Паёмҳои Президент – таҳкимбахши сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 405
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кардаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи кишвар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои номбаргардида собит менамоянд, ки дар таърихи башарият онҳо аз арзишҳои дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони кишварро муҳим дониста, 9-уми апрели соли 1997, № 691 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа силсилатадбирҳои мақсаднокро андешида, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари банақшагирии стратегиро қабул кардааст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999, №2, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми августи соли 1997, № 383, дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми июни соли 2001, № 272 ва «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3-юми декабри соли 2012, № 678 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 25-уми апрели соли 2008 яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар таъкид шуд. Чуноне Роҳбари давлат қайд намуданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Президенти кишвар дар ин Паём пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳия ва қабул намудани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ кардани он амалӣ гардад.
Дар натиҷа, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, №253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ шуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22-юми декабри соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ гардид, ки дар он боби 5 ба масъалаи сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Инчунин, дар консепсия қайд шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии кишвар маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 чунин таъкид ба амал оварда шуд: «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад».
Дарвоқеъ, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ гарданд.
Дар Паёми фавқуззикр Сардори давлат бинобар ба охир расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» лозим шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.
Ҳамин тариқ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030» тасдиқ гардид. Ин барнома дар шароити кунунӣ аҳаммиятнок буда, мебояд, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории мамлакат дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ карда, ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Зеро баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 таъкид намуданд:
«Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Дар Паёми мазкур Сарвари давлат оид ба қабули Конститутсия ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа сухан ронда, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Ҳамин тавр, баҳри амалӣ кардани талаботи Паёми навбатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023, №668 қабул гардид, ки мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Дар иртибот ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мешуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ Тафсири нави илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шавад.
Хулоса, эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона гардидааст.
Фирӯз Сайнозимзода,
номзади илмҳои
ҳуқуқшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...