Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ТОҶИКПИСАРЕ, КИ БАРОИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ҶОН ФИДО КАРД


ТОҶИКПИСАРЕ, КИ БАРОИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ҶОН ФИДО КАРД




Қиссаи зиндагӣ ва корномаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев

Солҳо мегузаранд, аммо хотираи пирӯзии бузург дар Ҷанги Бу-зурги Ватанӣ ҳамоно дар зеҳну қалби мардум зинда мемонад. Ин ҷанг барои  халқҳои  собиқ  Иттиҳоди  Шуравӣ  озмоиши  сахти  таърихӣ буд, ки дар он садҳо ҳазор нафар ҷони худро барои озодӣ ва ҳифзи Ватан нисор карданд. Дар миёни ин қаҳрамонон фарзандони далери тоҷик низ бо ҷасорату матонат ва корнамоиҳои худ номашонро дар таърих ҷовидона сабт карданд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Сафар Амиршоев мебошад.

Сафар  Амиршоев  соли  1912  дар  деҳаи зебоманзараи  Заргари  ноҳияи  Ховалинг  ба дунё  омадааст.  Ба  гуфтаи  ҳамдиёронаш, ӯ  аз  овони  наврасӣ  бо  қобилияти  баланд, ҷисми пурқувват ва рӯҳи далерона фарқ мекард. Ҷавони паҳлавонҷусса буд ва дар ҳар кор  ҷасорат  нишон  медод.  Дар  маъракаҳои гӯштигирӣ  миёни  ҷавонони  минтақа  ҳамеша дастболо гардида, обрӯву нуфузи хоса пайдо карда буд.

Тавре  ки  узви  Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон  Амир  Сайиди  Мункӣ  дар  китоби “Садоқатмандон”  ёдовар  шудааст,  Сафар Амиршоев  пеш  аз  ҷанг  ба  деҳаи  Мирапоқи минтақаи Кӯлоб кӯчида, дар он ҷо ҳамчун мудири мағоза фаъолият мекард. Бо оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ӯ моҳи декабри соли  1941  аз  Комиссариати  ҳарбии  шаҳри Кӯлоб ихтиёрӣ ба фронт рафт. Дар ҷараёни ҷанг дар озодсозии сарзамини Россия, Украина,  Белоруссия  ва  Литва  иштирок  намуда, ҳамчун командири тӯпи батареяи полки 213-уми тирандозӣ хизмат мекард ва дар ҳар як муҳориба ҷасорату маҳорати баланди ҳарбӣ нишон медод.

Яке аз саҳифаҳои пурифтихори зиндагии ӯ ба рӯйдодҳои 16-уми июли соли 1944 рост меояд. Дар он рӯз бригадаи 8-уми артиллерӣ ба  канори  деҳаи  Лиони  шаҳри  Жижмаряйи Литва наздик шуд. Душман бо 58 танк ва неруи зиёди пиёдагард ба ҳамла гузашт. Ҷанги шадид  оғоз  гардид.  Дар  чунин  вазъ  Сафар Амиршоев аввалин шуда ба душман оташ кушода, танки аввалро нобуд кард.

Душман  муқовимати  ӯро  эҳсос  намуда, 12  танкро  ба  муқобили  тӯпи  ӯ  равона  сохт. Дар яке аз таркишҳо снаряд дар назди тӯпи ӯ бархӯрда, тӯп осеб дид ва худи Сафар низ маҷруҳ гардид. 

Бо вуҷуди ин, ӯ ҷангро қатъ накард ва дар ҳолати оғӯшта ба хун боз як танки душманро аз кор баровард.

Ин ҷасорати бемисл рӯҳияи дигар сарбозонро боло бурда, онҳо низ ба ҳамла гузаш-та, чанд танки дигарро нобуд карданд. Ҷанг шиддати бештар гирифт, дуди танкҳои сӯхта фазоро  фаро  гирифта  буд.  Ниҳоят,  душман ба воҳима афтода, ақибнишинӣ кард. Деҳаи Лиони  аз  дасти  истилогарон  озод  гардид. Аммо худи Сафар Амиршоев аз ҷароҳатҳои вазнин наҷот наёфт. Ӯ то нафаси охирин мубориза бурда, дар назди тӯпи худ ҷон бохт ва дар ҳамон макон ба хок супорида шуд.

Дар  идомаи  ёддоштҳои  худ,  Амир  Сайиди Мункӣ аз эҳтироми мардуми Литва нисбат ба ин қаҳрамони тоҷик ёдовар мешавад. Соли  1988  гурӯҳе  аз  намояндагони  ноҳияи Ховалинг таҳти роҳбарии нависанда Раҳмон Сафар  ба  зиёрати  оромгоҳи  ӯ  рафтанд.  Ба гуфтаи  онҳо,  сокинони  деҳаи  собиқи  Лион ва  шаҳри  Жижмаряй  бо  эҳсоси  баланд  аз он  рӯзҳои  мудҳиш  ва  қаҳрамонии  Сафар Амиршоев ёд карданд. Номи ӯ дар он ҷо бо эҳтиром ба забон гирифта, мардум дар назди ёдгориаш сари таъзим фуруд меоранд.

Дар  маҳалли  набардгоҳи  охирини  ӯ  боғи ёдгории  “Лион”  бунёд  гардидааст,  ки  номи деҳаи  пешазҷангиро  нигоҳ  медорад.  Дар даромадгоҳи  он  ҳайкали  Сафар  Амиршоев  қомат  афрохтааст.  Ҷасади  ӯ  дар  мазори шаҳри  Жижмаряй  дафн  гардида,  дар  он  ҷо низ ёдгории ӯ ҷойгир аст. Дар ҳамин гӯристон ду  Қаҳрамони  Иттиҳоди  Шуравӣ   Сафар Амиршоев ва М.Я. Друбринин ба хок супорида шудаанд.

САФАР АМИРШОЕВ, СЕРЖАНТИ КАЛОНИ ГВАРДИЯ ВА УЗВИ КПСС АЗ СОЛИ 1944, БАЪДИ МАРГ БАРОИ КОРНАМОИҲОИ БУЗУРГАШ БА УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ САРФАРОЗ ГАРДИД. ХИЗМАТҲОИ ҶАНГИИ Ӯ БО ОРДЕНИ ЛЕНИН, ОРДЕНИ “СИТОРАИ СУРХ”, МЕДАЛҲОИ “БАРОИ МУДОФИАИ СТАЛИНГРАД”, “БАРОИ ШУҶОАТ” ВА ДИГАР МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ҚАДРДОНӢ ШУДААНД.

Корномаи  ин  қаҳрамон  дар  саҳифаҳои китобҳо  низ  инъикос  ёфтааст.  Нависанда Раҳмон Сафаров очерки “Ӯ мурдан намехост” ва  повести  ҳуҷҷатии  “Сафар  Амиршоев”-ро соли  1973  ба  нашр  расонидааст.  Ҳамчунин, аз  рӯйи  асарҳои  ӯ  дар  Театри  мусиқӣ-мазҳакавии  Кӯлоб  ва  Театри  давлатии ҷавонони  Тоҷикистон  ба  номи  Маҳмудҷон Воҳидов  намоишномаи  “Сафар  Амиршоев” ба саҳна гузошта шудааст.

Имрӯз  номи  Сафар  Амиршоев  дар Тоҷикистон  зинда  аст.  Шаҳракҳо,  кӯчаҳо, мактабҳо  ва  ҷамоатҳо  номи  ӯро  доранд,  ки ин  нишони  эҳтиром  ва  қадршиносии  халқ ба  фарзанди  содиқи  худ  мебошад.  Зиндагӣ ва корномаи ӯ барои наслҳои имрӯз ва фардо намунаи равшани ватандӯстӣ, шуҷоат ва садоқат боқӣ мемонад. 

Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода