Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иди Зафар муборак!


Иди Зафар муборак!




«Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии  миллатҳои  гуногуни  собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  омили  асосии  шикасти  истилогарон  ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.

Мо,  ҳамчунин,  бояд  ҳамеша  бо  ифтихор  хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза  бурдаанд,  мардону  занони  бонангу  номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд...

Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.

Мо  номи  неку  хизмати  онҳоеро,  ки  аз  ҷанг  барнагаштанд,  ҳаргиз  фаромӯш  намекунем  ва  эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем».

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода