Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иштирокчии ҶБВ Ҳабиб Сафарови 100-сола


Иштирокчии ҶБВ Ҳабиб Сафарови 100-сола




Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  яке  аз суханрониҳояшон дар ҷашни Ғалаба гуфта буданд: «Рӯзи Ғалаба як пораи сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли  корнамоиҳои  падарону  бародарону  калонсоли  моро  дар арсаи мутҳиштарини ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд».

То  имрӯз  захми  ҷанги хонумонсӯзи  аҳдшиканонаи  Олмон, ки ин ҷангро Адолф Гитлер роҳбарӣ мекард, аз дилу дидаи родмандони Ватан, ки қисмате то имрӯз ҳаёт ба сар бурдаю дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронанд, дур нашудааст.

Дар  бораи  қаҳрамониҳои  фарзандони  ғаюри  тоҷик  бисёр  навиштаанду  боз  ҳам  менависанд, чунки  ғалабаи  онҳо  бемисл  аст. Корнамоиҳои  онҳо  дар  муқобили душмани ғаддор барои фарзандону наберагонашон  ҳикояеро  мемонад, ки шунидани ин ривоятҳо касро хаста намесозад, ҷуз бобои садсолаи ҷангдидааш.

Ба  хотири  ёдбуди  фарзандони қаҳрамонаш  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ  дар  ҳудуди  кишварамон  81-солагии  Ғалаба  бар  фашизмро  ҷашн мегирад.

Қаҳрамони  матлаби  мо  иштирокчии  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ,  сокини  Ҷамоати  деҳоти  “Қумсангир”-и ноҳияи  Ҷайҳун  Ҳабиб  Сафаров  24-уми феврали соли 2026-ум 100-сола шуд. Шукрона, ки ӯ бо ҳамсуҳбаташ бо  сухани  фаҳмову  шунаво  ҳарф мезанад.  Бо  хотираҳои  хубе  аз  замони дар ҷанг хизмат ва муҳорибаҳо ҳикоя мекунад. 

Барои  наберагону  фарзандон суҳбати бобои 100-сола афсонаеро мемонад, ки аз шуниданаш завқи баланд мегиранд.

...  Бобои  Ҳабиб  дар  синни 19-солагӣ  ба  Комиссариати  ҳарбӣ даъват  шуд.  Соли  1944  ӯро  ба Округи  ҳарбии  минтақаҳои  Урал сафарбар  намуданд.  Ҳабиби  ҷавон сабақи  ҳарбиро  дар  ҳафтаи  аввал аз  ҳамяроқонаш  омӯхт.  Тарсро  аз худ  дур  карда,  далерию  шуҷоатро пеша  кард.  Баробари  ҳамхизматон қадам  ба  қадам  пеш  мерафт.  Ба тарафи  аду  бо  тири  нишонрас  зарбаи  ҷавобӣ  медод.  Ҳамяроқон  ӯро офарин  мехонданд.  Ҳамин  тавр, ҳимоягари  Ватан  то  рӯзи  Ғалаба дар  набардҳо  буд.  Баъди  Ғалаба Ҳ. Сафаров хизматро идома дод. Ӯ то соли 1948 дар хизмати ҳарбӣ аз зодгоҳ дур буд.

Ҳабиб  Сафаров  дар  озодкунии  як  қатор  шаҳру  деҳаҳои  округи ҳарбии  Урал,  Германия,  Руминия иштирок кардааст.

Соли  1948  Ҳабиб  Сафаров бо  тани  сиҳат  дар  қатори  ҳазорон ҳамхизматони  дар  фронтбуда бо  ғалаба  ва  бо  сари  баланд  ба зодгоҳаш баргашт.

Мавсуф дар зодгоҳашто соли 1964 дар совхози “Қалъаи дашт” дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуд. Соли 1964 барои обод намудани диёр ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои водии Вахш ба ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) муҳоҷир шуда, дар хоҷагии ба номи Абдурозиқ Раҳмонов дар кори хоҷагидорӣ фаъолият кард.

Роҳбарияти  давлат  ва  Ҳукумат хизматҳои шоёни Ҳабиб Сафаровро ба  инобат  гирифта,  бо  даҳҳо  ордену медалҳои ҷангӣ, Ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. 

Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ таъмин мегардад.

Рӯзи Ғалаба ва ёдоварӣ аз мардони  шуҷоъ  намунаи  ибрат  аст. Мебояд  ҳамеша  аз  таърих  сабақ омӯхта,  ба  қадри  тинҷию  амонӣ, сулҳу  ваҳдат  ва  Истиқлоли  давлатии хеш бирасем. Имрӯз бояд ҳар як фарзанди тоҷик чун бобои Ҳабиб Сафаров бо ҳисси баланди худшиносӣ ва  ватандӯстӣ  баҳри  дифои  марзу буми  кишвари  азизамон  омода  бошад  ва  номи  худро  дар  саҳифаҳои таърихи  миллат  ҷовидона  сабт  созад.
Ҷашни  Ғалаба  муборак,  бобои Ҳабиб!

М. СИЯРОВ,
ноҳияи Ҷайҳун

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода