ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ– ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон низоми муҳими ташкилдиҳандаи давлатдории миллӣ мебошад. Дар тӯли солҳои Истиқлолият ин низом ҳамчун такягоҳи асосии субот, ваҳдати ҷомеа ва рушди сиёсиву иқтисодии кишвар баромад кардааст. Маҷмӯи амалҳои стратегӣ, хирадмандӣ ва сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд, ки низоми идоракунии президентӣ барои шароити Тоҷикистон мувофиқтарин ва муътамадтарин моделест, ки метавонад давлатро аз буҳрон барорад, пойдории онро таъмин намояд ва асосҳои рушди устуворро таҳким бахшад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо буҳронҳои сангине рӯбарӯ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагии сиёсӣ, ноустувории ҳокимият ва набудани идоракунии мутамарказ кишварро дар остонаи нестшавӣ қарор дод. Маҳз дар ин марҳалаи ҳассос, соли 1992 ба саҳнаи идорӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва баъдан, бо раъйпурсии умумихалқӣ дар соли 1994 таъсис дода шудани ниҳоди президентӣ ва тибқи Конститутсия мустаҳкам гардидани институти президентӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки роҳи сулҳ, субот ва пойдорсозии давлатдории миллӣ пайгирӣ карда шавад. Ин воқеа гардиши таърихӣ барои миллат буд.
Дар ҷабҳаи иқтисодӣ сиёсати президентӣ дар сарнавишти кишвар таъсири сарнавиштсоз дошт. Бо ташаббуси Пешвои миллат ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, барномаҳои рушди энергетика, аз ҷумла бунёди НБО«Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», НБО«Роғун», хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳои байналмилалии Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Қулма ва садҳо тарҳу лоиҳаҳои иқтисодӣ ба иҷро расиданд. Бо ҳамин тадбирҳо Тоҷикистон аз кишвари аз лиҳози энергетикӣ вобаста ба давлати дорои истиқлоли энергетикӣ табдил ёфт, ки инро худи Пешвои миллат ҳамчун роҳи ба«истиқлолияти энергетикӣ» арзёбӣ кардаанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат низ бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо ислоҳоти муҳим амалӣ шуданд. Аз ҷумла, барҳам додани системаи нодурусти идоракунии пахта, сиёсати додани мустақилият ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва барҳам хӯрдани совхозу колхозҳо, ҷорӣ кардани технологияҳои обёрии сарфакорона, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ворид намудани таҷҳизоти муосир нишон медиҳанд, ки идоракунии президентӣ ба истеҳсолот, бозори меҳнат ва рушди минтақаҳои дурдаст таъсири амиқ гузоштааст.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ислоҳоти сиёсиро бо тамаркуз ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, таҳкими қонунмандӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон пеш бурданд. Қабули даҳҳо қонунҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва садҳо санадҳои дигар далели онанд, ки низоми идоракунии президентӣ маҷмӯи чорабиниҳои саросариест, ки ба танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа равона шудааст.
Дар арсаи байналмилалӣ низ низоми идоракунии президентӣ Тоҷикистонро ба яке аз ҳомиёни масъалаҳои глобалии инсоният табдил дод. Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти ҳифзи об, иқлим, пиряхҳо, зеҳни сунъӣ, сулҳ ва экология чандин бор аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтаанд. Беш аз се даҳсолаи фаъолияти дипломатии Тоҷикистон нишон дод, ки Президенти мамлакат кишварро ба як субъекти эътирофшуда дар арсаи ҷаҳонӣ табдил додаанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати низоми идоракунии президентӣ дар фазои суботу амният рушд мекунад, сатҳи маърифати ҷомеа боло меравад, қудрати иқтисодӣ афзоиш меёбад ва нуфузи байналмилалии кишвар таҳким меёбад. Идораку-нии президентӣ бо сарварии Пешвои миллат ба рукни асосии дав-латдории миллӣ ва яке аз устувортарин пояҳои пешрафти ояндаи тоҷикон табдил ёфтааст.
Латофат ОДИНАЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...