Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳаҷ нарафту пули одамгузар сохт


Ҳаҷ нарафту пули одамгузар сохт




Некӣ, хайру эҳсон ва даст дароз кардан ба ниёзмандон аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб мешавад. Ин амалҳо на танҳо дари умедро ба рӯи дигарон мекушоянд, балки симои маънавии шахсро равшантар намуда, рӯҳи ҳамдигарфаҳмию ҳамгироиро дар ҷомеа тақвият мебахшанд. Дар ҳамин замина, ҳар амали хайр новобаста аз он ки хурд аст ё бузург метавонад ба як руҳияи умумии созандагӣ табдил ёбад.

Дар кишвар ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва дастгириҳои иҷтимоӣ такмил ёфта, барои ташаббусҳои шахсони саховатманд шароити мусоид фароҳам шудааст. Дар чунин муҳит соҳибкорони ватандӯст бештар майл доранд, ки барои беҳбудии зодгоҳу маҳаллаҳои худ коре анҷом диҳанд.

Солҳои охир дар миқёси вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Данғара, ба гуфти масъулони мақомоти маҳаллӣ, шумори соҳибкороне, ки бо дилу нияти нек ба корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, афзудааст. Онҳо иқдомҳои худро ҳамчун қарзи виҷдонӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Хушқадам Иброҳимов, марди рӯзгордида, саховатманд ва барои мардум эҳтиромдошта мебошад, ки солҳои зиёд дар корҳои ҷамъиятӣ ва хайрия фаъол аст.

Ба иттилои намояндагони ҷамоати Себистон, оилаи Хушқадам Иброҳимов солҳо боз дар масъалаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла кумак ба хонаводаҳои ниёзманд, таъмини беморон бо дору ва дастгирии донишҷӯёни камбизоат саҳм мегузорад. Аммо иқдоми охираш-бунёди пули одамгузари 80-метра дар деҳаи Навобод яке аз корҳои бузурги иҷтимоии ин маҳал ба ҳисоб меравад.

Пули нав, ки бо 58 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, маблағе мебошад, ки соҳибкор барои Ҳаҷи фарзӣ рафтан пасандоз карда буд. Хушқадам Иброҳимов мегӯяд, ки баъди тамошои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон (9 марти соли 2024) дар дил ба хулоса омад, ки маблағи ҷамъкардаашро ба манфиати мардум сарф кунад:
«Ҳар сухани Сарвари давлат бо ақлу шаръ мувофиқ аст. Хизмат ба Ватан ва дар ободии он саҳмгузор будан гушае аз имон аст. Фикр кардам, ки агар бо ин маблағ мушкили садҳо нафарро ҳал кунам, савобаш аз ҳаҷ кам намешавад», - мегӯяд ӯ.

Бо ифтитоҳи пул, мушкилоти чандинсолаи сокинон ҳал гардид. Ба гуфти Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, ин амал на танҳо роҳи сокинонро кутоҳ кард, балки «бехатарии ҳаракат, дастрасӣ ба мактаб, марказҳои тиббӣ ва хизматрасонӣ ба маротиб беҳтар шуд». Ӯ афзуд, ки чунин иқдомҳо барои рушди маҳаллаҳои дурдаст аҳамияти калидӣ доранд, зеро «як пул метавонад зиндагии як деҳаро тағйир диҳад».

Аз нигоҳи таҳлилӣ, бунёди чунин иншооти хурд, вале муҳим, метавонад таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии назаррас дошта бошад. Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони бахши сохтмон, пули мазкур ҳудуди 400–500 нафар сокинонро дар як шабонарӯз ба муассисаҳои зарурӣ муттаҳид мекунад. Ин на танҳо масофаро коҳиш медиҳад, балки гардиши иқтисодии маҳаллиро низ фаъол мекунад, аз ҷумла рафтуомади фурӯшандагон, фаъолияти соҳибкорон ва дар маҷмуъ сокинони деҳа осонтар мешавад.

Сокинони Навобод бо эҳтироми зиёд аз ин марди саховатманд ёд мекунанд. Яке аз пирони маҳалла дар суҳбат гуфтааст: «Ин пул танҳо роҳи моро васл накард, балки дили мардумро ба ҳам пайваст. Мардум корашро солҳои зиёд фаромӯш намекунанд».

Худи Иброҳимов низ таъкид мекунад, ки нияти асосиаш аз ин амал «хушҳол кардани мардум ва сабук намудани заҳмати рӯзгорашон» буд. Ӯ бар ин назар аст, ки «кори хайр дар дили худи одам ҳам оромию баракат меорад».

Амали ин пири хирад-Хушқадам Иброҳимов барои дигарон намунаи равшани он аст, ки иқдоми як нафар чӣ гуна метавонад ба ҳаёти садҳо нафар таъсир расонад. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки рушди ҷомеа аз меҳру муҳаббат, ваҳдат ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ маншаъ мегирад. Чунин шахсон бо амалҳои худ собит месозанд, ки ободии Ватан аз ободии як гӯшаи хурдаш оғоз меёбад.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода