Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Бахт» ба оилаи мо бахт дод


«Бахт» ба оилаи мо бахт дод



Мусоҳибаи рӯзномаи «Хатлон» бо устоди рақс, сарбалетмейстери Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Ойимгул Давлатова.

-Рақс дар ҳаёти Шумо чӣ нақш ва ҷойгоҳе дорад?

-Рақс тарбияи эстетикии инсон аст, барои обутоб ёфтани инсон кумак мекунад. Ман дар оилае, ки ҳама ба соҳаи фарҳанг сару кор доштанд, ба воя расидаам. Мо дар оила 10 фарзанд будем. Модарам Моҳгул Давлатова дутор навохта суруд мехонд ва мо-фарзандон, таҳти навои ў мерақсидем. Бар замми ин, тавассути телевизион намоиши рақсҳоро тамошо мекардаму зиёдтар мафтуни ин навъи санъат мешудам. Аз онҳо ба худ чизе мегирифтам. Волидон ин шавқу ҳаваси маро дида мегуфтанд, ки ҳатман ту  бояд раққосаи саҳнаи касбӣ шавӣ. Барои ин ба Донишкадаи санъат дохил шуда, нозукии онро бояд омӯхт. Бо дуои неки падару модарам ман ба донишкадаи санъат дохил шуда, санъати рақсро аз худ кардам.

Модарам таҳрикдиҳандаи асосии завқи ман нисбат ба ин касб буд.

-Нахустин рақси худро дар саҳнаи касбӣ ба ёд доред?

-Бале. Аввалин маротиба дар синфи дуюм мехондам ва рақси ман дар барномае дар студияи телевизионӣ ба навор гирифта шуда буд. Аз сабабе, ки студия пур аз ноқилу дастгоҳҳои банаворгирӣ буд, тарсида, аз он ки мабодо ягонтоашро зер накунам, рақсро бо як азоб иҷро намудам.

-Дар гузашта ансамбли оилавии Давлатовҳо бо номи “Бахт” машҳури Тоҷикистон шуда буд. Аз таърихи он маълумот медодед.

-27 нафар аз оилаи мофарзандону келинҳо, домоду набераҳо аъзои асосии ансамбли “Бахт” буданд. Мо дар ҳамин ҳайат се маротиба дар шаҳри Москва дар озмунҳои эҷодӣ иштирок намуда, ҷойи дуюмро ишғол карда будем. Дар ин ансамбл ҳар яке вазифаи худро иҷро мекард. Яке месароид, дигаре менавохт, сеюмӣ мерақсид...

-Ансамбли “Бахт” якбора фаъолияташро қатъ кард. Сабаб чӣ буд?

-Пеш аз ҳама, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии кишвар. Яке аз аъзои асосии ансамбли оилавии мо, бародарам Раҳмоналӣ дар ин ҷанг кушта шуд. Дар ҳамин баробар қувваи асосӣ ва такягоҳи мо - модарам низ фавтиданд. Баъд аз ин раванди парокандашавии ансамбл оғоз гардид. Аъзои он дигар хоҳиши фаъолият карданро надоштанд.

-Оё Шумо нияти дубора эҳё кардани ансамблро надоред?

-Рости гап, намедонам. Борҳо сари ин мавзуъ суҳбатҳо доштем. Аммо, ҳеҷ не, ки кор аз суҳбат ба амал гузарад. Зеро имрӯз аъзои ансамбл парокандаанд.

-Ба назари Шумо, имрӯз санъати рақси тоҷик дар кадом вазъ қарор дорад?

-Гуфтан лозим аст, ки ҳолати кунунии рақси тоҷик ташвишовар аст. Сафи онҳое, ки содиқ ба касби хеш бошанд, рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Имрӯз ҷавонон ба ин касб он қадар майле надоранд.

Агар аз таҳти дил кор карда, ба касб содиқ бошӣ, он туро ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад. Бисёре аз ҷавонон саб-ру тоқат надоранд. Мехоҳанд яку якбора машҳуру шинохта гарданд ва соҳиби ҳама чиз шаванд. Аммо ин номумкин аст. Барои соҳиби номи нек шудан бояд меҳнат кунӣ, заҳмат кашӣ, касбро дӯст дорӣ, баъд натиҷаашро мебинӣ.

-Пас, чӣ бояд кард, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб зиёд шавад?

-Пеш аз ҳама, тарбия бояд кард. То ҷое ман медонам, дар мактабҳои хориҷа ба толибилмон аз хурдӣ дарсҳои рақс меомӯзанд. Аммо ин таҷриба дар мо нест. Дар мактабҳои миёнаи мо дарсҳои санъати тасвирӣ, таълими меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ ҳаст. Вале барои ман муаммост, ки чаро дарси рақс нест? Мо имрӯз ҷавононе надорем, ки фирефта ва фидоии ин касб бошанд.

-Шумо яке аз ташкилкунандгони ансамбли рақсии “Ситора”-и шаҳри Бохтар будед. Имрӯз “Ситора” дар чӣ ҳол аст?

- Дар ҳақиқат, бо дастгирии собиқ раиси шаҳри Бохтар мо ансамбли рақсии “Ситора”-ро ташкил намуда будем. Он дар муддати кӯтоҳ ба яке аз ансаблҳои пуриқтидори вилояти Хатлон табдил ёфт. Мо тавонистем, ки шумораи зиёди ҷавонони соҳибистеъдодро ҷалб намоем.

Аммо бо гузашти чанд вақт ба “Ситора” таваҷҷуҳ кам шуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, он имрӯз фаъолияти хуб дорад.

-Тафовут ва бартарии рақси занона аз мардона дар чист? Ва баръакс.

-Рақси занона бояд дар ҷойи зарурӣ шарму ҳаё, дар ҷое нозу карашма, дар ҷойи дигар қошпаронӣ ва дигар нозукиҳоро дошта бошад. Дар рақси мардона бояд бинанда ҷиҳати мардигарии онро эҳсос кунад.

Мутаассифона, вақтҳои охир дар саҳнаҳои мо ҳангоми рақсҳои мардона иҷрокунандагон характерҳои занона нишон медиҳанд, ки ин хатост. Инро халқи мо қабул намекунад. Мард бояд мардона рақс кунад, зӯру тавоноӣ, хислати мардонаро нишон диҳад.

Як мисол, вақте ки рақсҳои мардуми Қафқозро тамошо мекунед, худ эҳсос мекунед, ки фарқият дар чист. Занон нозукона, оҳиста, бо ишва ҳаракат мекунанд. Мардон бошанд, бо виқор, бо овози баланд, бо қомати рост, бо шамшер, оташ ва ғайра. Агар шахсе ки нахустин маротиба рақси мардонаи қафқозиро аз наздик бинад, ҳатман ӯро як эҳсосоти фавқулода фаро мегирад. Ана инро таъсир, бартарият ва фарқияти рақс мегӯянд.

-Метавон гуфт, ки рақси мардонаи тоҷикӣ имрӯз аз байн рафта истодааст?

-Мутаассифона, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ҳоло каму беш рақсҳои мардона ва хусусиятҳои мардонаи рақс дар Бадахшон мушоҳида мешавад. Дар Душанбе, дар ансабли “Лола” раққосҳо ҳастанд. Аммо дар “Ситора” бошад, қисми зиёди ҷавонписарон корро партофта рафтанд.

-Коршиносон ба он назаранд, ки мо имрӯз дар санъати рақси тоҷик ба мисли Ғ. Валаматзода, М. Қаландарова, М. Собирова, З. Аминзода, Х. Ватанова барин чеҳраҳо надорем. Оё ба ин андеша розиед?

-Агар ҷустуҷӯ кунем, ҳаст. Танҳо онҳоро кашф ва дастгирӣ карда, муаррифӣ намудан лозим аст.

-Фарқият миёни раққосаҳои касбӣ ва ба истилоҳ “тӯйгард” дар чист?

-Мутаассифона, он чизе, ки Шумо қайд кардед, дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад. Ин шармовар аст, ин паст задани санъат аст. Баъзан тавассути интернет наворҳоеро аз тӯйҳо мебинам, боварам намеояд, ки духтари тоҷик ба чунин амалҳо қодир бошад. Он амалу ҳаракатҳое, ки баъзеи онҳо дар тӯй мекунанд, ба ягон чаҳорчӯбаи ахлоқ рост намеояд. Раққосаҳои касбӣ ба чунин амалҳо роҳ намедиҳанд.

-Пас, чӣ бояд кард, ки чунин ҳолатҳо аз байн раванд?

-Медонед, бадии кор дар он аст, ки қисми зиёди мардум онҳоро қабул доранду амали онҳоро дастгирӣ мекунанд. Баъзеашон боз чунин “рафторҳо”-ро сабт карда, оммавӣ мегардонанд. Онҳо фикр намекунанд, ки пас аз 10-20 сол он зан модару он мард падар мешавад. Онҳо фардо ба фарзандон ин амали худро чӣ гуна мефаҳмонанд, намедонам.

-Барои рақс чӣ муҳим аст: мусиқӣ, ҳаракат, либос ё ҳар се?

-Ҳамаи онҳо муҳиманд. Пеш аз ҳама симои зебо, қаду қомати расо, шунавоии мусиқӣ доштан, ҷисман обутобёфта, ҳаракатҳои аниқу дақиқ иҷро кардан муҳим аст. Баъдан, касбияту дарки касбӣ доштан нақши худро мегузорад.

-Солҳои зиёдест, ки Шумо дар Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҳайси сарбалетмейстер фаъолият доред. Оё барои раққосаи касбӣ кор кардан бо ҳунармандон душвор нест?

-Дар ин ҷо бештар бо ҳунарпешагон сару кор дорам. Табиист, ки синну соли онҳо гуногун аст. Лозим аст, вобаста ба синну соли онҳо, нақши офаридаистода, тавоноӣ ва иқтидори онҳо амалҳои рақсиро интихоб карда омӯзонем. 

-Фарҷоми сухан аз Шумо.

-Дар фарҷом мехостам, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии кормандони соҳаи фарҳанг миннатдории худро баён намоям. Маҳз дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат буд, ки мо имрӯз дар Тоҷикистони ободу озод ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва фаъолият намуда истодаем.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

-Саломат бошед!

Т. ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода