Масири зиндагии ибратомӯз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 30
![]()
Нашри номаи шодбошии омӯзгори МТМУ-и №23-и ноҳияи Шахритус Сафаралӣ Бобоназаров соли2016 дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Субҳи Шаҳритус» муаллимро ангуштнамои хосу оми ноҳия ва берун аз он гардонид. Хонандагон аз муҳтавои «Номаи шодбошӣ» фаҳмиданд, ки муаллифи он шахси худододе будааст, ки барояш шарафи ҳамхизматӣ бо абармарду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст.
Президенти кишвар соли 1971 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда ва то соли1974 дар Флоти Уқёнуси Ором дар қаламрави Приморск хидмат карда, хизматро бо рутбаи маллоҳи калон ба охир расонидааст. Бобоназоров мегӯяд, ки ӯ ҳам дар ҳамон сол пас аз хатми бахши математикаи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (алҳол ба номи устод Садриддин Айнӣ) бо сабаби маълумоти олӣ доштан дар ҳамон қисми ҳарбӣ фақат як сол хизмат карда, соли1972 аз хизмат ҷавобаш додаанд. Муаллим доир ба хизмати харбӣ рафтанаш чунин ёдовар шуд:
-Аз Тоҷикистон мо 150 ҷавони ба хизмат даъватшударо ба Шарқи Дур бо ҳавопаймо бурданд. Баъди расидан 50 нафар якҷо мондем, дигаронро ба ҷойҳои дигар тақсим карданд. Мо бо Президент аз як даъват будем, аммо он вақт ҳама наваскар, фарқе аз якдигар надоштем. Баъди расидан дар як қисми ҳарбӣ мондем.
Дар суҳбатҳои хоса муаллим Бобоназаров дар баробари Президенти мамлакат, Пешвои маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон аз дигар ҳамхизматонаш аз қабили сокини маҳаллаи Заргари шаҳри Бохтар Мамасаид Шеров, Пирумшо Хоҷаеви Норакӣ, ки солҳо директори автобаза будааст, Нуриддини ёвонӣ ва ғайра бо камоли эҳтиром ёдовар шуда, аз лаҳзаҳои хотирмони хизмати ҳарбӣ барои ҳамсуҳбатонаш қисса мекунад.
ДИДОРУ МУЛОҚОТ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Сафаралӣ Бобоназаров ба хотири ҳамхизматии собиқ ва эҳтирому эътиқод ба Эмомалӣ Раҳмон соли 1992, вақте ки он кас Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, табрикаш кард. 6 ноябри соли 1994 Президент интихоб шуданд, боз номаи табрикӣ ба номаш ирсол карда, ҷавоби мактубашро дастрас намудааст.
Соли 2016 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, дар ҷамъбасти сафари кориашон бо фаъолони ноҳия, ки дар он қатор ҳамхизмати эшон С. Бобоназаров низ ҳузур доштанд, мулқоту муҳабати хотирмон доир карданд. Муаллим Бобоназаров мегӯяд, ки гарчанде дар ноҳия қариб ҳама медонистанд, ки мо бо Президент ҳамхизматем, вале барои хестану гап задан иҷозат набуд.
22 сентябри соли2020 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳритус ба вуқуъ пайваст. Пеш аз сафар Сафаралӣ Бобоназаров хоҳиш мекунад, ки барояш имкони сухан гуфтан дар назди Президентро диҳанд.
Дар вақти вохӯрӣ бо Пешвои миллат баъди се нафар, Сафаралӣ Бобоназаров солорона назди овозрабо ҳозир шуда, бо тамкини ба худ хос ба Президент муроҷиат карда, чунин мегӯяд:
-Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мову Шумо ҳамхизмат ҳастем ва мо ҳамватанон ба роҳбариву ташкилотчигиатон ҳамон вақт қоил будем, зеро Шумо дар қисми ҳарбӣ яке аз фаъолони ташкилоти комсомолӣ будеду вазифаи масъулиятноки котиби ташкилоти комсомолиро ба уҳда доштед.
Ин қобилияти ибратбахши Шуморо дар зимни адои роҳбариатон дар рӯзҳои вазнини кишвар бори дигар мушоҳида намудем. Шумо сарварии Тоҷикистони он вақт бесомонро ҷавонмардона ба уҳда гирифта, онро аз ҷанг бароварда, ба як кишвари босуботу шукуфо табдил додед. Инро дар ноҳияи мо ҳам дидан мумкин аст, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта бар асари ҷанги шаҳрвандӣ вайрону валангор шуда, бисёр сокинонаш гуреза шуда буданд…
Он лаҳзаҳо, ки Президенти мамлакат ба суханронии баромадкунанда бо таваҷҷуҳи хоса гӯш фаро дода буд, ҳанӯз суханаш ба итмом нарасида, ҳамхизматашро шинохт ва бо шавқу завқ аз даврони хизмати ҳарбӣ ва рафиқони хамхизматашон аз ӯ пурсон шуда, руҳияашро хушҳолӣ фаро гирифт.
Дар он ҷамъомад инҷониб, муаллифи ин сатрҳо чун намояндаи ВАО-и ноҳия иштирок доштам ва чун дигар ширкаткунандагони мулоқот шоҳиди он гаштам, ки Президенти кишвар дар анҷоми вохӯрӣ ҳамхизматаш Сафаралӣ Бобоназаровро наздаш даъват карда, новобаста аз ҳукмронии пандемияи «Ковид-19» бо ӯ самимона вохӯрда, ҳамроҳаш бо ёдоварӣ аз даврони ҷавонӣ дӯстонаю бародарона суҳбат намуд. Инчунин, ба ёд оварданд, ки чӣ тавр Бобоназаров, ки то хизмат самбо машқ мекардааст, дар вақти хизмат боре бо яке аз командирони қисми ҳарбӣ-дӯстдори ин навъи варзиш, рақобат кардаю пирӯз шуда будааст…
Пешвои миллат чун фаҳмиданд, ки муаллими шаҳритусии ҳамхизматаш тӯли 50 соли фаъолияти пайвастаю бардавоми омӯзгориаш ба ҷуз нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» дигар мукофоте нагирифтааст, дастур доданд, ки хизматҳои муаллим қадр шаванд. Ба саволи Сарвари давлат дар хусуси замин доштан ё надоштанаш муаллим посух дод, ки 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, аз 200 метр об бароварда, кишту кор мекунад. Президенти мамлакат ба мақомот ва масъулон дастур доданд, ки барои ҳалли мушкили фаъолияти кишоварзии муаллим мусоидат кунанд.
Ногуфта намонад, дере нагузашта омӯзгори варзидаи ноҳияи Шаҳритус, риёзидони маъруф ва инсони соҳибдил Сафаралӣ-ако Бобоназаров бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардид.
Муаллим С.Бобоназаров дар вақтҳои фориғ аз дарс бо кишоварзӣ, суҳбат бо дӯстону ҳампешаҳо, инчунин навохтани тору пионино машғул мешавад ва фарзандону набераю абераҳояшро насиҳат карда, ба онҳо мегӯяд, ки мақоли халқии «Ба як ҷавонмард чил ҳунар кам аст»-ро дар зиндагӣ шиор қарор дода, аз вақт босамар истифода баранд. Инчунин таъкид менамояд, ки дар баробари забономӯзӣ илму ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд, дар ҳама ҳолат одоби муоширатро риоя карда, пайваста матбуоти даврию китобҳои илмию бадеиро мавриди омӯзишу мутолиа қарор диҳанд, ватандӯст бошанд ва барои рушду шукуфоии диёри азизашон содиқона талош варзанд.
Азиз ФАТТОҲ,
узви ИЖТ, сармуҳаррири нашрияи
«Субҳи Шаҳритус»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00