20 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҚӮРҒОНТЕППА»
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Мусоҳибаи мо, Боздид 2 214Таъсиси нахустин телевизиони мустақил дар фазои иттилоотии минтақаи собиқ Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) солҳои 2000-ум дар таърихи шаҳри Бохтар саҳифаи наверо кушод. Телевизиони мустақил дар мавҷи алоҳида ҳамарӯза дар ҳаҷми 5-6 соат ба тамошобинон барномаҳои ҷолиб пешкаш менамуд. Аз ташкили телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа” 20 сол сипарӣ гардид. Мо аз фаъолияти он суҳбате доштем бо муассис ва директори ТВ “Қӯрғонтеппа” Умар Камолов.
-Аввалан, шумо ва кормандони дирӯзу имрӯзи телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа”-ро бо 20-солагии фаъолияти пурсамар табрик мегӯем.
- Ташаккур!
- Ҳар кору иқдоми некеро оғозе ҳаст. Телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа” кай ва чӣ тавр ташкил ёфт?
-Фаъолияти журналистии худро дар соҳаи телевизион солҳои 92-и асри XX аз телевизиони Кӯлоб оғоз бахшида, ба ҳайси мухбир, муҳаррир ва баъдан сармуҳаррир фаъолият доштам. Соли 1994 дар телевизиони “Хатлон” ба фаъолият оғоз кард. Бо таклифи раиси ҳамонвақтаи идораи телевизион ва радиошунавонии вилояти Хатлон Б. Сайдалиев ба телевизиони “Хатлон” ба кор омадам. Дар он солҳо имкониятҳои техникии ТВ “Хатлон” хеле маҳдуд буд. Ҳамагӣ 1 соат барнома месохтем ва тариқи мавҷи шабакаи ҷумҳуриявӣ пахш мекардем. Дар 1 соат ҷой додани барномаҳои гуногун ва калонҳаҷм ғайриимкон буд. Он солҳо ҷавон будам ва касби худро хеле дӯст медоштам. Мехостам студияи телевизиони мустақил ташкил кунам, ки имконияти сохтани барномаҳои гуногун, калонҳаҷм ва жанрҳои гуногуни телевизиониро дошта бошад. Ин орзуямро пинҳон намедоштам. Баъзе ҳамкорон онро амалинашаванда фикр мекарданд, ҳатто чанде аз онҳо орзуи маро афсона мепиндоштанд.
Беҳуда нагуфтаанд:
“Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад”.
Бо кӯшишҳои зиёд, даркӯбии идораҳои болоӣ ба орзуи худ расидам. Соли 2000-ум нахустин телевизиони мустақил дар минтақаи Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба фаъолият оғоз кард.
-Телевизиони мустақили “Қӯрғон-теппа”-ро кӣ сарпарастӣ намуд?
-Ташкили телевизион маблағи калонро талаб мекунад ва мушкилоти дигар ин гирифтани иҷозатнома барои фаъолият буд. Барои пайдо намудани маблағ лоиҳаи хуб навиштан ва маблағгузорро пайдо намудан пеш омад. Дар омӯзиш ва семинарҳо иштирок намуда, навиштани лоиҳаро аз худ кардам. Лоиҳа навиштам ва ба ташкилотҳои байналхалқӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта муроҷиат кардам. Бо сабаби надоштани иҷозатномаи фаъолият онҳо лоиҳаро дастгирӣ намекарданд. Як мушкилоти дигаре сарбастае буд, ки ин бо сабаби надоштани таҷҳизотҳои техникӣ барои ташкили телевизион иҷозатнома ва маблағ барои хариди таҷҳизот намедоданд.
Хушбахтона, соли 1999 Дафтари саҳроии Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Бохтар лоиҳаи маро қабул намуд ва шарт гузошт, ки дар ҳолати гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар харидории таҷҳизот ба мо мусоидат намоянд. Гирифтани иҷозатнома мушкилоти зиёд дошт. Раиси ҳамонвақтаи шаҳри Бохтар Сироҷиддин Валиев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Сафарали Ҳалимов ва ҷонишини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Неъматулло Маҳмадалиев дар ин кор кумаки беандоза намуданд ва аз фурсат истифода намуда, ба онҳо арзи сипоси худро мерасонам.
Махсусан, саҳми С. Валиев дар ташкили нахустин телевизиони мустақил зиёд аст. Маҳз ӯ барои фаъолияти телевизион бино ҷудо намуд ва ҳатто онро таъмир кард. Баъди гирифтани иҷозатнома Дафтари САҲА дар шаҳри Бохтар низ беҳтарин таҷҳизотҳои замонавии телевизиониро дастрас намуданд. Ҳамин тавр, аз соли 2000-ум телевизиони “Қӯрғонтеппа” ба фаъолият оғоз намуд.
-Нахустин маротиба кай ба мавҷ (эфир) баромадед?
-Ба мавҷ баромадани мо ҳам як қиссаи аҷоиб аст. Моҳи августи соли 2000-ум аллакай ҳамаи мушкилот паси сар гардиданд. Аввалин кормандони эҷоди ва техникиро ба кор ҷалб ва барои онҳо дарсҳои омӯзишӣ ташкил намудем. Бояд қайд намоям, ки на танҳо телевизиони мустақил “нахустин” буд, балки барои телевизион “нахустин” таҷҳизотҳои рақамии наворбардорӣ ва танзим харидорӣ гардида буданд. Мо мақсад доштем, ки фаъолияти кории худро моҳи октябр оғоз бахшем. Аввали моҳи сентябри соли 2000-ум раиси шаҳри Бохтар С. Валиев маро назди худ даъват намуд ва аз рафти омодагиҳо барои оғози фаъолият пурсон шуд. Баъди шунидани андешаҳои ман, каме андеша карду гуфт: “Агар то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба эфир бароем, хуб мешуд. Ман хислати С. Валиевро медонистам, ки гап гардондану баҳс карданро хуш надошт ва шахси коргарро эҳтиром мекард.
Телевизион нозукӣ ва мушкилоти худро дорад. Таҳия ва омода намудани барномаҳо як тарафи масъала бошад, ба мавҷ баромадану пахши он масъалаи дигар аст. Мо дар муддати 3 рӯз таҷҳизотҳои мавҷпахшкуниро васл кардем, санҷиш гузарондем ва як рӯз пеш аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-8 августи соли 2000-ум бори нахустин барномаҳои худро бо забони тоҷикӣ ва русӣ пахш намудем.
- Аввалин кормандони эҷодӣ ва техникии телевизионро ёдовар мешудед?
-Албатта ҳар яки онҳоро дар ёд дорам ва хизмати онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Онҳо сармуҳаррир Маҳмудҷон Ализода, журналист ва ровӣ Акбар Ниёзов, журналист ва ровии забони русӣ шодравон Мурод Сотиев, журналистон Мошариф Қурбонова, Зуҳро Саъдуллоева, ровиёни ҷавон Шоиста Сангинова, Насиба, Заррина, наворбардорону танзимгарон Маҳмуд Алиев, Зокир Зоиров, Манучеҳр Мирзоев, Бозор Водиев, Рустам Паливанов, Рамазон Одинаев мебошанд.
-Лаҳзаҳои хотирмон аз фаъолияти телевизион?
-Дар тӯли ин солҳо лаҳзаҳои хотирмон зиёданд. Ҳамаи он лаҳзаҳое, ки “нахустин” аст, хотирмонанд. Махсусан нахустин ток-шоу ва барномаҳои калони телевизионӣ бо иштироки бинандагон фаромӯшношуданист.
-Телевизиони мустақили “Қӯрғон-теппа”-ро мактаби таҷрибаи рӯзноманигорӣ меноманд, андешаи шумо дар ин хусус?
-Телевизиони мустақили “Қӯрғон-теппа”-ро дар ҳақиқат метавон мактаби таҷрибаомӯзии журналистон номид. Дар давоми 20 соли фаъолият ҷавонони зиёде дар ин мактаб таҷриба омӯхтаанду имрӯз соҳибкасбу соҳибҳунаранд. Ман ифтихор дорам, ки телевизиони мо тавонист шогирдони хубро тарбия намояд. Онҳо имрӯз устодони кори худанд. Кормандони шабакаи “Тоҷикистон” Таваралӣ Сохибназаров, Худойдод Раҷабов, Суҳбатулло Юсупов, Ҷамшед Каримов, шабакаи “Сафина” Маҳмудчон Ализода, Манучеҳр Мирзоев, Абдурозиқ Маҳмадшоев, Фотима Аббосова, Амонҷон Маҳкамов, рӯзноманигорон Ҷамолиддин Сайфиддинов, Баракатулло Валиев, Салоҳиддин Неъматов ва боз даҳҳо журналистони ҷавон таҷрибаи аввалини журналисти телевизионро дар мактаби телевизиони мустақили мо омӯхтаанд.
-Телевизиони мустақили “Қӯрғон-теппа”-ро ҳоло кӣ маблағгузорӣ мекунад?
-Телевизиони “Қӯрғонтеппа” ба таври худмаблағгузорӣ фаъолият менамояд. Бо ширкатҳои мобилӣ, тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ҳамкорӣ доштем, молҳои онҳоро реклама мекардем ва аз ҳамин ҳисоб даромад мегирифтем. Дар баробари ин лоиҳаҳои гуногуни телевизионӣ пешниҳод намуда, амалӣ месохтем. Ду соли охир бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва коҳиш ёфтани корҳои тиҷоратӣ дар ҳама самтҳо, низ ба мушкили рӯ ба рӯ гардид вазъияти молиявии телевизион каме коҳиш гашт ва маҷбур шудем, ки қисме аз кормандонро ба истироҳат ва қисми дигарашро ба шабакаҳои дигар гузаронем.
-Ҳамкории Телевизиони “Қӯрғонтеппа” бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар кадом сатҳ аст?
-Метавонем, ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар яктарафа гӯем. Ҳамасола бо онҳо ба маблағи муайян шартномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонем, бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, вале то охири сол ин маблағ пардохт намегардад. Ҳамин тавр давоми солҳои 2017-2019-ум 30 ҳазор сомонӣ маблағи шартномаҳо пардохт нагардидаанд. Дар соли 2020 шартнома ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ баста шуд. Сол ба охир расид ва маблағ пайдо нагардид, вале ваъда доданд, ки дар семоҳаи якуми соли нав маблағро пардохт мекунанд ва мо низ ба он умед дорем.
-Ояндаи телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа”-ро чӣ гуна мебинед?
-Ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъйин шудани Қурбон Ҳакимзода дар ВАО-и вилоят таъғйиротҳои куллӣ ба назар мерасанд.
Дар соли 2019 аз ҳисоби буҷаи вилоят ҷудо гардидани 750 ҳазор сомонӣ барои телевизиони вилояти Хатлон ва 250 ҳазор сомонӣ барои нуқтаҳои хабаргузории шабакаҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят, дар соли 2020 ҷудо гардидани 500 ҳазор сомонӣ барои дастгирии рӯзнома ва маҷаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят табадуллоте буд дар соҳаи ВАО-и вилояти Хатлон. Ба моҳвора пайваст гардидани телевизиони “Хатлон” ва “Кӯлоб”, пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҳамасола барои истифодаи моҳвора аз ҳисоби буҷаи вилоят дастгирии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои кормандони телевизион ва мардуми вилоят буд. Умед дорем, ки раиси вилоят барои фаъол гардидани телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа” дар оянда дастгирӣ мекунанд.
-Барои суҳбат ташаккур! Ба шумо комёбиҳои эҷодӣ хоҳонем.
-Ба шумо низ барои таваҷҷуҳ ташаккур!
Суҳбаторо Вахшона,
“Хатлон”
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон