Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СУМАНАК РАМЗИ НАВРӮЗ АС


СУМАНАК РАМЗИ НАВРӮЗ АС



Наврӯз  яке  аз  ҷашнҳои қадимтарини  мардуми  ориёитабор ба ҳисоб меравад, ки аз ҳазорсолаҳо  то  имрӯз  ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав  ва  оғози  фасли  киштукори  баҳорӣ  таҷлил  мегардад. Дар  фарҳанги  мардуми  тоҷик ин ҷашн бо расму ойинҳои гуногун,  таомҳои  суннатӣ  ва анъанаҳои  бостонӣ  пайванд дорад.  Яке  аз  муҳимтарин ва  машҳуртарин  таомҳои наврӯзӣ  суманак  мебошад,  ки дар байни мардум ҳамчун рамзи  баракат,  фаровонӣ  ва  шодии зиндагӣ маъруф аст.

Суманак  аз  гандум  омода  карда мешавад  ва  худи  гандум  дар фарҳанги мардумони кишоварз рамзи зиндагӣ ва фаровонӣ маҳсуб меёбад. Омода кардани суманак раванди тӯлонӣ ва заҳматталаб аст, ки аз сабзонидани  гандум  оғоз  мегардад.  Занон гандумро дар об тар карда, баъд аз  неш  задани  он  сабза  мерӯёнанд ва  аз  шираи  ин  сабза  суманак  тай-ёр  мекунанд.  Дар  бисёр  маҳаллаю ва деҳаҳо занон шомгоҳон гирди дег ҷамъ  омада,  то  субҳ  суманак  ме-кобанд  ва  дар  ин  муддат  сурудҳои мардумӣ мехонанд. 

Олимони соҳаи мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бар ин назаранд, ки анъанаи  суманакпазӣ  таърихи  хеле қадима дорад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин анъана аз замонҳои пеш аз ислом дар  байни  мардумони  ориёитабор вуҷуд  доштааст.  Академик  Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқоти худ қайд мекунад, ки Наврӯз ва маросими марбут ба  он,  аз  ҷумла  суманакпазӣ,  қисми муҳими  фарҳанги  қадимаи  халқҳои Осиёи  Марказӣ  ба  ҳисоб  мераванд. Ба  андешаи  ӯ,  чунин  анъанаҳо  нишон медиҳанд, ки мардуми ин сарзамин аз қадим дорои фарҳанги бой ва ҷаҳонбинии махсус буданд. Таҳлилгарони соҳаи фарҳанг бар онанд,  ки  анъанаи  суманакпазӣ  до-рои аҳамияти иҷтимоӣ низ мебошад. 

Зеро дар раванди тайёр кардани он одамон  ба  ҳам  наздик  мешаванд  ва муносибатҳои  дӯстона  мустаҳкам мегарданд. Дар бисёр маҳаллаҳо занон аз хонаҳои гуногун ҷамъ омада, якҷоя суманак мепазанд ва ин амал ба  таҳкими  муносибатҳои  ҳамсоягӣ мусоидат  мекунад.  Ҳамзамон,  дар ин  раванд  таҷриба  ва  донишҳои анъанавӣ  аз  насл  ба  насл  интиқол меёбанд.  Духтарони  ҷавон  дар паҳлуи модарон ва бибиҳои худ тарзи тайёр кардани суманак ва дигар расму  ойинҳои  Наврӯзиро  меомӯзанд. Аз ин рӯ, суманакпазӣ ҳамчун як мактаби фарҳангӣ барои нигоҳ доштани суннатҳои миллӣ хизмат мекунад.

Мутахассисон  бар  ин  назаранд, ки  шомил  шудани  ин  анъана  ба феҳристи ЮНЕСКО ба ҳифз ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро баъди чунин эътироф ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба ҳифзи  ин  мерос  таваҷҷуҳи  бештар зоҳир менамояд. 

Коршиносони  соҳаи  сайёҳӣ  низ бар  онанд,  ки  анъанаҳои  наврӯзӣ, аз  ҷумла  суманакпазӣ,  метавонанд ба  рушди  сайёҳӣ  мусоидат  намоянд.  Сайёҳон  одатан  ба  фарҳанг ва  анъанаҳои  маҳаллии  кишварҳо таваҷҷуҳи  зиёд доранд. Маросими суманакпазӣ  бо  суруду  рақсу  фазои идона барои онҳо хеле ҷолиб аст. Аз ин рӯ,  муаррифии  чунин  анъанаҳо метавонад Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бой ва таърихи қадима бештар машҳур гардонад. 

Бояд  гуфт,  ки  дар  солҳои  охир Тоҷикистон  дар  самти  ҳифз  ва  муаррифии  мероси  фарҳангии  худ ба  дастовардҳои  назаррас  ноил гардидааст.  Як  қатор  анъанаҳо  ва ҳунарҳои  миллӣ  ба  Феҳристи  мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Дар байни онҳо ҷашни Сада, ҷашни  Меҳргон, ҳунари бофтани атласу адрас ва санъати навохтани рубоб низ ҷой доранд. Ҳар яке аз ин унсурҳо  як  бахши  муҳими  фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Ворид шудани суманакпазӣ ба ин рӯйхат идо-маи ҳамин раванд мебошад.

Дар  айни  замон  вазифаи  асосӣ аз он иборат аст, ки ин анъанаҳо на танҳо дар сатҳи расмӣ эътироф шаванд,  балки  дар  зиндагии  ҳаррӯзаи мардум  низ  зинда  нигоҳ  дошта  шаванд.  Олимон  таъкид  мекунанд,  ки мероси фарҳангии ғайримоддӣ танҳо дар сурате ҳифз мешавад, ки мардум онро  дар  амал  истифода  баранд. Агар  анъанаҳо  танҳо  дар  китобҳо боқӣ  монанд, тадриҷан фаромӯш мешаванд.  Аз  ин  рӯ,  иштироки  мардум  дар  маросимҳои  суннатӣ  барои ҳифзи  онҳо  хеле  муҳим  мебошад. Суманакпазӣ яке аз он анъанаҳоест, ки  то  имрӯз  дар  байни  мардум  боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, суманак на танҳо як таоми Наврӯзӣ, балки рамзи фарҳанг, ваҳдат  ва  ҳамбастагии  мардуми тоҷик  мебошад.  Он  ба  мардум  хотиррасон мекунад, ки зиндагӣ мисли сабзаи гандум ҳамеша нав мешавад ва  умеди  ояндаи  нек  вуҷуд  дорад. Ҳифзи чунин мерос вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад, зеро маҳз тавассути  чунин  суннатҳо  таърих  ва ҳувияти миллӣ зинда мемонанд.

Набиҷони САИДАБРОР,
“Хаатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода