Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » АЗ САҒИРАХОНА ТО САҲНАИ ШУҲРАТ ВА МАЙДОН ҶАНГ


АЗ САҒИРАХОНА ТО САҲНАИ ШУҲРАТ ВА МАЙДОН ҶАНГ




Хотираи неки Тӯйдинисо Бобиева ва ҳамсараш Махсум Назаров - ду чеҳраи равшани таърихи як насл

Дар саҳифаҳои таърих нафароне ҳастанд, ки на танҳо бо касб, балки бо сарнавишт, ирода ва инсонгарӣ ҷовидона мемонанд. Аз ҷумла, номи зани ҷасуру пурирода Тӯйдинисо Бобиева ва ҳамсараш, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Махсум Назаров, ки зиндагии онҳо намунаи ибрат барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад, дар хотирҳо боқист.

Тӯйдинисо  Бобиева  9  майи  соли  1924  дар деҳаи  Қалъаи  Малик  ноҳияи  Ваҳдат  дар  оилаи  камбизоат  ба  дунё  омадааст.  Даврае,  ки камбизоатӣ ва норасоии рӯзгор барои аксарият як воқеияти талх буд. Дар синни ҳамагӣ 7-солагӣ ӯ ва хоҳараш Давлатмо аз падару модар ятим мемонанд.  Дунёе,  ки  барои  кӯдак  бояд  пур  аз меҳру гармӣ бошад, барои онҳо сард ва бераҳм буд.  Кӯдакии  онҳо  дар  сағирахонаҳо  сипарӣ мешавад:  аввал  дар  Янгибозор,  баъдан  дар Душанбе ва ниҳоят дар сағирахонаи Тебалайи шаҳри  Кӯлоб.  Аммо  маҳз  ҳамин  муҳит  иродаи оҳанин ва орзуҳои бузургро дар қалби як духтари ятим парвариш дод. Баъзан зиндагӣ маҷбур месозад,  ки  аз  миёни  дард  роҳ  ёбӣ,  аз  миёни танҳоӣ қувват гирӣ ва аз миёни торикӣ нур пайдо кунӣ.

Ӯ  ҳанӯз  кӯдак  буд,  ки  зиндагӣ  барояш имтиҳони  сахт  гузошт.  Аммо  дар  миёни  ҳама сахтиҳо  ӯ  шуълаи  санъатро  бедор  намуд.  Бо вуҷуди  шароити  сангин,  ӯ  шабҳо  дар  рӯшноии чароғ  суруд  мехонд,  машқ  мекард  ва  рақс меомӯхт.  Бори  аввал  ӯ  дар  як  озмуни  театрии шаҳри Кӯлоб баромад кард ва ин озмун истеъдоди ӯро кашф намуд.

Бо  роҳнамоии  устодони  номвар,  аз  ҷумла Сайдалӣ Вализода, ӯ ба саҳна роҳ ёфт ва зуд ба  яке  аз  чеҳраҳои  шинохтаи  театри  Кӯлоб муаррифӣ  шуд.  Сурудҳои  халқӣ,  мисли  «Духтари Балҷувонӣ» ва «Секинак» номи ӯро миёни мардум машҳур карданд.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), Тӯйдинисо  низ  мисли  ҳазорҳо  ҷавонмардону ҷавонзанон ба фронт сафарбар мешавад. Аммо силоҳи ӯ ҳунар буд. Ӯ дар госпиталҳо ва қисмҳои ҳарбӣ дар шаҳрҳои Свердловск, Урал ва Нижний  Тагил  барои  сарбозони  захмӣ  консертҳо ташкил мекард. Ҳунари ӯ дар он рӯзҳои сахт ба-рои сарбозон на танҳо фароғат, балки умед ба зиндагӣ мебахшид.

Маҳз  дар  ҳамин  рӯзҳо,  дар  яке  аз  чунин баромадҳо, ӯ бо як сарбози маҷрӯҳ Махсум Назаров шинос мешавад.

Махсум Назаров, зодаи Кӯлоб, соли 1918 ба дунё омада, соли 1941 ба фронт меравад. Пас аз се маротиба маҷрӯҳ шудан, ӯ ба Ватан бармегардад.

Шиносоии  онҳо  дар  фронт  ба  муҳаббати самимӣ  табдил  ёфт.  Махсум  ба  Тӯйдинисо ваъда медиҳад, ки агар зинда баргардад, бо ӯ издивоҷ мекунад ва ин ҷавонмард ба сав-ганди худ содиқ монда, ба ваъдааш вафо мекунад.

Пас  аз  ҷанг,  онҳо  оила  барпо  намуда, 14 фарзандро ба камол мерасонанд. Имрӯз  бошад,  фарзандони  онҳо  дар соҳаҳои  гуногун  -  маориф,  тандурустӣ, муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва идоракунӣ фаъолият  намуда,  дар  хидмати  халқу  Ватан қарор  доранд.  Тӯйдинисо  Бобиева  дар баробари  тарбияи  фарзандон  фаъолияти  ҳунарии  худро  низ  идома  дод.  Ӯ ба  унвони  Артисти  хизматнишондодаи Тоҷикистон  ва  ҳамчунин  ба  унвони  пуршарафи  «Қаҳрамонмодар»  сазовор  гардид.

Дар тӯли фаъолияти худ, ӯ бо даҳҳо медалу  ифтихорномаҳо  қадрдонӣ  шудааст. Аммо, муҳимтар аз ҳама, муҳаббати мардум  ва  эҳтироми  ҷомеаро  ба  даст оварда буд.

Махсум Назаров низ баъди ҷанг фаъолияти  худро  дар  вазифаҳои  гуногуни давлатӣ идома дод ва бо вуҷуди маъюби-ят, ӯ то охири умр ба Ватан хидмат кард. Ӯ  бо  ордену  медалҳои  ҷангӣ,  аз  ҷумла «Ситораи Сурх» ва «Байрақи Сурх» сарфароз  гардидааст.  Барои  оилааш  бо-шад,  пеш  аз  ҳама,  як  падари  ғамхор  ва такягоҳи боэътимод буд.

Имрӯз, аз даргузашти ин ду шахсияти барҷаста солҳо гузашта бошад ҳам, номи онҳо  дар  ёди  фарзандон,  шогирдон  ва ҳамдиёрон боқӣ мондааст.

Бале,  зиндагии  Тӯйдинисо  Бобиева ва  Махсум  Назаров  намунаи  равшани ҷасорат,  меҳнат  ва  садоқат  мебошад. Онҳо  бо  вуҷуди  душвориҳои  сахти  замон - ятимӣ, ҷанг ва камбудиҳои зиндагӣ тавонистанд  ҷойгоҳи  худро  дар  ҷомеа пайдо  намуда,  оилаи  солиму  муваффақ бисозанд.

Мероси онҳо имрӯз дар идомаи фаъолияти фарзандон ва наслҳои баъдӣ, инчунин дар эҳтирому қадршиносии ҷомеа таҷассум  меёбад.  Зиндагии  онҳо  барои ҷавонон  намунаи  ибрат  ва  барои  ҷомеа як пораи муҳими таърих аст.

Сабринаи САЙВАЛӢ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода