Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҒОЛИБОНИ ОЗМУН МУАЙЯН ШУДАНД


ҒОЛИБОНИ ОЗМУН МУАЙЯН ШУДАНД


Озмуни ҷумҳуривии “Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар Тоҷикистон таҳаввулоти илмиву фарҳангиро ба вуҷуд овард. Дар ин озмун кулли сокинон иштирок намуда, миллати бомаърифату бофарҳанг будани тоҷиконро бори дигар собит сохтанд. 

Хуршед Қурбонов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойи аввалро касб кард. Хуршед донандаи хуби адабиёти муосири тоҷик низ ҳаст, вале дар ин озмун хост дониши худро аз адабиёти ҷаҳон санҷад.

Хуршед мактаби миёна ва донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар ин баробар, асарҳои зиёд мутолиа намудаву китобхонаи шахсии хешро ташкил додааст. Аз китобхонаҳо ва воситаҳои муосир, хусусан интернет, васеъ истифода мебарад. Айни замон дар китобхонаи ӯ 2 ҳазор нусха китоб ва 5 ҳазор нусха китоби электронӣ, инчунин, 300 нусха китоб, ки аз интернет дастрас намуда чоп кардааст, мавҷуд мебошад.

Хуршед ба ақидаи он ки тамошои як филми бадеӣ ба хондани як асари бадеӣ баробар аст, розӣ нест. Ӯ чунин мегӯяд: “Гарчанде дар сабти филм аз рӯи ягон асар дастандаркорон кӯшиш менамоянд, вале на ҳама навиштаҳои нависандагонро рӯи навор оварда метавонанд. Ман бисёр асарҳоро хондаам ва филмҳоро низ аз рӯи он асарҳо тамошо кардам. Кайфияти китоб аз филм даҳҳо баробар зиёдтар аст”.

Хуршед барои беҳтар гардидани сатҳи баргузории озмун чанд пешниҳод дорад. Ӯ мегӯяд: “Хуб мешуд дар оянда сомонаи озмун дар интернет ташкил карда шуда, оинномаи озмун, рӯйхатти асарҳои тавсиявӣ, асарҳо вобаста ба номинатсияҳо, рӯйхати ғолибони даврҳои озмун аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо нашр гардад. Инчунин, тарзи баҳодиҳии ҳакамон ва холгузорӣ дар ҳар як давр муайян карда шавад”. 

Ҳабибаи Одина, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ширкат варзида, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик то даври ниҳоӣ роҳхат гирифт ва ҷойи ифтихориро сазовор гардид. Ин дастоварди Ҳабиба шавқи дигар ҳамсабақонашро ба китобхонӣ афзун кардааст. Таътили зимистонаи Ҳабиба чун солҳои пешин бо мутолиаи адабиёт мегузарад, вале имсол дар хондани китоб бо Ҳабиба ҳамсинфону додару хоҳараш ҳамроҳ шуданд. 

Падари Ҳабиба-Одина Раҳмон шахси фарҳангист ва дар ҷодаи шоирӣ мавқеи худро ишғол карда, чандин маҷмӯаҳояш рӯи чопро дидаанд. Ӯ ба тарбияи фарзандон диққати махсус медиҳад ва барои онҳо шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Дар озмун ду фарзандаш иштирок кардаанд ва мефахрад, ки яке аз онҳо мақоми ифтихориро касб кард.

Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ғолибони озмунро кадршиносӣ карда, дар таътили зимистона аз аҳволи Ҳабиба хабар гирифта, барояш чанд китоби дигар овард. Имсол бошад, ба озмун омодагии ҷиддӣ мегиранд ва ба гуфти сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшо Ҳакимзода шурӯъ аз таътили зимистона дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ нақшаи чорабинӣ ташкил карда, барои иштирок дар озмуни имсола хонандагону омӯзгорон омодагӣ мегиранд.

Дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, асосан, китобҳои дарсӣ мавҷуданд ва барои зиёд кардани шумораи китобҳои бадеӣ ва илмӣ аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳр  чораҷӯӣ карда мешавад.

Ш. Сафарзода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода