ (эмгузаронӣ) аз 1-уми ноябри соли2025 ройгон анҷом диҳанд.
Доир ба ин беморӣ мутахассиси Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар Баротова Муяссара маълумот дод, ки пас аз чанд рӯзи осеб диданаш дар инсон фикрҳои бад, хобҳои бад, ҳолатҳои хашмгинӣ шурӯъ мешавад. Бемор аз рӯшноӣ мегурезад, даҳон хушк шуда, танҳоиро интихоб мекунад. Баъзан об мехоҳад, аммо обро дида, нӯшиданашро рад мекунад. Яке аз хислати шахси бемор ин аст, ки касро мехоҳад бигазад ва агар ин ҳодиса рух дод, шахси ҷароҳатёфта сироят ёфта, ӯ низ бемори ҳорӣ мешавад. Барангезандаи ин беморӣ дорои РНК буда, ба системаи асаб таъсир мерасонад.
Он дорои ду шакл буда, кӯчагӣ(ваҳшӣ), ки табиа-тан дар байни ҳайвонот гардиш мекунад, барои ширхӯрон хело пуртаъсир мебошад. Вируси ҳорӣ дар муҳити атроф устувор нест. Он дар давоми2 дақиқа нобуд мешавад. Вай дар зери таъсири моддаҳои гуногуни дезинфиксионӣ зуд нест мешавад. Бемории ҳорӣ қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дида мешавад. Ба ин беморӣ бештар мардон дучор мешаванд. Асосан дар мавсими тобистону тирамоҳ сироятҳо бо зиёд шудани тамос бо ҳайвоноти бесоҳиб ва ваҳшӣ дар ин давраи сол алоқаманд аст. Аломатҳои ин беморӣ 40 рӯз, 6 моҳ ва ҳолатҳое мешавад, ки дар давоми1 сол пайдо мешавад. Ин аз он сабаб аст, ки ҳайвоноти бемор агар аз қисмати сар газад, давоми 40 рӯз то 6 моҳ, ҳангоми аз дасту пойҳо газидан давоми як сол тӯл мекашад.
Бемории ҳорӣ як сирояти марговар буда, дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, эҳтиёт муҳим аст. Ҳар шахсе, ки аз ҳайвон осеб мебинад, бояд фавран ба духтур муроҷиат кунад. Эмгузаронӣ роҳи асосии пешгирии ҳорӣ мебошад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...