Дар як сатр
» » Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

20-10-2015, 17:58

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Сироҷ Бекназаров, сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвонро бо иттиҳоми «порагирӣ» боздошт кардааст.
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Ба иттилои Сайфулло Раҳматуллоев, корманди ниҳоди мазкур, С. Бекназаров аз сокини Ёвон «Б.» барои раҳоии шавҳараш «Х.» аз боздошт даҳ ҳазор доллари ИМА талаб кардааст. Ба қавли С. Раҳматуллоев, шаҳрванд «Х.» ба гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Ба муқобили Сироҷ Бекназаров бар асоси моддаи 319 қисми 4, банди «г»-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне «гирифтани пора ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор ва шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул ё коғазҳои қиматнок» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 12 солро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА