Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АВБОШӢ. Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят ду ҷавон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд


АВБОШӢ. Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят ду ҷавон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд




Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ду сокини ҷавони шаҳри Бохтар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва бо истифодаи зӯроварӣ ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон зарар расонидан дар ҳайати гурӯҳӣ гумонбар дониста мешаванд.

- Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Достонов Қосим Суҳробович, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Вализодаи шаҳри Бохтар (пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авбошӣ, суд шудааст) ва Воҳидзода Исомиддин Ҷалолиддин, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар, дастгир карда шудаанд, - қайд кард сарчашмаи хабар.

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршудагон аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р.-ро, ки ба хонандагон дарс мегуфт, ба долони муассиса даъват намуда, нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ карданд ва ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расониданд.

Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тулонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон намудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур дастгиршудагон Достонов Қ.С. ва Воҳидзода И.Ҷ. ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Алайҳи онҳо бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори авбоширо аз ҷумлаи он навъи ҷиноят эътироф намудааст, ки ба ҷамъият хавфнок буда, боиси таҳдид ва расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии иштирокчиён ва аъзои ин кирдори зиддиҳуқуқӣ мегардад.

Имрӯз моро мебояд ба масъалаҳои ҷавонон дар самти таъмини амнияти ҷомеа, роҳҳои мубориза бо зуҳуроти манфии ҷомеа, пешгирӣ аз тундгароиву зиёдаравӣ, авбошию ҷинояткорӣ, инчунин тақвият додани руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва худшиносии миллии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳад.

Таъмини амният ва тартибот дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол буда, он дар доираи сиёсати ҳуқуқӣ ва дохилию хориҷии давлат роҳандозӣ карда мешавад ва яке аз шартҳои асосии рушди давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва омодасозии “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” барои иштироки бештари ҷавонон, хусусан, ҷавононе, ки берун аз муассисаҳои таълимиянд, дар таъмини амнияти ҷомеа мусоидат намуда, дар таҳкими мафкураи миллӣ ва маърифати сиёсии онҳо нақши бузурге мебозад.

Аз сӯйи дигар, агар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкории хуб ба роҳ монад, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ таъмин ва устувор мешавад. Шаҳрвандон бояд барои хабаррасонии амалҳои зиддиҳуқуқӣ ба милитсия ҳавасманд бошанд, зеро милитсия дар доираи талаботи қонунгузорӣ бо дарназардошти манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ мушкилоти дар ҷомеа ҷойдоштаро бартараф менамояд.

Дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа нақши чорабиниҳои профилактикӣ, бахусус профилактикаи баъзе амалҳои зиддиҳуқуқие, ки мушкилоти мубрами рӯзро ташкил менамоянд, меафзояд (зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, амалҳои экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғайра). Дар доираи ҳамкорӣ милитсия бо ҷомеа наздик шуда, эътимоду боварии халқ ба фаъолияти он меафзояд.

Натиҷаи ниҳоии ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини мақсадноки тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳити иҷтимоии бехатар ба ҳисоб рафта, барои зиндагонии осоиштаи мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуда, рушду тараққиёти давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мегардад.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода