Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ГАНҶИНА ДАР ДЕҲАИ ДАРАИ ОБ


ГАНҶИНА ДАР ДЕҲАИ ДАРАИ ОБ


«Миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда идома бидиҳем». 

Пешвои  миллат   Эмомалӣ Раҳмон 

 

Китобхонаи деҳаи Дараи об китобхонаи беҳтарини ноҳияи Ш. Шоҳин  ба ҳисоб меравад. Таърихи таъсисёбии китобхона ба солҳои 1946-1948 рост меояд. Нахуст директори ин китобхона Ғафур Каримов буд. Сипас Боркаш Абдуллоев,   Назар Тағоев шуданд. Ҳоло бошад, Қурбон Каримов вазифаи директори китобхонаи ин деҳаро ба дӯш дорад. Ӯ муддати чил сол мешавад дар ташкил намудани китобхона ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон саҳми назаррас дорад. Дӯстодорони китоб ва хонандагони ин деҳа метавонанд аз тамоми китобҳои лозима истифода баранд.  

- Китобхонаи мо дорои  5363 адад   китоб мебошад. Бояд гуфт, ки китоб ниҳоли ақлу зеҳну  тафаккури инсонро сероб мегардонад ва тамоми дастовардҳои инсонӣ низ маҳз аз китоб мебошад.  

Ҳамарӯза 15-20 нафар ба китобхона барои мутолиаи осори ниёгон ташриф меоранд. Соли 2020 хонандагони китобхона дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ гардиданд. Олим Сайдалиев, Нуралӣ Каримов, Қиёмиддин Наимов, Фарҳод Исроилов, Маҳмадалӣ Қурбонов, Зулфия Назриева, Ҳуронбӣ Барфиева, Нуқра Ҳанисова ва дигарон аз зумраи он хонандагоне мебошанд, ки бештари вақти худро дар китобхона ба мутолиаи китоб мегузаронанд. Ҳар хонандаи фаъоли китобхона моҳе то 2-3 китобро мутолиа мекунад, - мегӯяд  Қурбон Каримов. 

Сахидоди Амирхон, хонандаи фаъоли китобхона, ҳангоми суҳбат чунин гуфт: «Китобхонаи деҳа ҷойи дӯстдоштаи мо мебошад, дари он ҳамеша кушода аст. Мо метавонем китоби дилхоҳи худро аз ин хазинаи илму дониш дастрас намоем. Аз директори китобхона барои муҳайё кардани чунин шароити хуб миннатдорем». 

 Ба назар мерасад, ки шавқу завқи хонандагон рӯз ба рӯз  ба китобхонӣ зиёд шуда, шумораи аъзои ин даргоҳ низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

М. Назиров

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода