ҶАШНИ САДА-ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 2 313Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле бошукӯҳ, шодиву оташафрӯзиву гулханфурӯзӣ, рақсу тарона, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмиву фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ, Байҳақӣ ва чанде дигарон оид ба ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.
Сада-аз шумораи сад ибтидо мегирад. Сад ва пасванди “а” бо мафҳуми умум сада омадааст.
Дар "Ғиёс-ул-луғот" омадааст: "Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд". Ҳамон ҷо ишора мешавад, ки «Сада даҳум рӯзи баҳман, чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида».
Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш "Осор-ул-боқия" нигоштааст: "Сада-номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ..."
Яке ҷашн кард он шабу
бода хвард,
Сада номи он ҷашни
фархунда кард.
Дар китоби дигаре бар замми такрори гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфти Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" асосгузори ин ҷашнро ба Ҳушанг ном шоҳ маҳсуб медонад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми
кибор 6ошад,
Ин оини Каюмарсу
Исфандиёр бошад.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
Сада ҷашни мулуки номдор
аст,
Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор
аст.
(Унсурии Балхӣ)
Сада ба 29 январ то 3 феврали солшумории масеҳӣ мутобиқ аст.
Сада иди қадимтарин ба шумор рафта, маънояш бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимаамон ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекард ва рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30 январ-рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд.
Баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он "Шоҳнома" -и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин - Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: "Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи дарозу сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале санг хато хӯрда, ба санги дигаре бархӯрда аз он оташ падид меояд. Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат монданд. Ӯ гуфт: "Ин шуоъ фурӯғи Худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва бипарастем». Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт.
Шаб омад, барафрӯхт
оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ
ҳамон гурӯҳ,
Яке ҷашн карду он шабу
бода кард,
Сада номи он ҷашн фархунда
кард.
Ҳушанг шукри Яздонро ба ҷо оварда, ҳамон шаб оташи калоне афрӯхт ва ба атрофиёнаш эълон кард, ки ин фурӯғи Яздонист ва агар касе хирадманд аст, онро бояд парастад. Ба ин муносибат Фирдавсӣ гуфтааст:
Зи Ҳушанг монд он Сада
ёдгор,
Паси ӯ чунон кард
ҳар шаҳриёр.
Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд. Аҷдодони гузаштаамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар атрофи он рақсу бозӣ мекарданд. Ба муносибати ҷашн ба оташ саҷда меоварданду ба осмон кабӯтарҳо сар медоданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, бо аҳли раияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо навишта, онҳоро ба худотарсию яздонпарастӣ даъват менамуданд.
Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухии Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳрии Домғонӣ (ваф.1040), Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) қасидаҳо сурудаанд.
Иди Сада то даври қабули дини мубини ислом дар Эронзамин васеъ ҷорӣ буд ва пас оҳиста-оҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад.
Ҳокимону шоҳон меоянду мераванд, аммо суннатҳои дар дили халқ ҷойгирифта ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд. Он анъанаҳо, расму русум аз насл ба насл мегузарад ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд.
Дар кишвари мо ин ид бо шарофати истиқлолият аз нав эҳё гардид. Месазад ба онҳое, ки ин амали хайрро бо ҷасорати ҳушангӣ ба ҳаёт ҷорӣ намуданд, садҳо аҳсант гуфт. Касе ки гузаштаро эҳтиром кунад, рӯҳи арвоҳон мададгораш мешаванд.
Имрӯз, ки ҷашни Сада қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини Зардуштӣ, алоқаманд донис-тани он мутлақо хатост. Ин иди аҷдодии мост, ки шояд пеш аз зуҳури Зардушт пайдо гашта бошад. Таҷлил ва қайд намудани иди Сада ҳеҷ гоҳ набояд хилофи дини мубини ислом дониста шавад. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ-муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офариниш (дар қатори обу хоку бод) ин иди бузург қайд карда шавад.
Ба ҷавонон бо далелҳои илмӣ фаҳмонидан лозим аст, ки аз бархӯрдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон даври қадим дар шоҳидии Ҳушанг ба туфайли ба сӯи мор санг андохтани ӯ барои инсоният онро офаридааст.
Форсизабонон дар миёни миллатҳои ҳамсоли худ ба ин сифат мумтозанд, ки хусусиятҳои миллии худро беҳтар ва бештар нигоҳ доштаанд ва бисёре аз одобу русуме, ки имрӯз миёни мо маъмул ва ҷорӣ аст, аз таърихи гузаштаҳои дуру дароз ҳикоят мекунад.
Таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои аҷдодӣ навидест, ки бо шарофати истиқлолияти комили солҳои охир ва хосса, таваҷҷуҳи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯз бо шарофати даъвату ҳидояти Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ, аз қабили Наврӯзу Меҳргон ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки, бешубҳа, он боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, билхоса, насли наврас ба гузаштаи басо бою рангини илмиву фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.
Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагонамон ҷашнҳои сегона номидаанд. Ин идҳои суннатии халқҳои Шарқ ва хоси эронинажодон аст ва ҳар яке дар заминаи воқеаҳои нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро доранд. Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва бо туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам ранҷи заҳмати хешро осон гардондаанд. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар айни замон кишоварзон иди суннатии Садаро бо чунин анъанаҳои нек пешвоз мегиранд. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбуриву шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар гирду атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касаливу ҳашаротҳо ва ғайра. Хулоса, дар мавриди Сада деҳқон ба баҳор омодагӣ мегирад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашни аҷдодии Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огаҳӣ аз таърихи гузашта аст.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон