КУМАКИ МОЛИЯВӢ ДАР СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 09 январ, Бахш: Дигар матолиб, Боздид 1 700
Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ чорабинӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин зимни суханронӣ аз аҳли оину амалҳои неки мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз волотарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону ниёзмандон аст.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, ба 48 нафар ятимони кулл, 54 нафар кормандони донишгоҳ, 6 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 4 нафар омӯзгороне, ки барои иштироки шогирдонашон дар озмун саҳм доштанд, кумаки пулӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба 2 нафар ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” кумаки пулӣ расонид.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷ. Балхӣ 8 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳритус 12 ҳазор сомонӣ кумак расонда шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ