«Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 345
Таҳти ин унвон дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон, сардорони раёсатҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, оғоз гардид.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Аваззода Шараф Тавар, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, андешаронӣ намуданд.
Баъдан, маърӯзаҳои Собирҷон Давлатзод, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Авазҷон Назарзода, прокурори вилояти Хатлон, дар мавзуи “Вобаста ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, Пайрав Наимзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон, дар мавзуи “Паёми Пешво ва соли маърифати ҳуқуқӣ”, скарҷон Ҳабибуллоев, муовини сардори шуъбаи мубориза бо терроризми раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзуи “Шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ” ва Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон, дар мавзуи “Сабабу омилҳои содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон” шунида шуд.
Дар охир, аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як қатор фаъолон бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
К. РАСУЛОВ , «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...