Баҳсе, ки ба он Мирзо Турсунзода нуқта гузошт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 036
Ҳофизи Шерозӣ аз он суханварони бузургест, ки дар рушди андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ, гуманистиву зебоишиносӣ дар адабиёти форсу тоҷик нақши арзишманд дорад.
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш.
Барҳақ, шеъри Ҳофиз хазинаи бебаҳои панду ҳикмат, ганҷинаи сафову насиҳат буда, дар имтидоди таърихӣ аниси дилу шамъи маҳфили суханварон будааст.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи ҳулд,
Дафтари насрину гулро зиннати авроқ буд.
Сухани шоир муътамаду нишонрас буд, ба водии дилҳо роҳ ёфтааст. Маънию муҳтавои байте, ки Ҳофиз офаридааст, агар дар мақоле ҷой дошта бошад, фикрҳое тозаю навоварона пайдо мегардад:
Май бихӯр, мусҳаф бисӯзу оташ андар каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.
Шоир бадӣ кардан ба мардумро аз бадтарин хислати инсонӣ медонад. файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитсше аз қироати ғазалиёти Ҳофиз ба ваҷд омада, ба ӯ чунин муроҷиат мекунанд.
“Ҳофиз! Майхонае аз ҳукумат бино кардӣ, ки аз бузургтарин кохи ҷаҳон бузургтар аст ва дар он бодае аз лутфи сухан фароҳам овард, ки аз бардошти нӯшидани дунёе бештар аст, вале меҳмони ин майхонаи ту ҷуз симурғи достонӣ кӣ метавонад буд?”
Дар ҳақиқат, донандаи беҳтарини шеъри форсӣ Ҳофиз дар эҷодиёти адабиёти ҳикматомӯз беназир аст. Ғазалҳои ӯ моломоли панду ҳикмат мебошад:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳофизи Шерозӣ вобаста ба вазъияти замонаш айёми зиндагӣ як силсилаи шеърҳое эҷод карда, ноқисиҳо, нооромиҳо, вайроншавии мулк аз тохтутоз ва ғорату тороҷи муғулҳо, дигар аҷнабиёнро ба риштаи тасвир кашидааст.
Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам!
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам.
Тохтутози муғулон ба сари мардуми мовароуннаҳр ва Хуросон, бахусус, шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тус, Марв, Нишопур, ки тараққикарда буданд.
Бо вуҷуди ин ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, ки пурмазмуну равонанд, на танҳо дар кишварҳои форс, балки дар бисёр давлатҳои олам машҳур аст.
Вале ин ҷо гап дар бораи як шоҳбайти барҷастаи ҳофиз меравад, ки мефармояд: Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Ин шоҳбайти бузурги Ҳофизи Шерозиро яке аз олимони адабиётшиноси Ӯзбекистон дуруст нафаҳмида, соли 1973 дар маҷаллаи “Шарқ Юлдузи” мақолаи таҳқиромез нисбати ҳофизи шерозӣ навишта чоп мекунад. Мазмуни мақола аз он иборат буд, ки агар Ҳофизи Шерозӣ зинда мебуд, бо хатогиаш бахшидани Самарқанду Бухороро ба як холи ҳиндӣ аз адибони ӯзбек бахшиш мепурсид.
Устод Мирзо Турсунзода бо унвони “Як ғазали Ҳофиз” мақолае навишта, дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Шарқ Юлдузи” чоп кард, илова бар ин, дар ин бора ба дӯсташ, котиби аввали Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон Шароф Рашидов мактуб ирсол намуд, ки ҷавоби он дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Шароф рашидов мақолаи хоми олими ҷавонро танқид карда, Ҳофизи шерозиро яке аз ғазалсароёни бузурги олам номид. Ғазалҳои Ҳофизро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудаанд.
Сухани устод Мирзо Турсунзода арзиши баланд дошта, онро дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ва хориҷи кишвар эътироф менамуданд. Таҳлили як ғазали Ҳофизи Шерозӣ қадри ӯро дар байни мардуми Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баланд кард. Даҳҳо олимони номдор ин ғазали Ҳофизро омӯхта, ба он баҳои баланд доданд.
Бо кумаки М. Турсунзода китобҳои Ҳофизи Шерозӣ ба бисёр забонҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чоп шуда, аз ҷониби хонандагон баҳои сазовор гирифт.
Б. Сайдалиев, “Хатлон”