Қурбон Ҳакимзода: “ВАО дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим доранд”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 885
Дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши хабарӣ, ки 14 феврали соли равон бо иштироки беш аз 70 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ барпо гардид, раиси вилоят тӯли қариб ду соат ба 25 саволи хабарнигорон посухи тафсилӣ доданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба намояндагони ВАО барои ҳамкории хубу пурсамар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 миннатдорӣ баён намуданд.
- Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим доранд, - қайд карданд раиси вилоят. - Давоми соли 2021 мо шоҳиди он будем, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намуданд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат карданд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшиданд. Қурбон Ҳакимзода аҳли толорро бо муҳимтарин нишондиҳандаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2021 шинос карданд.
Қайд гардид, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилоят нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, афзоиши рушди воқеии иқтисодиёт ба 109,1 фоиз баробар шуда, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 27 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс бо соли 2020-ум 4,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳо ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас буда, 27,3 фоизи ҳаҷми маҷмӯи дохила, 26,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, аз ҷумла, 65,1 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезӣ, 48,7 фоизи мева, 40,5 фоизи ангур, 69,4 фоизи пахта, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир, 41,3 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майда, 24 фоизи ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, 20,6 фоизи гардиши моли чакана, 14,6 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 32 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 15,8 фоизи мусофиркашониро ташкил медиҳад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни посух ба саволи хабарнигорон оид ба тадбирандешиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи Солҳои рушди саноат қайд карданд, ки то соли 2026 дар вилоят як қатор барномаҳо вобаста ба рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, рушди саноати хӯрокворӣ, рушди соҳаи мошинсозӣ, рушди саноати сабук ва соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла мавриди амал қарор мегиранд.
Дар доираи Барномаи саноатикунонии босуръати вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2025, ба ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтика, химия, коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ афзалият дода шудааст. Танҳо дар давоми соли 2022 барои амалӣ намудани супориши Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд ва баистифодадиҳии 142 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо дарназардошти 3978 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Данғара, Кӯлоб, Вахш ва Фархор баистифодадиҳии корхонаҳои азими саноатӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти нуриҳои азотӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ, наддофӣ ва сохтмонӣ дар назар дошта шудааст, ки дар ин замина ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Вобаста ба афзоиши майдони гармхонаҳо дар вилоят, Қурбон Ҳакимзода иттилоъ доданд, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 83,9 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 1786 тонна сабзавот, аз ҷумла 877,0 тонна помидор, 467,0 тонна бодиринг ва 440,0 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ карда шуда, ба миқдори 469,6 ҳазор донна кӯчати сабзавот омода гардиданд.
Илова бар ин, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 752,4 гектар гармхонаҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 335,7 гектар, аз он 133,7 гектар помидор, 118,2 гектар бодиринг ва 83,7 гектар дигар сабзавотҳо ва дар бахши аҳолӣ 416,8 гектар, аз он ҷумла 149,6 гектар помидор, 143,6 гектар бодиринг ва 134,6 гектар дигар сабзавотҳо кишт карда шуда, аз ин ҳисоб 15803,5 тонна, аз он ҷумла помидор 4578 тонна, бодиринг 5525 тонна ва дигар сабзавотҳо 5600 тонна ҷамъоварӣ карда шуд.
Доир ба масъалаи васеъ намудани майдони тутзорҳо ва бо ин васила фароҳам овардани замина барои рушди соҳаи пиллапарвариву саноати абрешим раиси вилоят зикр намуданд, ки бо ин мақсад нақшаи шинонидани ниҳолҳои тут дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои соли 2022 ба миқдори 407 ҳазор бех тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд. Инчунин, ба нақша гирифта шуд, ки дар ҳар як ноҳия барои бунёди якгектарӣ майдони тутзор замина фароҳам оварда шавад. Танҳо ҳамин сол аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 71 ҳазор ниҳоли тут оварда шинонида шуд.
Раиси вилоят изҳори итминон карданд, ки ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соли 2022 низ саривақту босифат иҷро намуда, ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи корӣ сазовор истиқбол менамоянд ва барои таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Пас аз хатми нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси вилоят 30 нафар собиқадорони матбуот ва кормандони фаъоли ВАО-и давлатию хусусӣ барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”