Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ҚУРБОН МИРЗОАЛИЕВ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ҚУРБОН МИРЗОАЛИЕВ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Имрӯз, 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Қурбон Мирзоалиевро дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ аёдат намуданд.

Зимни мулоқот бо ин шахси соҳиби эҳтиром суҳбати самимӣ сурат гирифт. Раиси вилоят ба Мирзоалиев тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда, аз хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди хоҷагии халқ, фаъолияти созанда ва саҳмаш дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ёдовар шуданд.

Қурбон Мирзоалиев ҳамчун шахси заҳматдӯст ва соҳибтаҷриба дар солҳои тӯлонӣ дар рушду ободонии маҳал нақши муҳим гузоштааст. Аёдати собиқадорон ва қадрдонии заҳмати онҳо яке аз самтҳои муҳимми дастгирии иҷтимоӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода