Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар таърихи ҳар як миллат саҳифаҳои пуршарафе вуҷуд доранд, ки бо номи фарзандони содиқу ҷасур абадан зинда мемонанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз чунин марҳилаҳои сарнавиштсоз буд, ки ҳазорон ҷавонмардони тоҷик бо шуҷоату мардонагӣ барои ҳифзи Ватан бархоста, дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста, ки имрӯз иштирокдори ҶБВ аз ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ёд мешавад, Мирзоев Аҳё мебошад.
Мирзоев Аҳё соли 1925 дар деҳаи зебоманзари Хосами ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Дар муҳити одии деҳотӣ, вале пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан ба камол расида, аз овони ҷавонӣ бо меҳнатдӯстӣ ва ҳисси баланди масъулият фарқ мекард. Солҳои 1938-1941 дар Кумитаи мададгори мудофиавии ҳарбӣ таҳсил намуда, нозукиҳои корҳои ҳарбиро аз худ кард. Ин омодагиҳо баъдан дар саҳнаи ҷанг барои ӯ бисёр муҳим гардиданд.
Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар синни ҳамагӣ 17-солагӣ, ӯ ихтиёран ба сафи Артиши Шуравӣ пайваст. Барои ҷавоне, ки орзуҳои зиёди зиндагӣ дошт, рафтан ба ҷанг интихоби осон набуд, аммо эҳсоси ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ӯро ба ин роҳи пурмашаққат бурд.
Соли 1942 Мирзоев Аҳё ба ҷабҳаи фаъол сафарбар гардид. Ӯ дар ҳайати полки Байрақи Сурхдори 229, ки дар фронти Украина амал мекард, хизмат намудааст. Дар муҳорибаҳои сахту тақдирсоз барои озодкунии шаҳрҳои Курск, Воронеж, Киев ва дигар манотиқи ишғолшуда иштирок карда, бо ҷасорату матонат аз худ далерӣ нишон дод. Ҳар як рӯзи ҷанг барои ӯ имтиҳони ирода ва садоқат буд.
Дар яке аз муҳорибаҳои шадид ӯ ҷароҳати вазнин бардошт. Бо вуҷуди ин, пас аз муолиҷа дубора ба сафи хизмат ба ҷабҳа баргашт ва боз дар иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ саҳм гузошт. Бори дигар маҷруҳ гардиданаш низ натавонист рӯҳияи ӯро бишканад. Баъд аз сиҳатёбӣ, ҳамчун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм, дар аэродроми ҳарбии шаҳри Қазон хизматро идома дод. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ хабари деринтизори Ғалабаро шунид, хабаре, ки бо ашки шодӣ ва ифтихор дар қалби ҳар як сарбоз нақш баста буд.
Пас аз анҷоми ҷанг, Мирзоев Аҳё ба зодгоҳаш баргашта, зиндагии осоиштаро оғоз намуд. Аммо барои ӯ осоиш маънои бе-кориро надошт, баръакс, ӯ бо тамоми неру ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт.
Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор карда, дар пешрафти иқтисодиёти маҳаллӣ саҳми арзанда гузошт. Меҳнати содиқона, таҷрибаи ғанӣ ва муносибати масъулонаи ӯ боис гардид, ки дар байни ҳамдеҳагон эҳтироми баланд пайдо намояд.
Ӯ на танҳо як деҳқони заҳматкаш, балки шахси фаъоли ҷамъиятӣ низ буд. Дар чорабиниҳои муҳимми маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо суханони пурмазмун ва таҷрибаи зиндагии худ ҷавононро ба ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекард. Барои насли наврас, ӯ намунаи зиндаи ҷасорат ва садоқат ба Ватан мебошад.
Хизматҳои шоистаи Мирзоев Аҳё аз ҷониби давлат бо мукофотҳои баланд қадрдонӣ шудаанд. Ӯ бо ордени «Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 2», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «60-солагии Ғалаба», «Жуков» ва дигар нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардидааст. Ҳар яке аз ин мукофотҳо қиссае аз фидокорӣ, ранҷу заҳмат ва муҳаббати беандоза ба Ватанро дар худ таҷассум мекунанд.
Имрӯзҳо Мирзоев Аҳё дар ҳалқаи гарми фарзандону наберагон умри бобаракат ба сар мебарад. Давлати пирӣ барои ӯ на танҳо оромӣ, балки давраи андешаву хулосабарорӣ аз роҳи тайкардаи зиндагист. Ӯ бо хотираҳои ҷанг, бо таҷрибаи бойи зиндагӣ ва бо рӯҳи қавии худ барои ҳар фард дарси бузурги ҳаёт аст.
Зиндагиномаи Мирзоев Аҳё танҳо саргузашти як инсон нест, он таърихи зиндаи як давраи пурошӯб, мактаби ҷасорат ва намунаи олии ватандорист. Имрӯз вазифаи мост, ки чунин шахсиятҳоро қадр намоем, аз онҳо омӯзем ва корнамоиҳояшонро ба наслҳои оянда расонем.
Зеро то замоне, ки ёди қаҳрамонон зиндаанд, рӯҳи миллат низ ҷовидон мемонад.
А. АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
