Наврӯз ва бозиҳои суннатии мо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 42
![]()
ГӮШТИН- маҳбубтарин бахши Наврӯз аст. Ягон шаҳр ё деҳае нест, ки дар рӯзҳои ид мусобиқаи гӯштин доир нагардад. Маросими оғози он хеле ҷолиб аст: аввал ду мӯйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо рақс гирди майдон чархзанон мусобиқаро оғоз мекунанд. Барои ҳар як паҳлавон ғолиб омадан дар мусобиқаи Наврӯзӣ шарафи бузург аст, зеро номи ӯ то соли оянда вирди забонҳо боқӣ мемонад.
БАНДКАШӢ- яке аз бозиҳои варзишие аст, ки маъмулан дар ҷашни Наврӯз ва иду маъракаҳои мардумӣ барпо мешавад. Ҷавонон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, кӯшиш мекунанд бо кашидани арғамчин ҳарифро ба тарафи худ гузаронанд. Ин бозӣ рамзи ҳамбастагӣ аст. Зеро дар бандкашӣ як кас ҳарчанд зӯр бошад ҳам, танҳо ғолиб омада наметавонад. Барои пирӯзӣ тамоми даста бояд мисли як кас ҳаракат кунад. Дар бархе аз ноҳияҳо, ба монанди Ховалингу Муъминобод, намудҳои дигари ин бозӣ, мисли "пиёдакашӣ" низ маъмуланд, ки дар онҳо ҷавонон барои ба даст овардани матои рамзӣ талош мекунанд.
БУЗКАШӢ - варзиши мардони шуҷоъ ва аспсаворони моҳир аст. Ин мусобиқа бештар дар минтақаҳои Хатлону Суғд ва водии Ҳисор шукӯҳи хос дорад. Човандозон бояд ҷасади бузро аз миёни анбӯҳи саворон (ки гоҳо шуморашон аз сад ҳам мегузарад) рабуда, ба марра расонанд. Дар ин бозӣ истифодаи ресмон барои бастани буз ба зин қатъиян манъ аст ҳама чиз бояд бо нерӯи даст ва маҳорати аспсаворӣ анҷом шавад.
ЧАВГОНБОЗӢ - ё ҳамон "хоккейи рӯи асп" таърихи бисёр куҳан дорад. Дар гузашта ин бозӣ дар аксар ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур, иди Наврӯз ва Меҳргон баргузор мешуд. Мусобиқаҳо дар байни дастаҳо аз деҳаҳои ҳамсоя низ сурат мегирифт. Шакли чавгони пиёда ё чавгони рӯи чаман низ маъмул аст. Найзаандозӣ - дар водии Вахш аз болои аспи давон тухми дарзаминбударо бо найза зада мебардоштанд. Инчунин арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан aз болои арғамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешуданд.
ЧИЛАКБОЗӢ- ин бозии суннатӣ, ки бо номҳои "Чиликдангал" ё "Акколбозӣ" низ ёд мешавад, бештар миёни наврасон ва ҷавонони деҳот маъруф аст. Бозӣ бо ду чӯб (яке дароз ва дигаре кӯтоҳ) сурат мегирад. Қоидаи асосӣ — дуртар партофтани чилак ва ҳисоби холҳост. Ғолибон мағлубонро бо як тарзи “зу-у-у” гуфта, бо давонидан ҷазо медиҳанд, ки ин лаҳзаҳо ба бозӣ шӯхиву хандаи зиёд зам мекунанд.
Ин анъанаҳо, дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳанги халқҳои ҳамсоя омезиш ёфта, имрӯз ҳамчун мероси зиндаи миллат боқӣ монда аст.
Таҳияи Нуъмони РАВШАН,
Ҷамъахон ИБРОҲИМОВ,
коромӯзони "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...