Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШУҶОАТИ ТӮЙЧӢ ЭРҶИГИТОВ ДАР НАБАРДҲОИ ВОЛХОВ


ШУҶОАТИ ТӮЙЧӢ ЭРҶИГИТОВ ДАР НАБАРДҲОИ ВОЛХОВ




Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар  асри  гузашта  яке  аз  воқеаҳои  нангини  таърихи  ҷаҳон  маҳсуб  меёбад.  Аз  рӯзҳои  аввали  ҷанг  тамоми  халқу  миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳимояи Ватан ва ғалаба бар фашистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар фарзандони шуҷоашро ба майдони ҷанг фиристод.

Яке  аз  ин  қаҳрамонҳо  Тӯйчӣ  Эрҷигитов мебошад. Ӯ 10 ноябри соли 1921 дар ноҳияи Ашт  таваллуд  шудааст.  Вазъи  мушкили оилавӣ ба ӯ имкон надод, ки мактаби миёнаро то охир анҷом диҳад. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ  Тӯйчӣ  бо  кумаки  падар  ба  деҳқонӣ машғул шуд, то дар пешбурди зиндагии оила саҳм бигирад.

Солҳои  1941–1943  вазъияти  Иттиҳоди Шуравӣ  бо  ҳамлаҳои  фашистон  ниҳоят  мураккаб  шуд.  Тӯйчӣ  ба  Комиссариати  ҳарбӣ рафта,  хоҳиш  намуд,  ки  ӯро  ба  фронт  фиристанд.  Пас  аз  тайёрии  ҳарбӣ  ӯ  ба  ҳайати 1064-ум  полки  281-ум,  фронти  Волхов  са-фарбар шуд ва ҳамчун пулемётчӣ ва аскари қаторӣ бар зидди душман мубориза бурд.

Дар муҳорибаи Ленинград Тӯйчӣ Эрҷигитов қаҳрамонии сарбоз Александр Матросовро такрор намуд. Диловарӣ нишон дода, амбразураи ДОТ-и душманро бо тани худ пӯшонда, роҳи пешрафти ҳамяроқонашро таъмин кард. Ин амалиёти ҷасурона ба ҳамяроқонаш неру бахшид ва онҳо хатти душманро ишғол карда, деҳа ва минтақаҳои муҳимро аз фашистон озод намуданд. Тӯйчӣ дар ин задухӯрд ҳалок гардид, аммо бо шуҷоат ва фидокории худ садҳо ҷанговарони Шуравиро аз марг наҷот дод.

Баъд аз маргаш, 21 феврали соли 1944, ӯ бо Укази Президиуми Шурои Олии СССР бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва ордени Ленин сарфароз гардид. Номи Тӯйчӣ Эрҷигитов бо корнамоиҳои ҷасуронаи худ дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ва Иттиҳоди Шуравӣ абадан боқӣ мондааст.

Шоирон ва нависандагони тоҷик ба мисли М. Шукуров, Массабир Расулзода ва дигарон ҷасорати ӯро дар назм ва наср тасвир кардаанд. Ҳатто мактубҳое, ки Тӯйчӣ ба модараш навиштааст,  воқеияти  даҳшатноки  ҷанг  ва садоқати ӯ ба Ватанро инъикос менамоянд.

Тӯйчӣ  Эрҷигитов  бо  шуҷоат  ва  фидокории  худ  на  танҳо  номи  хеш  ва  кишварашро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, балки намунаи ибрат барои наслҳои оянда гардид.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода