Дар як сатр
» » Бозгашт ба маҳбас

Бозгашт ба маҳбас

14-12-2015, 09:46


Оиларо ҷойи муқаддас мешуморему баъзан вақт аз ин неъмат ношукрӣ мекунем. Оиларо макони пок меҳисобему баъзан бо рафтори ношоиста онро нопоку вайрон месозем. Аз рашкҳои беасос ин иттиҳоду сарҷамъиро парешон мекунем. Гуноҳи худро пинҳон мекунему ҳамсари бехабар аз нағмаҳои хешро гунаҳкор месозему зери шиканҷа қарор медиҳем. Аммо фаромӯш мекунем, ки ин ҳама беадолатиҳоямон рӯзе рӯйи об мебароянд. То ба муҳим будани оила сарфаҳм меравем, ки аллакай дер мешавад. Сабаби пушти панҷараи маҳбас рафтани «қаҳрамон»-и матлаби мо маҳз рашки беасос ба ҳамсар ва хушунати равонӣ нисбати ӯ мебошад, ки бо марганҷом ёфтааст…
Бозгашт ба маҳбас

Раҳматулло Назаров зодаишаҳри Сарбанд асту ҳамагӣ 41 сол дорад. Ҳанӯз дар соли 1997, вақте ки 23-сола буд, ӯ бо дӯстонаш ба номуси ҷавон духтаре таҷовуз карда, ӯро ба қатл расонидааст. Бовуҷуди 11 сол аз озодӣ маҳрум шудан ва дубора шаҳди озодиро чашиданаш, вай ба қадри ин неъмат нарасид ва дубора маҳбасро ихтиёр кард.

Соли 2014 Раҳматулло бо Рухшона Маҳмадрақибова, ҷавондухтаре аз шаҳри Душанбе, ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд, телефонӣ шинос шуда, бо розигии тарафайн оила бунёд мекунанд. Баъди як-ду моҳи зиндагӣ Рухшона назди модар аз рашки беасосу латукӯби барзиёди шавҳараш шикоят мекунад. Аммо аз сабабе, ки Рухшона бори дуюм оила барпо карда буд, бо маслиҳати модар зиндагиро давом медиҳад. Шавҳар наздимодарарӯс ва модари худаш ваъда медиҳад, ки дигар ба ӯ даст намебардорад. Рухшона ба ваъдаҳои шавҳар бовар мекунаду ба хонааш бар мегардад. Аз баски Раҳматулло ба тиҷорат машғул буд, ҳар субҳи барвақт Рухшонаро дар назди модараш мегузошту худ ба савдо мерафт ва шом ӯро гирифта, ба манзили иҷорааш меовард. Раҳматулло ҳар замон аз ҳамсараш пурсон мешуд, ки пеш ё баъди оиладор шуданашон Рухшона бо ягон ҷавон муносибати маҳрамона доштааст ё не. Вақте аз ҳамсар ҷавоби рад мегирифт, қонеъ нашуда, ӯро зери латукӯб қарор медод. Зораву таваллои Рухшона ба ӯ асар намекард…

Шоми 13-уми июни соли 2015 ҳангоми аз хонаи модараш баргаштан, ба андешаи Раҳматулло, гӯё ҳамсараш барои овардани об ба берун меравад ва дар беруни хона бо ҷавоне суҳбат мекунад. Раҳматулло дар суд гуфт, ки «Ҷавон баробари дидани ӯ мегурезад ва ҳамсараш қасам мехӯрад, ки ӯро намешиносад». Баробари ба хона даромадан Раҳматулло бо асбоби фаршшӯйӣ ба сару рӯйи ҳамсараш зада, маҷбурмекунад, ки «гуноҳ»-ашро иқрор кунад. Рухшона зораю илтиҷо мекунад, ки аз задан даст кашад. Раҳматулло дар мурофиаи судӣ нишон дод, ки «Рухшона гӯё иқрор кардааст, ки пеш аз оиладор шуданаш бо маслиҳати модараш бо ҷавоне барои ба даст овардани маблағ ҳамхоба шудааст». Баъди шунидани ин суханҳо Раҳматулло аз ғазаб ба сару гӯшу гардани Рухшона сахттар мезанад. Рухшонадигар аз ҳуш меравад, зеро аз сари ӯ хуни зиёд рафта буд.

Раҳматулло, ба гуфтаи худаш, аз дидани хуни зиёд ба худ омада, ҳамсарашро ба ҳаммом бурда, сару рӯяшро шуста, болои ҷой хобаш гузошт. Ба ҷароҳатҳояш орду маводи тиббӣ мемолид, то ин ки хун манъ шавад, аммо дер шуда буд. Аллакай Рухшона дунёро тарк гуфта буд.

Баробари субҳ дамидан Раҳматулло ба назди модару хоҳараш шитофт, то ин ки аз вуқӯи ин ҳодиса хабардор кунад. Мо дару хоҳараш ҳамроҳи ӯ ба ШВКД-и шаҳри Сарбанд рафтанд, то ба гуноҳаш иқрор шавад.

Вақте мурофиаи судӣ оғоз шуд, шоҳидон, модару хушдоман, хоҳаршӯю ҳамсояҳо ҳама ба ин назар буданд, ки Рухшона одоби хуб дошт ва ҳеҷ бадрафтории ӯро надидаанд. Ӯ аз субҳ то шом назди хушдоману аз шаб то саҳар ҳамроҳи ҳамсар буд. Чи гунна метавонист бо марди бегона алоқа дошта бошад? Ба қавли модари Рухшона, духтараш ба ғайр аз ҳарду шавҳараш ба касе шиносоӣ надошт. Хушдоману хоҳар арӯсаш ҳам ҳеҷ як рафтору гуфтори нодурусти ӯро бо касе надида будаанд. Аммо таассуфовар ин буд, ки ҳарчанд ҳамсояҳо ва раиси маҳалла аз хархашаю латукӯб шудани Рухшона аз сӯйи шавҳараш дар он шаби наҳс хабар доштанд ва нолаю шевани ӯро аз берун мешуниданд, амалан барои наҷоти ӯ коре накарданд. Дар воқеъ, бетарафӣ бадтарин хислатаст, ки гоҳе бо чунин фоҷеаҳо меанҷомад…

Гарчанде Раҳматулло дар суд гуноҳи хешро иқрор карда бошад ҳам,бинобар бо бераҳмӣ, азобу шиканҷа ҳамсарашро ба қатл расонидан, ӯро маҳкум ба ҳабс намуданд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон таҳти раисии судя Т. Қурбонзода ҳукм кард, ки Назаров Раҳматулло Рустамович бо моддаи 104 қисми 2-и банди «е»-и Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бо адо намудан иду соли аввалаш дар маҳбас, боқи мондааш дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.
Сад ҳайф, ки барои баъзеҳо арзишҳои олии инсоние чун озодӣ, оила, муҳаббат ва ҳамдигар фаҳмӣ бегонаанд…

Т. Қурбонзода, судяи Суди вилоятиХатлон,
Ҳангомаи ИCМАТ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
29 соли маҳбас барои ба шавҳар додани духтари 11-сола

29 соли маҳбас барои ба шавҳар додани духтари 11-сола

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Духтари чорум

Духтари чорум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ