Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифз ва нигоҳдории ин манбаъҳои ҳаётан муҳими обӣ таҷлил мегардад, зеро пиряхҳо сарчашмаи асосии оби тоза буда, барои таъмини амнияти обӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши калидӣ доранд. Дар шароити тағйирёбии иқлим обшавии босуръати онҳо хатари камшавии захираҳои об, афзоиши офатҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба зиндагии инсонро ба миён меорад, аз ин рӯ ҳифзи пиряхҳо вазифаи муштараки тамоми башарият мебошад.
Дар кӯҳҳо барф то баландиҳои муайян об мешавад. Аз он боло барфҳои доимӣ ва пиряхҳо ҳукмфармо мебошанд. Ҳудуди поёнии онро хатти барфӣ меноманд. Аз ин хат боло барф дар да-воми сол об намешавад. Баландии хатти барфӣ дар ҳама ҷо як хел нест. Дар кӯҳҳои назди хатти истиво хатти барфӣ дар баландии 5000-6000 метр буда, дар кӯҳҳои Помир аз баландиҳои 5200-5240 метр мегузарад. Он дар қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ то сатҳи оби уқёнус поён мефарояд.
Пиряхҳои сатҳи хушкиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: пиряхҳои кӯҳӣ ва пӯшанда. Пиряхҳои пӯшанда дар минтақаҳои қутбӣ паҳн гардидаанд. Андозаи онҳо бузург буда, масоҳати хеле калонро ҳамчун сипар пӯшонидаанд. Пиряхи пӯшанда қариб тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст. Он бо таъсири вазни худ аз марказ ба тарафи уқёнус ҳаракат мекунад. Ҳамин ки ба уқёнус расид, шикаста чун кӯҳи яхин шино мекунад, ки онро айсберг (аз лаҳнӣ скандиявӣ, «кӯҳҳои яхин») меноманд.
Пиряхҳои кӯҳӣ ба монанди пиряхҳои минтақаҳои қутбӣ мавзеи ишғолкардаашонро саросар намепӯшонанд. Онҳо дар қуллаҳо, хамиҳо ва водиҳои кӯҳӣ аз якдигар ҷудо-ҷудо хобидаанд. Шакл ва андозаи онҳо гуногун мешавад. Баъзеи онҳо шоха доранд. Пиряхҳо дар он мавзеъҳо хобидаанд, ки сатҳи онҳо ба ин ё он сӯ нишеб аст. Бинобар ин пиряхҳо аз нишебии кӯҳҳо ва водиҳои кӯҳ ба поён ҳаракат мекунанд.
Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти ҳоҷагии одамон ниҳоят калон аст. Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. Аз онҳо дарёҳои калони Осиёи Марказӣ пур шуда, заминҳои хушкро обшор мегардонанд. Зиёда аз 90% оби ширини рӯйи Замин ба пиряхҳои пӯшанда рост меоянд.
Тоҳир ҲАМЗАЗОДА,
раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
