Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » «COVID-19 Тоҷикистонро тарк кунад»


«COVID-19 Тоҷикистонро тарк кунад»


- чунин орзу доранд аксари мусоҳибони мо

Орзу кардан айб нест. Ҳарчанд орзуи мо на ҳамеша ба ҳақиқат табдил меёбад, аммо бо ин нияти нек, ақаллан худро таскин медиҳем. Имрӯз зиндагии мардум ба мушкилиҳои зиёд печидааст. Мушкилиҳое, ки мо худ ба таври сунъӣ онҳоро эҷод мекунем. Ин якбора болоравии нарху навои маводи ғизоӣ дар бозорҳо, гаронии сӯзишвории нақлиётӣ, таҳдиди каронавирус ва ғайраҳо мебошад. Дар ин маврид “Кӣ чӣ орзу дорад?” Бо ин суол дар назди бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ба чанд нафар сокинон муроҷиат карда, посухҳои зайл гирифтем.


Умаршо Муродов, сокини шаҳри Бохтар:


-Бародари азиз! Дар бораи орзуҳои ман шумо напурседу ман нагӯям. Зеро, агар онҳоро гӯям, пас ба ҷароҳати қалбам дубора намак мепошам, агар нагӯям, дилам мекафад. Як ба нарху навои бозор назар андозед. Бо омад-омади иди Қурбон якбора қимати онҳо ба осмон дакка хӯрдааст. Масалан, маводҳои аввалияи ғизоиро гирем. Як кило гӯшти гов 60-63 сомонӣ, равған (5 литра) аз 100 сомонӣ боло, як халта орд аз 200 сомонӣ боло. Бо мурури вақт, аз ҷиҳати болоравии нарх, сафедак (пиёз) ҷойи картошка (нони дуюми мо)-ро гирифт, акнун зардак (сабзӣ) ба ҷойи сафедак баромада, 8-9 сомонӣ қимат дорад. Сӯзишвории нақлиётӣ (газ, бензин, салярка) нархи кайҳониро касб карду ронандагони мусофирбар низ роҳкироиро бардоштанд. Дар маҷмӯъ, зарба ба ҷайби аҳолӣ расид. Аз ин рӯ, ман шабу рӯз орзу мекунам, ки нархи ин маводҳо ба замин фарояд. Рӯзе шавад, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо мардумро ҳангоми харидории маводи ғизоӣ кушодачеҳраю қаноатманд бинам. Ва амалӣ шудани орзуҳо дар сурати ғалаба ба COVID-19 ба мо муяссар хоҳад шуд. Илоҳо орзуҳои банда ба ҳақиқат табдил ёбанд...

Х. Бобобекзода, корманди тиб, ноҳияи Хуросон:

-Имрӯз ман як орзу дорам. Ин ҳам бошад, аз COVID-19 халосӣ ёфтан мебошад. Пандемияи сархӯру оламгир сайёраро ҳукмрон шудааст. Дар ҷумҳуриамон пайдо шудани мавҷи сеюми он, ки аз рӯйи намуд аз COVID-ҳои қаблӣ фарқ дорад, ҳар яки моро ҳушдор медиҳад. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, бояд аз беморӣ эҳтиёт бошем, қоидаҳои бехатариро ҳатман риоя кунем. Мутаассифона, ҳанӯз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору фурӯшгоҳҳо, дохили нақлиёти мусофирбар нигаронкунанда аст. Дар бозорҳо на фурӯшандаву на харидор ниқоб ва дастпӯшак доранд. Мушоҳида мешавад, ки савдогар меваҷот, бахусус, гелос, себу бодиринг ва помидорро ба дастони бараҳна мегираду ба тарозу мегузорад. Онҳо дар ин гармии рӯз зуд-зуд арақи ҷабин, даҳону биниро низ бо дасти луч пок мекунанд ва боз даст ба меваҷот мезананд. Шахсони роҳгузар низ, новобаста аз харидорӣ кардан, гелосро бо дастони ифлосу ношуста тагурӯ карда, ба қавле намакчашак мекунанд. Ҳамин тавр, қоидаҳои одии гигиенӣ риоя намешавад. Вақте ки аз назди дуконҳои гӯшт мегузаред, мушоҳида мешавад, ки қассобон ҳам ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намекунанд, дар рӯй ниқоб надоранд, бе дастпӯшак гӯштро дошта, савдо мекунанд. Оё нафаре кафолат медиҳад, ки вируси бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла каронавирус тавассути дастони ифлосу ношустаи харидору фурӯшанда ба гӯшт, сабзавоту меваҷот, маҳсулотҳои нонӣ ва шириниҳо сироят намекунад? Дар ин маврид касе ин кафолатро намедиҳад. Орзу мекунам, ки ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби шаҳрвандон риоя карда шавад ва COVID (номаш гум шавад!) дар Тоҷикистони азизамон маҳв гардад! Боварӣ ҳаст, ҳамин тавр ҳам мешавад.

Р. Раҳимов, нафақахӯр, ноҳияи Кӯшониён:

-Орзуи ман? Имрӯз рӯзирасони мо деҳқон аст. Ӯ бо меҳнати сангин маҳсулот истеҳсол мекунад. Пас, чаро маҳсули меҳнати ӯро нафаре соҳибӣ кунад, ки аз деҳқонӣ бӯйе ҳам намебарад. Бигзор худи истеҳсолкунанда, яъне деҳқон маҳсулоташро фурӯшад. Бозори миёнаравҳоҳаннотони қиматфурӯшро, ки аз ҳисоби деҳқон фоидаи муфт ба даст меоранд, коҳиш додан лозим. Дар маҷмӯъ, деҳқон маҳсулоташро бо нархи арзон фурӯхта, аз ин ба харидор низ зарари молиявӣ намерасад ва ҳам нарх дар бозор танзим мешавад. Орзуи дигари ман, сиҳатии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз мебошад. Барои ин мо бояд хуруҷи бемории каронавирусро ҷиддӣ бигирем, ба одитарин тадбирҳои пешгир аз COVID-19 риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозору нақлиёти мусофирбар, ҳамзамон хонаву кӯча таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Худ ва дигаронро аз ин балои аср эмин нигоҳ дорем.

Суҳбаторо С. АТТОР, “Хатлон”

P.S. Орзуҳо, орзуҳо. Орзуҳои ширину ниятҳои нек. Бигзор орзуҳои ҳар яки мо амалӣ шавад ва комёбиҳо ёратон бод!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода