БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 6
![]()
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум рӯзи 30 марти соли 2026, соати 8:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 апрели соли 2022, №114 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №91 “Дар бораи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
2. Ҳисоботи мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №203 “Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
3. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилӣ ва назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқ.
4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Ҷ.Балхӣ №43, Ҷайҳун №45 ва таъин намудани интихобот.
5. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Ҷ.Балхӣ №43 ва Ҷайҳун №45.
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00