Ба истифода додани бинои маъмурӣ ва хобгоҳ дар қисми ҳарбии рақами 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 140
![]()
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии қисми ҳарбии мазкур шинос шуда, бо дастаи ҳайати шахсии мазкур сӯҳбат намуданд.
Бинои навбунёд бо назардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар бинои қисми ҳарбии 3503 ҳуҷраҳои кории афсарон бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои нигоҳ доштани солимии ҳайати шахсӣ ва обутоби бадан дар масоҳати 350 метри мураббаъ толори муосири варзишӣ низ бунёд ёфтааст.
Дар ин қисми низомӣ анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 100 тонна муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он маҳсулоти хурокаи сарбозон, захира ва нигаҳдорӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид намуданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбиро ҳамеша баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои ногувору фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб намуданд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амну суботи ин сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошанд.
Фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони ин сохтор ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад.
Роҳравҳо ва гирду атрофи бинову иншооти қисми низомӣ мумфарш карда шуда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз зеб дода шудааст.
Дар қисми ҳарбӣ, ҳамчунин, хонаи дидорбинӣ бо пайвандон ва манзили истиқоматии алоҳида барои сарбозони оиладор мавҷуд буда, тамоми шароити зист дар онҳо муҳайё гардидааст.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...