НОРАСОИИ ОБ - МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ САЙЁРА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Норасоии об мушкилоти глобалии тамоми сайёра маҳсуб меёбад. Аз рӯи маълумоти СММ имрӯз дар 80 мамлакати дунё норасоии оби нӯшокӣ эҳсос мешавад. Ассамблеяи генералии СММ аз 22 марти соли 1993 дар бораи таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии об” қарор қабул намуд.
Эълон гардидани “Рӯзи умумиҷаҳонии об” иқдоми саривақтӣ ва муҳим буд, зеро дар сайёра талабот ба об мунтазам меафзояд, вале захираи оби тоза кам мешавад, ки боиси мушкилиҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Дар соли 2015 ҷиҳати тақвияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои об, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2005 дар Кореяи Ҷанубӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ намояндагони Тоҷикистон низ фаъолона иштирок ва масъалагузориҳо карданд.
Маҳз ҳаминро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ҳазорсолаи нав бо ташаббусҳои башардӯстона барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об саъю кӯшиши зиёд намудаанд. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсола бори аввал аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.
Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март, татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Мувофиқи қатъномаи МУСММ ҳадафҳои асосии даҳсола ноил гардидан ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳитизистӣ, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахл-дор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ва татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд, ба муносибати оғози Даҳсолаи айнал-милалии амал «Об – барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар Ню-Йорк қайд намуданд, ки имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми сатҳҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.
Дар шароити Тоҷикистон истифодаи оқилонаю мақсадноки оби нӯшиданӣ ва полизӣ боиси пешбурди босамари хоҷагидорӣ ва ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба об, амалҳои ҳифз аз ифлосшавӣ ва аз ҷиҳати гигиенӣ тоза нигоҳ доштани об боиси беҳбудии саломатӣ ва солимии ҷомеа мегарданд.
Дар хотир доштан даркор аст, ки тағйирёбии иқлим боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми об мегардад. Аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Сулаймон ҒАФФОРЗОДА,
мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...