Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ


МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ



Имсол ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон - Наврӯз бо рангу бӯйи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд.

Тасмим гирифтем, доир ба сарнавишти Наврӯзи куҳан, таҷлили он дар масири таърих, эҳёи падидаҳои наврӯзӣ бо Халилзода Давлаталӣ, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбате биороем, ки инак, фишурдаи он.

– Устод, дар оғози суҳбат мехостам, ки аз таърихи Наврӯзи куҳан ва чигунагии зуҳури он суҳбат кунем. Ба назари Шумо, чӣ боиси Наврӯз ном гирифтани он гардид?
– Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Вожаи Наврӯз аз форсии миёна баргирифта шуда, маънои Рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо, 21 март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад. Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми паёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин, ба шоҳ Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯё дар ин рӯз ба вай нури офтоб расидааст. Вале қадимтарин манбае, ки дар он аз Наврӯз зикр мешавад, китоби муқаддаси зардуштиҳо – "Авасто" мебошад. Тибқи таълимоти "Авасто", мардум муваззафанд, ки ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар "шаш намуд" (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.

– Бо ақидаи Шумо, оё асарҳои Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём аз ҷиҳати мазмун бо ҳам тавъаманд?
– Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва олими қарни 10-ум, дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” ва дар китобаш “Ал-тафҳим” менигорад, ки “Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”.

Берунӣ дар китоби “Ал-тафҳим” овардааст: “Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”.

Аз маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросими гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

– Ба назари Шумо, кадом падидаҳои нодири Наврӯзи куҳан имрӯзҳо ба гунаи шоиста эҳё шудаанд?
– Марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳои он ба даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон пайванди маҳкам дорад. Аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт. Сардори давлат дар яке аз мулоқотҳои хеш бо зиёиёни мамлакат барҳақ таъкид намуда бу-данд: “Имрӯз Истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд”.

Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ ар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, як амри табиист. Дар дарозои таърихи худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои санги таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта.

– Оид ба ҷойгоҳи “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ки аз рамзҳои маъруфи наврӯзӣ маънидод мешаванд, чӣ андеша доред?
– Ҳамчун қоида дар иди Наврӯз ду на-муди дастархон оро дода мешавад, яъне “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”. Дар алифбои форсӣ “син” ва “шин” ҳарфҳо (овозҳо)-и “с” (ﺲ) ва “ш” (ﺶ) мебошанд. Бояд қайд кард, ки динҳои зардуштӣ ва ислом 7-ро рақами муқаддас мешуморанд. “Ҳафтшин” ҷузъе аз анъанаҳои наврӯзии “Ҳафтсин” мебошад. “Ҳафтсин” ин ҳафт номгӯи чизҳое ҳастанд, ки бо ҳарфи “син” сар мешаванд. Ба инҳо сир, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак ва сипанд дохил мешаванд. Умуман, инҳо аз урфу одати ҳар як миллат вобаста мебо-шанд. Бинобар ин, ба ҷойи “Ҳафтсин” дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин.

Ба “Ҳафтшин” шакар, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат, ширбиринҷ ва шир дохил мешаванд.

– Чаро Наврӯзро маҳз 21-уми март ҷашн мегиранд?
– Таҷлил аз Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар Тоҷикистон ва умуман, миёни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон 7 ҳазор сол қабл аз зуҳури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад. Тибқи он, соли ҷадид баҳорон 20 ва 21-уми март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеӣ ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён шаш рӯз тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд: Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз 1-ум то 5-уми моҳи Фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хоса барпо мегашт.

– Барои суҳбати ҷолиб аз Шумо сипосгузо-рем. Бигзор, ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони сайёраи Замин ҳамеша чун паёмовари некиҳоиву сарсабзиҳо боқӣ монад!
– Ташаккур аз Шумо!

Мусоҳиб:
Комрони БАХТИЁР, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода