ТАВБАИ МАЙЗАДА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 949
-Бобот омадааст? Кадом бобот? бо тааҷҷуб ва такрор ба такрор пурсид Қурбон.
-Ҳар ду бобом- ҳам падари шумову ҳам падари модарам,-посух дод Шодмон.
-Чӣ тавр падари ман? Аз дунё рафтагон дубора барнамегарданд. Бобоят даҳ сол пеш аз дунё гузашта, ҳоло дар манзили хомӯшон хуфтааст. Дар зери хок устухонҳояш ҳам намондаасту ту мегӯӣ, ки ӯ ба меҳмонӣ омадагӣ.
-Ин тавр нагӯед, боз гапҳоятонро нашунаванд. Арақ хотираатонро заиф гардондааст, ба гапи касе бовар надоред.
Қурбон қоматашро рост гирифта, ҳама қувваашро ҷамъ намуд ва то дами дарвоза худ-ро базӯр расонд. Аз сару рӯяш арақи сард мерехт. Дар беруни дарвоза кӯдаке дар даст офтоба дасти меҳмононро об мегирифт. Бо нияти сару рӯяшро бо оби хунук шуста, мастиро рафъ кардан назди бачаи обрез рафт. Бача ба дасти ӯ об рехт, аммо Қурбон дастонашро зуд қафо кашид: -Ақлат нагирифт магар, дар тобистони сӯзон боз оби гарм мерезӣ!?-норозиёнаву бо арбада гуфт марди хона.
Қурбон такя ба дарвозаи оҳанин карда, боэҳтиёт як пояшро аз он гузаронд ва пойи дигараш дар берун монд. Ҳарчанд, бо тамоми қувва пойи дуюми худро аз дарвоза дарун карданӣ мешуд, аммо наметавонист.
Бачаи обрез аз дасташ гирифта, ӯро аз дарвоза гузаронд. Қурбон бодиққат ба долони хона, ки аз он ҷо садои гапзании одамон ба гӯшаш меомад, нигарист. Ӯ танҳо сӯроби одамонро хира-хира медид ва баъди лаҳзае пеши чашмонаш тира гашта, гирду атроф торикистонро мемонд. Чашмонашро пӯшида, бо дастон молид ва онҳо базӯр нимкушода шуданд. Ҳамин ки чашм мепӯшид, сараш чарх зада, мадораш мерафт, боз мекалавид.
Мард худро боз ба даст гирифт. Тарафи меҳмонон чанд қадам гузошт. Ӯ ҳис кард, ки дигар роҳ рафта наметавонад. Пеши меҳмонҳо мабодо афтида монад, арақнӯшиаш ошкор мешаваду шармандагиаш мебарояд. Банохост чашмаш ба писарчаи кенҷагиаш афтод, ки ӯ зери ток дар даст офтоба ба дасти одамон об мерехт. Худро бо як азобе назди писарча ра-сонд. Қоматашро андаке хам карда, дастонашро барои шус-тан тарафи обрез бурд. Вале мувозинатро гум карда, худро дошта натавонист ва сарозер ба замин афтид. Як параи рӯяш ба лой олуда гардид. Базӯр чорпоя шуд. Маҷолаш намонд, дасту пойҳояш мисли барги бед меларзид. Тамом, ин барои ӯ марг буд.
Қурбон ба қираи чашм ба меҳмонҳо нигарист. Падару модар, хусуру хушдоман, бародаронаш, хоҳару апаҳояшро дид. Онҳо саргарми суҳбат буданд ва ба ӯ диққат намедоданд. Аз ин андак таскин ёфт, аммо дигар аз ҷой хеста натавонист. Ба зориву тавалло даромад: “Эй Худои меҳрубону бахшанда! Як бори дигар мадад расон. Охир мебинӣ, ки падар баъди даҳ соли реҳлаташ ба меҳмонӣ омадааст. Хотири бузургворам қуввату дармонам бидеҳ, то назди падар шарманда нашавам, ӯро дар хиҷолат нагузорам”...
Қурбон дигар қувват накард, ки назди падар бо пойи худ равад. Ду додарчааш ба кумакаш шитофта, аз ӯ пурсиданд: “Бародар ба шумо чӣ шуд?” Қурбон лабҳои хушкидаи худро базӯр кушода, посух дод: “Дилам, дилам танг шудааст. Шояд аз ҳаяҷону хурсандӣ бошад. Маро ба ҳуҷраи хоб баред, каме ором ёбам. Падар маро дар чунин ҳол дида, нороҳат мешавад. Дилам афтидагӣ барин, мулло Зокирро ҷеғ занед, дилама бардорад”...
Мулло Зокир, ки ҳамдарси Қурбон буд, зуд ба хонаи ӯ омада, авзои ҷӯраашро аз назар гузаронд. Ӯ ғарқи обу арақ шуда буд.
-Ҳа, Қурбон-пиёнистка, боз нӯшида омадӣ? Меҳмонони азизатро пазмон намудӣ,-гуфт мулло.
-Мулло Зокир, ту ҷӯраи ҷонии ман ҳастӣ. Даҳ сол паси як парта нишаста таҳсил кардем. Маро наҷот бидеҳ. Ба меҳмонҳо гӯй, ки дилам аз ҷояш беҷо шудагӣ, онро бардоштаӣ ва ба ман оромӣ лозим аст,-ба зорӣ даромад Қурбон.
-Чаро барои наҷоти майзада имонамро сӯзонда гапи дурӯғ гӯям? Охир, дурӯғгӯӣ торикии имон аст.
-Мефаҳмам, туро мефаҳмам, аммо чораи дигари худсафедкуниро намебинам.
Фардо хизмататро мекунам. Ман аз имрӯз сар карда ғуломи ту мешавам.
-Наход! Ба гапам медароӣ?
-Ҳа, ҳа!
-Тавба кун, ба хотири неки падар тавба кун, ки дигар ҳеҷ гоҳ арақ наменӯшӣ.
-Тавба мекунам, сад тавба мекунам, дигар арақро ба даҳон намебарам, бас, бас!- Қурбон ҳар ду гӯшашро кашида, назди мулло Зокир тавба кард...
Қурбон чун ҳамешагӣ бо дарди ҷонкоҳи сар вазнин аз хоб хеста, рӯйи ҳавлӣ баромад. Дар долони хона меҳмононро надид. Ҳавлӣ низ об зада рӯфтагӣ. Касеро он ҷо намебинад. Дилаш таҳ зад. “Меҳмонҳо ҳоло аз хоб нахестаанд-чӣ?”- андешид Қурбон ва завҷаашро садо кард. Зебӣ назди шавҳар омад.
-Занак, меҳмонҳо ҳоло аз хоб нахестаанд?-пурсид мард.
-Кадом меҳмонҳо? Ҷӯраҳои пиёнисткаатро агар гӯӣ, дирӯз онҳоро бо ҷорӯб рӯфтам,-ғолибона посух дод зан.
-Падару модарам, хешу таборҳоро мегӯям.
-Киро, киро? Падару модар, хешу таборро? Аз бозе, ки майзадагиро касб кардӣ, касе аз хешовандон ба хонаи мо намеояд, ҳатто сагу мурғҳои ҳамсоя ҳам аз девор намегузаранд. Зеро дар хонаи мо дигар файзу баракат намондааст.
-Бисёр сафсата нахон. Падарам ба меҳмонӣ омада, дар долон нишаста буд...
-Рӯҳи раҳматии падаратро нороҳат макун. Куҷо дидӣ, ки мурдаи даҳсола зинда шудааст?- ба тааҷҷуб афтод зан.
-Бо ду чашми сар дида будам, ки падарам ана дар он боло менишаст. Мулло Зокир ҳам наомада буд?
Зан ба андеша рафт. “Наход васвосӣ шуда бошад?”- аз дил гузаронд ӯ ва ба шавҳар рӯ оварда гуфт:
-Мардак, арақнӯшиятро парто, мастӣ касро ба пастӣ мебарад, хотираро заиф месозад. Меҳмонҳои наомадаро мепурсӣ. Мулло Зокир низ аз вақте ки дар мастӣ хафааш карда будӣ, дигар ба хонаи мо пой нагузоштааст. Боз “белогорячка” нашуда бошӣ?
- Эъ, нӯги забоната ғунда газад! Ба фикри ту ман дурӯғ мегӯям? Шодмона биё гӯй, ӯ шоҳид аст ва хабари омадани меҳмонҳоро расонд. Дирӯз хешу табор ба зодрӯзам омада буданд.
-Зодрӯзи шумо? Аввал ин ки, агар хотираам фиреб надиҳад, зодрӯзатон дар охири фасли тирамоҳ аст, баъдан, Шодмон ду рӯз боз дар хонаи бибиаш аст.
-Наход ин ҳамаро дар хоб дида бошам? Лаънат ба арақу арақбарор! Дар хоб ҳам бошад, тавба кардам, дигар арақ наменӯшам!- аз дил гузаронд Қурбон ва аз завҷааш чунин хоҳиш намуд: “Занак, як пиёла ҷурғоти яхин биёр, сарам аз дард мекафад...”
С. АТТОР,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
-
16-01-2021, 08:00