Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ХОТИРОТИ МАРДУМ АЗ ОИНҲОИ НАВРӮЗ


ХОТИРОТИ МАРДУМ АЗ ОИНҲОИ НАВРӮЗ




Бо мақсади шиносоӣ бо хотироти мардум аз оинҳои Наврӯзӣ мо миёни сокинони шаҳри Бохтар бо суоли “Аз  оинҳои  Наврӯзӣ  кадомашро  дар  хотир  доред?”, муроҷиат  намудем.  Посухҳои  сокинон  хеле  ҷолиб, самимӣ ва пур аз хотироти гарми даврони кӯдакӣ буданд. Ҳар як посух гӯё як саҳифаи хотира аз рӯзҳои идонаи Наврӯзро пеши назар меовард.

Бархе  аз  сокинон  иброз  доштанд,  ки  Наврӯз,  пеш  аз ҳама, бо пухтупази таомҳои миллӣ дар хотираҳояшон нақш бастааст. Ба гуфтаи онҳо, дар арафаи ин иди ҷаҳонӣ занони хонадон бо меҳру муҳаббати хос таомҳои миллии баҳории гуногун омода мекарданд. Аз ҷумла суманак, оши бурида, далда, шакароб, бо алафҳои баҳорӣ санбӯса, орзуқ ва дигар хӯрокҳои суннатӣ, ки рамзи фаровонӣ ва нишонаи бара-кату якдилии аҳли хонадон ба шумор меравад. Махсусан, пухтани  суманак  яке  аз  оинҳои  дӯстдоштатарини  Наврӯз аст, ки бо иштироки занону духтарон, бо ҳам ҷамъ омада, бо сурудхонӣ ва дуоҳои нек баргузор мегардад. Ин маросим анъанаи  ҷашни  Наврӯз,  рамзи  дӯстиву  ҳамбастагӣ  миёни мардум мебошад.

Қисми  дигар  аз  сокинон  бештар  аз  бозиҳои  кӯдакона ёдовар  шуданд.  Ба  гуфтаи  онҳо,  Наврӯз  барои  кӯдакон давраи  шодиву  хурсандии  зиёд  буд.  Бозиҳое  ба  мисли сангиқилбозӣ, ҳамчунин бо бофтани мӯйҳо, усма кашидан ва дигар шӯхиҳои кӯдакона ба рӯзҳои идона ранги дигар мебахшиданд. Кӯдакон дар кӯчаҳо ҷамъ шуда, бо бозиҳои гу-ногун машғул мешуданд ва бо хандаву шодӣ фазои идонаро боз ҳам зеботар мекарданд. 

Мардон низ аз хотироти кӯдакии хеш қисса карданд, ки дар рӯзҳои Наврӯз, мусобиқаҳои мардумӣ баргузор мегардиданд.  Ба  гуфтаи  онҳо,  аз  гузашта  то  имрӯз  дар  деҳаву маҳаллаҳо  мусобиқаҳои  гуногуни  варзишӣ,  аз  ҷумла гӯштингирӣ  дар  майдон,  ки  яке  аз  мусобиқаҳои  машҳури ҷашни  Наврӯз  аст.  Ба  ин  монанд  аспдавонӣ,  бузкашӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, бардоштани санги вазнин, ки қувваи ҷисмонии худро месанҷиданд. Ресмонкашӣ, рақобати суръат (давидан)-ро ба хотир доранд. Аз бозиҳои кӯдакона бо-шад, ланкабозӣ, буҷилбозӣ, чилликбозӣ ва бо сурудхониву рақс ҷашни Наврӯзро ба ҳамдигар табрик менамоянд. 

Занону  духтарон  бошанд,  бештар  аз  оини  тозагиву ободонӣ ёдовар шуданд. Ба гуфтаи онҳо, бо наздик шудани Наврӯз мардум ба тозагии хона, кӯча ва муҳити атроф аҳамияти  махсус  медоданд.  Хонаҳоро  рӯбучин  карда, ҳавливу кӯчаҳоро пок менамуданд, то идро дар муҳити тозаву озода пешвоз гиранд. Зеро дар фарҳанги тоҷикӣ Наврӯз, пеш  аз  ҳама,  ҷашни  покиву  навсозии  зиндагӣ  маҳсуб  мешавад...

Рамазони МИРЗОМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода