БУД-НАБУД...
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳунарҳои мардумӣ / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 549
Буд-набуд, дар домани кӯҳистон як деҳае буд. Дар хонаи кӯҳистоние тӯй шуд, тӯйи арӯсӣ. Рӯйи ҳавлӣ шолчаю намад ва кӯрпача партофта, хони тӯёна густурданд. Мардони калонсоли деҳа сарҷамъ ба тӯй омада, баъди хӯрдани хӯрок ба кори хайр дуои нек дода, аз пайи зиндаги худ мешуданд.
Гашти рӯз базми арӯсӣ барпо гардид. Садои форами дойраву лабчанг тӯйхонаро гарм намуд. Як сӯ занҳои калонсолу сӯйи дигар зебодухтарони қадрас ва як сӯйи дигар ҷавонписарон ҳавлиро ҳалқавор печонданд. Дар ҳамин вақт домод ҳамроҳи арӯс аспсавор вориди ҳавлӣ шуд. Модари домод ба истиқболи ин ҷуфти хушбахт пойандоз партофт. Баъди гузаштани онҳо ҷавонон пойандозкашӣ карданд. Соҳибхона ба китфи меҳмонон-қудоҳо орд пошид.
...Базм тасфид. Кампиракони шӯху чаққон дойра зада, тарона месароиданду дигар занҳо аз таҳти дил мерақсиданд. Вале духтаракону писаракон аз фурсати қулай истифода карда, ба якдигар чашмандозӣ мекарданд. Бачаҳо тарафи духтарҳо чашмак зада, қош мепаронданд ва ба имову ишораи дасту лабҳо рози дил мегуфтанд. Дидаҳои ба ҳам бархӯрда мисли оташак медурахшиданд ва қалбҳоро ба тапиш меоварданд. Ҳар яке дар ин лаҳзаҳо барои худ номзадеро интихоб мекард. Духтарҳо бо табассуми ширин нигоҳҳои муқобилро ба худ моил менамуданд ва ба шарми духтарона рӯйи худро бо остини дарози курта ё рӯймоли сар пӯшонда, ноаён бо сарҷунбонӣ розигӣ медоданд. Тӯй бо хурсандӣ ва хоксорона мегузашт. Рӯзи дигар ба хонаи духтардор аз ҷониби ҷавонон хостгор меомад, сафедӣ медарониданд. Ҷавонон ба хонаи арӯсшавандааш бо туҳфаҳои хоксорона-атру собуни мушкин қинғолбозӣ мерафтанд. Духтарон барои домод рӯймолчаи тӯрбофӣ тақдим мекарданд. Баъди чанд рӯзи дигар боз дар деҳа тӯйи арӯсӣ барпо мегашт. Боз базму бозӣ, боз ҳамон чашмакзаниву қошпаррониҳои ҷавонон, боз ишқу ошиқӣ, боз тӯйҳои дигар...
Ҳамин тавр, дар деҳот тӯйҳо одиву сарҷамъона гузашта, ҷавонон бахти хешро дармеёфтанд. Хона обод карда, фарзандони ширину солим ба дунё меоварданд, бо ҳам ба пирӣ мерасиданд. Зиндагии онҳо хуш мегузашт, оилаашон боз ҳам қавитар мешуд. Бо ҳамин афсонаи кӯҳистониён, афсонаи кампиракони пурфайзу баракат оғоз дошту анҷом не.
Буд-набуд, дар деҳа боз тӯй шуд....
С. АТТОР
-
17-01-2021, 09:14
-
16-01-2021, 08:00
-
17-01-2021, 09:05