Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хуб арзёбӣ гардид


Фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хуб арзёбӣ гардид




Тақвият бахшидани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи ташаббусҳо таҳти унвонҳои “Якҷоя месозем!”, “ҲХДТ — ҳизби созандаву бунёдкор!”, пешниҳоди матлабҳои таҳлилӣ ба нашрияи Марказии “Минбари халқ”, ҷалби шаҳрвандон барои кор дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», вусъат бахшидани чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи самараноки замин, дастрасии сокинон ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз ҷумлаи корҳои анҷомдода ва ҳамзамон дар ҳоли иҷро қарордошта мебошанд. Ин матлаб дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин кумита дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баён гардид. Дар ин хусус шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд. 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Наврӯз барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии таъсиси ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят 2 ҳазору 847 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дар амалисозии ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳми арзанда доранд. Нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он дар семоҳаи якуми соли 2024 дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ гардиданд.

Изҳор гардид, ки агар ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои миллат сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта, 30-солагии таъсиси ин ҳизби пешбарандаи ҷомеаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигирем.

Баъд аз баррасии масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Чун анъана ҳар семоҳа тибқи рейтинги ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи фаъол қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин семоҳа ҷойи сеюм насиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён гардида, ҷойи дуюм ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва ҷойи якум бо “Ҷоми сайёр” ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дода шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода