Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲУНАРЕ, КИ НОНУ НОМ МЕДИҲАД


ҲУНАРЕ, КИ НОНУ НОМ МЕДИҲАД



Қиссаи табақтароши ҷавон аз ноҳияи Восеъ

Ҳунарҳои  мардумӣ  дар  фарҳанги  тоҷикон  мақоми  хос  доранд.  Аз  қадимулайём  мардуми  мо  бо  дастони  ҳунармандонаи худ ашёе меофариданд, ки на танҳо барои зиндагии рӯзмарра хизмат мекард, балки нишонаи завқи зебоипарастӣ ва фарҳанги ғании миллӣ буд. Имрӯз низ дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷавононе ҳастанд, ки ин анъанаҳои неки ниёгонро идома дода, ҳунарҳои аҷдодиро зинда нигоҳ медоранд.

Яке  аз  чунин  ҷавонони  ҳунарманд Сайҷалол Шарифов, сокини деҳаи Восеъободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ бо ҳунари табақтарошӣ машғул буда, маҳсули дасто-ни  худро  ба  бозор  бароварда,  аз  ҳамин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад.

Ӯ  мегӯяд,  ки  шавқи  ҳунар  дар  қалбаш ҳанӯз  аз  овони  ҷавонӣ  пайдо  шудааст.  Ӯ тақрибан  даҳ  сол  пеш  тасмим  гирифт,  ки ҳунари  табақтароширо  омӯзад.  Барои  ин аз тағояш, ки устои табақтарош буд, сабақ гирифт.

«Дар аввал танҳо тамошо мекардам, ки чӣ гуна аз як порча чӯб табақи зебо месозанд. Бо мурури вақт ин касб ба қалбам ҷо гирифт. Роҳнамоии ӯ худам ба тарошидани табақ шуруъ кардам», - мегӯяд Сайҷамол.

Ҳамин  тавр,  бо  сабру  таҳаммул  ва машқи  зиёд  Сайҷалол  нозукиҳои  ин ҳунарро  аз  худ  намуд.  Дар  оғоз  табақҳои одӣ месохт, вале бо гузашти вақт маҳорати ӯ  беҳтар  гардид  ва  имрӯз  метавонад табақҳои  гуногунҳаҷм  ва  хушнақш  тарошид.

Ҳар  ҳунар  асрори  худро  дорад.  Дар ҳунари  табақтарошӣ  низ  интихоби  чӯб хеле муҳим аст. Сайҷалол бештар аз чӯби чормағз  истифода  мебарад.  Ба  гуфтаи  ӯ, ин  навъи  чӯб  ҳам  устувор  асту  ҳам  зебо. Нақши табиии чӯби чормағз табақҳоро боз ҳам дилфиреб менамояд.

Барои  сохтани  як  табақ  баъзан  чанд соат  ва  ҳатто  як  рӯз  вақт  сарф  мешавад. Пеш аз ҳама, чӯбро ба шакли лозима мебуранд, баъд онро тарошида, суфта меку-нанд. Пас аз ин табақ бо нақшу нигор оро дода мешавад.

Имрӯз  табақҳои  тарошидаи  Сайҷалол дар  бозор  талаботи  зиёд  доранд.  Харидорон онҳоро барои истифода дар хона ё ҳамчун  туҳфа  мехаранд.  Бисёре  аз  соки-нони маҳаллӣ мегӯянд, ки табақҳои чӯбин на танҳо зебо, балки барои истифода низ мувофиқанд.  Хӯрдани  хӯрок  низ  дар  чунин табақҳо маззаву лаззати дигар дорад. Онҳо дар хонаҳои мардум тоҷик, махсусан дар мавридҳои идона ва меҳмондорӣ, бисёр истифода мешаванд.

Сайҷалол ҳар дафъа кӯшиш мекунад, ки маҳсулоти худро бо сифати баланд омода намояд. Ба гуфтаи ӯ,  агар  ҳунарманд  кори  худро  бо муҳаббат  анҷом  диҳад,  маҳсулаш ҳатман  харидор  пайдо  мекунад. 

Ҳарчанд  табақтарошӣ  кори  осон нест,  аммо  барои  Сайҷалол  он  ба манбаи асосии даромад табдил ёфтааст.  Маҳз  ҳамин  ҳунар  зиндагии хонаводаашро таъмин мекунад.

-Ин касб ба ман ҳам нон ва ҳам ном дод. Аз ҳисоби ҳамин ҳунар зиндагии худро пеш мебарам, - бо иф-тихор  мегӯяд  Сайҷалол.  -  Меҳнати ҳалол ҳамеша баракат меорад. Агар инсон ҳунар дошта бошад, метавонад  бо  заҳмати  худ  рӯзгори  худро таъмин намояд. 

Ҳунари  табақтарошӣ  яке  аз ҳунарҳои  қадимии  мардуми  тоҷик мебошад.  Дар  гузашта  чунин табақҳо дар ҳар хонадон истифода мешуданд.  Имрӯз  ҳам  таваҷҷуҳ  ба ҳунарҳои  мардумӣ  бештар  гардида,  бисёре  аз  ҳунармандон  кӯшиш мекунанд,  ки  ин  анъанаҳоро  зинда нигоҳ  доранд.  Сайҷалол  низ  бар он  назар  аст,  ки  ҷавонон  бояд  ба омӯзиши  чунин  касбҳо  рӯ  оранд. «Ҳунар  беҳтарин  сармоя  аст.  Агар ҷавон  ҳунар  дошта  бошад,  ҳеҷ  гоҳ бекор намемонад», мегӯяд ӯ.

Сайҷалол нақша дорад, ки дар оянда фаъолияти худро боз ҳам густариш диҳад. Ӯ мехоҳад коргоҳи хурди ҳунармандӣ ташкил намояд ва ба ҷавонони деҳа нозукиҳои ин ҳунарро омӯзонад. Агар ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ кунанд, ҳам фарҳанги миллӣ ҳифз мешавад ва ҳам имконияти  пайдо кардани ҷойи кор зиёд мегардад.

Қиссаи  зиндагии  Сайҷалол  Шарифов намунаи равшани он аст, ки меҳнату  ҳунар  метавонад  инсонро ба  комёбӣ  расонад.  Имрӯз  чунин ҷавонони  ҳунарманд  бо  заҳмати худ  на  танҳо  рӯзгори  хешро  пеш мебаранд, балки дар ҳифз ва рушди  ҳунарҳои  мардумӣ  низ  саҳми арзанда  мегузоранд.  Ҳунаре,  ки аз  гузаштагон  ба  мо  мерос  мондааст, бояд барои наслҳои оянда низ нигоҳ дошта шавад. Ва маҳз чунин ҳунармандони  ҷавон  бо  меҳнати содиқонаашон ин рисолати муҳимро идома медиҳанд.

А. АБДУЛМАҶИД, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода