Устувории содирот ва имкониятҳои нави бозор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Фаъолияти бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли равон самаранок ва ҳадафмандона ба роҳ монда шуд. Натиҷаҳои бадастомада имконият медиҳанд, ки иқтидори содиротии вилоят боз ҳам густариш дода шуда, саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ бештар гардад.
Таҳлили натиҷаҳои рушди иқтисодии бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят равона намуда, дар натиҷа як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар асоси маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7049 тоннаро бо маблағи 2952235 доллари ИМА ташкил додааст.
Дар ин давра ба санаи 1-ноябри соли ҷорӣ танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ҳамагӣ ба миқдори 7049 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, аз он ҷумла пиёз 1633 тонна, зардолу 808 тонна, олу 1171 тонна, себ 50 тонна, нок 10 тонна, ҷуворимакка 17 тонна, тарбуз 39 тонна, шафтолу 263 тонна, чормағзи заминӣ 612 тонна, писта 504 тонна, мағзи писта 91 тонна, кадуча 44 тонна, ангур 902 тонна, карам 52 тон-на, лаблабу 574 тонна, бодиринг 1,1 тонна, помидор 1 тонна, қаланфур 2,3 тонна, каду 11 тонна, анор 1 тонна, нок 3 тонна, меваи хушк6 тонна, мавиз1 тонна ва лимӯ 364 тоннаро ташкил медиҳад. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Қазоқистон 1366 тонна, Покистон 1445 тонна, Афғонистон 1113 тонна, Узбекистон 350 тонна, Россия 2658 тонна, Туркия 91 тонна ва Қирғизистон 22 тоннаро ташкил додааст.
Инчунин дар ин давра дар асоси маълумотномаи Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар, маҳсулоти саноатӣ: Нахи пахта бо маблағи 64459173 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 41835479 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21413148 доллари ИМА кам мебошад.
Калобаи ресандаги бо маблағи 15186832 доллари ИМА содиротшуда, ё ки 7061113 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3923952 доллари ИМА кам мебошад.
Матоъ бо маблағи 7693702 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 7926653 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1754925 доллари ИМА кам мебошад.
Нуриҳои минералӣ бо маблағи 5598 доллари ИМА содирот шуда, ё ки19139 кг-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 731147 доллари ИМА кам мебошад.
Маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо маблағи 2952235 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 7049540 кг-ро ташкил додааст. Қувваи барқ бо маблағи 59282179 доллари ИМА содирот шуда ё, ки 152231991 ҳазор квт соатро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31416254 долари ИМА зиёд мебошад.
Семент бо маблағи 14793838 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 289159040 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1359328 доллари ИМА кам мебошад. Автомобил(адад) бо маблағи 78083 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 9 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71296 доллари ИМА кам мебошад. Гаҷкартон (армстронг) бо маблағи 123610 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 89741 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 123610 доллари ИМА зиёд мебошад.
Бензин бо маблағи 2512903 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 3375270 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1285477 доллари ИМА зиёд мебошад. Орд бо маблағи 351059 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 944075 кг– ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 331859 доллари ИМА зиёд мебошад. Сӯзишвории дизелӣ бо маблағи 280916 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 315210 кг- ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта185820 доллари ИМА зиёд мебошад.
Арматура бо маблағи 2432785 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 3272810 кг- ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1205359 доллари ИМА зиёд мебошад.
Шираи камол бо маблаи 431480 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 30820 кг-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 431480 доллари ИМА зиёд мебошад.
Пилла бо маблағи 449280 доллари ИМА ташкил дода, 57600 кг- ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 348480 доллари ИМА зиёд мебошад.
Ангиштсанг бо маблағи 60103 доллари ИМА содирот шуда, ё ки 474130 кг– ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36217 доллари ИМА кам мебошад.
Ҳамагӣ содирот бо маблағи 172986752 доллари ИМА ташкил дода, ё ки 356398312 кг-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3187732 доллари ИМА зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми содироти вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли 2025 ба172 986 752 доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 187 732 доллар зиёд мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бо вуҷуди тағйирёбии бозор ва мушкилоти иқтисодии ҷаҳонӣ, вилояти Хатлон тавонистааст иқтидори содиротии худро ҳифз ва ҳатто дар бархе самтҳо афзоиш диҳад.
У. ЗОҲИРЗОДА,
мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...