Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАВРӮЗ РАМЗИ ОҒОЗИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИСТ


НАВРӮЗ РАМЗИ ОҒОЗИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИСТ




ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги аҷдодӣ - Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният ме-намоям.

Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардуми  ориёинажод  буда,  аз  умқи  таърих  сарчашма гирифтааст. Ин ҷашни фархунда дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ  ва  ҳамбастагии  инсонҳо  хизмат  кардааст.  Наврӯз  мардумро  ба  созандагиву  ободкорӣ, дӯстиву ҳамкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои фаровони табиат раҳнамоӣ менамояд. Бо фаро расидани баҳори нозанин табиат дубора зинда ме-шавад, замин сабз мегардад ва дилҳои инсонҳо аз меҳру муҳаббат ва умеди нек лабрез мешаванд. 

Бо  шарофати  соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  ва талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ -  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   ин  ҷашни  бостонӣ  мақоми баланди давлатӣ ва байналмилалӣ пайдо карда, ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва дӯстии халқҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. 

Наврӯз рамзи сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидкунандаи мардумон  буда,  инсонҳоро  ба  зиндагии  нек,  меҳнати  ҳалол ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват менамояд. Дар ин зимн  яке  аз  суннатҳои  зебои  Наврӯзро  метавон  ёдовар шуд, ки дидорбинии мардум, аёдати калонсолон, дасти сахо  кушодан,  бахшидан  ва  дур  сохтани  кинаву  адоват аз дилҳо мебошад. Ин ҷашни пурфайз моро ба ҳамдигар меҳрубонтар, ба зиндагӣ умедвор ва ба оянда дилгармтар месозад. Бо  шарофати  Истиқлоли  давлатӣ  мо  тавонистем анъанаҳои неки аҷдодиро эҳё ва ҳифз намоем. Наврӯз, Сада,  Меҳргон,  Тиргон,  ҳамчунин  меросҳои  фарҳангӣ чун  Шашмақом,  Фалак  ва  Чакан  аз  ҷумлаи  арзишҳои гаронбаҳое мебошанд, ки фарҳанги куҳанбунёди миллати моро муаррифӣ мекунанд. Зеро эҳёи арзишҳои миллӣ ва гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ мебошанд.

Наврӯз  танҳо  ҷашни  фарорасии  баҳор  нест,  балки рамзи эҳёи табиат ва оғози корҳои созандагӣ мебошад. Бо фаро расидани ин фасли зебо кишоварзон ба корҳои саҳроӣ  оғоз  менамоянд,  заминҳои  ҳосилхез  кишт  карда мешаванд  ва  боғу  токзорҳо  дубора  ҷон  мегиранд.  Чор унсури асосии табиат - об, оташ, бод ва хок, ки сарчашмаи ҳаёт мебошанд, дар сарзамини файзбахши вилояти Хатлон ба фаровонӣ мавҷуданд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки аз ин неъматҳои табиӣ оқилона истифода намуда,  замини  зархезро  самаранок  ба  манфиати  ободии диёр ва фаровонии рӯзгори мардум истифода барем.

Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ дар арафаи як рӯйдоди муҳими таърихӣ - ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин даврони рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азиз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳадафи устувори рушди давлатдории миллиро таъмин намуда истодааст. Дар ин марҳилаи муҳим Пешвои миллат ҳамеша ба неруи созандагии мардуми тоҷик эътимоди комил дошта, таъкид менамоянд, ки бо сарҷамъиву ваҳдат мо метавонем тамоми мушкилотро паси сар намуда, Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ  –  35-солагии  Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 иншооти пешбинишуда 6640 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 380 иншоот зиёд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 5,2 миллиард сомони-ро ташкил медиҳад.

Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572  иншооти  гуногун  сохта  ба  истифода  дода  шуданд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.  Инчунин,  соли  2026,  дар  идомаи  ҳамин иқдомҳои созандагӣ, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла  муассисаҳои  маориф,  томактабӣ,  тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд ва ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар  баробари  ин,  Роҳбари  давлат  пайваста  ба  масъалаи  ҳифзи  арзишҳои  миллӣ,  пешгирии  исрофкорӣ  ва  зиёдаравӣ  дар  ҷашну  маросим таваҷҷуҳи  махсус  зоҳир  менамоянд.  Ин  сиёсати  хирадмандона барои таҳкими фарҳанги миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва рушди ҷомеаи солиму пешрафта аҳамияти бузург дорад.

Наврӯзи фархунда барои ҳар яки мо рамзи оғози умедҳои  нав,  орзуҳои  нек  ва  талошҳои  созанда  мебошад. Боварии комил дорем, ки бо заҳмати софдилона, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ватандӯстии мардуми шарифи кишвар Тоҷикистони азиз боз ҳам рушд ёфта, зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш бори дигар  ҳамаи  сокинони  меҳнатдӯсти  вилояти  Хатлонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу субот, бахту  саодат,  тандурустӣ,  файзу  баракат  ва  рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Бигзор  Наврӯзи  имсола  ба  сарзамини  азизамон файзу нусрат, ба хонадонҳо шодиву фаровонӣ ва ба қалбҳои мардум умеду муҳаббати бештар оварад.

Наврӯзи  35  соли  даврони  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистони маҳбуб хуҷаста муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода