Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



Имрӯз, 7 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳаи Марзкати ҷамоати деҳоти Панҷ боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, барои сохтмони он 800 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Ин иқдоми созанда аз ҳисоби сокинони маҳал амалӣ гардида, нишонаи баланди ҳисси масъулиятшиносӣ ва таваҷҷуҳи мардум ба таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ гардид.

Бинои муассиса аз як ошёна иборат буда, дар он 3 гурӯҳ ташкил карда мешавад. Дар ҳар гурӯҳ 25 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар маҷмӯъ барои 75 нафар кӯдакони деҳа ва маҳаллаҳои атроф шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо сокинон ташаббуси онҳоро намунаи ибрат ва иқдоми шоистаи дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии кӯдакон нақши муҳим дошта, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли оянда аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки барои насли ояндаи кишвар бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар самти бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода