Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шаҳомат таҷлил мегардад
НАВРӮЗ ДАР АФҒОНИСТОН
Дар Афғонистон Наврӯз бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Дар ин ҷо Наврӯз бо номҳои гуногун, аз ҷумла «Ҷашни Наврӯз», «Рӯзи деҳқон», «Иди сари сол», «Ҷашни гули сурх», «Ҷашни ниҳолшинонӣ», «Ҷашни умед», «Ҷашни зиндагии нав» ва «Мелаи гули сурх» маъруф аст. Маркази асосии таҷлили он шаҳри бостонии Мазори Шариф маҳсуб мешавад.
Дар замони Ғазнавиён Наврӯз 14 рӯз пештар аз аввали фарвардин (яъне пеш аз 21 март) ҷашн гирифта мешудааст. Дар ин бора дар тавзеҳоти «Таърихи Байҳақӣ» омадааст, ки дар он давра Наврӯз аз 7 март оғоз мешуд.
Наврӯз дар Афғонистон ба се шакл таҷлил мешавад: мардумӣ, давлатӣ ва муштарак. Мардум одатан ду-се ҳафта пеш аз фаро расидани ҷашн омодагӣ мегиранд. Дар ҳар хонадон хонатаконӣ анҷом дода, барои ид суманак ва шарбати маъруфи «ҳафтмева» (ки аз мағзи бодом, писта, чормағз, санҷид, кишмиш, ғӯлинг ва анҷир иборат аст) омода мекунанд.
НАВРӮЗ ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Дар Ӯзбекистон Наврӯз бо рангинии фарҳангӣ ва бозиҳои мардумӣ маъруф аст. Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро мардум дар маросими «сумалак-сайли» ҷамъ мешаванд. Пухтани «кӯк-сомса», «ҳалим» ва баргузор намудани мусобиқаҳои «купарӣ» аз суннатҳои маъмулии идона мебошанд.
Дар Бухоро, ки мақбараи Исмоили Сомонӣ, поягузори давлати Сомониён, муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино, мақбараи Баҳоваддини Нақшбанд ва садҳо мақбараи бузургон ҷой доранд, дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба зиёрати онҳо мераванд ва ба хидматҳои онон арҷ мегузоранд. Дар рӯзҳои ҷашн савдогарон дуконҳои худро мебастанд. Ҳама дар гирди оташ ҷамъ шуда, аз гармии он истифода намуда, машғули хурсандиву шодмонӣ мешуданду менӯшиданду мехӯрданд.
НАВРӮЗ ДАР ЭРОН
Таҷлили Наврӯз дар Эрон бо шукӯҳ ва суннатҳои бисёр қадимӣ сурат гирифта, на танҳо иди баҳор, балки оғози расмии соли нави шамсӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳимтарин лаҳзаи Наврӯзи эронӣ «таҳвили сол» мебошад. Дар ин лаҳза тамоми аъзои оила дар гирди дастархони «ҳафтсин» ҷамъ меоянд. Ин дастархон бо ҳафт унсуре, ки бо ҳарфи «С» оғоз мешаванд, оро дода ме-шавад: сир, себ, сирко, санҷид, суманак, сабза ва сумоқ.
НАВРӮЗ ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Дар Қазоқистон Наврӯз бо номҳои «Науриз мейрами» ва «Улустин ули куни» (Рӯзи бузурги миллат) ҳамчун рамзи ваҳдату шукуфоӣ ҳамасола рӯзи 22 март таҷлил мешавад. Рукни асосии дастархони қазоқҳо таоми муқаддаси «Науриз-коже» мебошад, ки аз 7 унсур омода шуда, дар канори он «Баурсак» (нони равғанӣ) ва гӯшти асп пешкаш мегардад.
Варзишҳои миллӣ ба мисли «Кӯкпар» (улоқпаронӣ), гӯштин ва «Қиз қуу» (аспдавонӣ) ба ҷашн шукӯҳи хос мебахшанд.
НАВРӮЗ ДАР РУСИЯ
Дар Федератсияи Русия Наврӯз ба рамзи воқеии дӯстии халқҳо ва ҳамзистии фарҳангҳо табдил ёфтааст. Ҳамасола дар шаҳрҳои калон, махсусан дар пойтахти кишвар - шаҳри Москва, ҷашнвораи бошукӯҳи Наврӯзӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабиниҳои фарҳангӣ намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, бо оростани дастархони «Ҳафтсин», намоиши ҳунарҳои дастӣ ва пухтани таомҳои миллӣ, ба мисли оши палав ва суманак, фазои баҳориро ҷилвагар месозанд ва сокинони таҳҷоиро бо мероси ғании худ ошно мекунанд.
НАВРӮЗ ДАР АВРУПО ВА АМРИКО
Дар кишварҳои Аврупо, аз қабили Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир Наврӯз мақоми як ҷашнвораи бузурги байналмила-лии фарҳангиро касб намудааст. Ҳамасола дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж барномаҳои илмиву фарҳангии сатҳи баланд доир мегарданд, ки дар онҳо сафирон ва намояндагони давлатҳои мухталиф ширкат вар-зида, фалсафаи сулҳпарваронаи ин ҷашнро гиромӣ медоранд. Инчунин, дар донишгоҳҳои бонуфуз ва осорхонаҳои Аврупо маҳфилҳои шеъру адаб, намоишгоҳҳо ва консертҳои мусиқии суннатӣ баргузор шуда, Наврӯз ҳамчун пули ҳамдигарфаҳмӣ миёни Шарқу Ғарб талқин карда мешавад.
Густариши ин ҷашн то ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ расидааст. Дар Амрико фестивалҳои калони наврӯзӣ дар сатҳи баланд доир шуда, ҳамасола ҳатто аз ҷониби Кохи Сафед паёмҳои табрикӣ пахш мегарданд.
Таҳияи Мунавваршои ЗАФАР,
“Хатлон”
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
