РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 7 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмониву бунёдии неругоҳи барқии офтобӣ боздид намуданд.
Татбиқи ин лоиҳаи муҳими энергетикӣ дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 20 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон пас аз ба истифода додани гидроагрегатҳои нави неругоҳи Қайроққум, ҳамзамон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашт ва ноҳияи Ҷайҳун оғоз бахшида буданд.
Тибқи лоиҳа, дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт бунёд карда мешавад, ки яке аз бузургтарин тарҳҳои энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад.
Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо маблағи умумии 125 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он сатҳи таъминот бо неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими стратегӣ аз ҷониби Аён Энерҷӣ ҳамчун сармоягузори маҳаллӣ ва Тоҷикгидроэлектромонтаж ҳамчун паймонкор дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ амалӣ карда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни боздид ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо ва риояи стандартҳои муосири сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Н. Самадзода, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...